“Имрӯз дар давраи ба ном истиқлол шахсоне аз ҳисоби миллат сарватманд шудаанд, ки дороии калони ҳангуфт ва даромади ҳаррӯзаи бузург доранд, ки яко яки онҳо қудрат ва тавоноии сохтани НБО-ҳои хурд дар дарёи Зарафшонро доранд. Аз онҳо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки ба нерӯгоҳи Роғун чашм ало накунед, балки ба сохтани нерӯгоҳҳои хурд рӯй оваред! Аввалан, ҷои корӣ ташкил мекунед ва дар ояндаи наздик даромади беназирро ба даст меоред. Ва барои насли ояндаи худ, корхонаи истеҳсолкунандаи барқ ва заминҳои зиёди обёришавандаро мерос мегузоред…”
(Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи Тоҷик”-ро кӣ ғорат мекунад? (5))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (39)
Дар назар аст, ки дар дарёчаҳои Бадахшон НБО-ҳои “Себзор”, “Санобод” ва “Сарез” сохта ва ба истифода дода шавад. Вале бунёди нерӯгоҳи “Сарез” кори саҳле нест.
Барои таъмин намудани аҳолии вилояти Суғд бо қувваи барқ, дар кулли ноҳияҳо аз нерӯи барқи офтобӣ, бодӣ ва якчандто НБО-ҳо дар дарёи Зарафшон ва ҳамчунин сохтани обанборҳо ва интиқоли як қисми оби дарёи Зарафшон ба ноҳияи Деваштич, ба роҳ андохта шавад, то ки сол аз сол таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ рӯ ба беҳбудӣ ниҳад.
Хонандагони азиз!
Зарур донистам, ки якчанд ҷумларо, такрор шавад ҳам, дар шакли кӯтоҳ бознашр намоям.
Аз ҳисоби оби интиқолшудаи дарёи Зарафшон, дар ноҳияи Деваштич якчандто нерӯгоҳҳои хурд бо обанборҳояш сохта шуда, заминҳои ҳосилхези солҳои сол бекорхобидаро обёрӣ намуда, дар он заминҳо кишти зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, обчакорӣ ва току боғдорӣ дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан васеъ карда шавад.
Аз ин ҳисоб аҳолии маҳаллиро метавон бо ҷои кор ва аҳолии вилоятро бо маҳсулоти кишоварзии тозаи экологӣ таъмин кард.
Дар шароити ноҳияҳои кӯҳӣ, вақте, ки қисмати болои обёрӣ карда мешавад, боз як қисми об дар қисмати поёнӣ, дар шакли чашмаҳо мебарояд ва бори дигар истифода бурда мешавад.
Нуқтаҳои аҳолинишини нав ба вуҷуд меояд, маҳалҳои аҳолинишини беоб ва ё камобро метавон бо оби нӯшокӣ таъмин намуд.
Барои амалӣ намудани ин лоиҳа, сармояҳои дохилӣ ва хориҷиро ҷалб кардан ба маврид аст.
Рӯзи 28-уми январи соли 2020, дар шаҳри Тошканд, оиди сохтани ду нерӯгоҳи обӣ дар дарёи Заравшон, гуфтугӯи гурӯҳи кории ду кишвар оғоз шуд.
Дар доираи лоиҳа қарор аст, дар марҳалаи аввал, нерӯгоҳи Ёвон бо иқтидори 140 МВт ва бо арзиши 282 миллион доллар сохта мешавад. Дар навбати дуюм, Фондарё бо иқтидори 135 МВт ва бо харҷи 270 миллион доллар бунёд карда мешавад. Ин ду нақшаи нерӯи барқӣ аз рӯи шартномаи байни давлатӣ бо бартарии саҳмияи Ӯзбекистон сохта шуда, ба истифода дода мешавад.
Пешниҳод мекунам, ки тақсими саҳмияҳо бояд бо бартарии Тоҷикистон, яъне 51% дар муқобили 49% бошад.
Сохтани ин нерӯгоҳҳо барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду авлавият дорад:
— аввалан, қувваи барқро Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифода мебарад;
— сониян, дар поёноби дарёи Зарафшон, вилоятҳои Самарқанд, Навоӣ ва Бухоро ҷойгир шудааст, ки дар фасли тирамоҳ, зимистон ва баҳор обҳои дар обанборҳо захирашуда дар фасли тобистон вилоятҳои зикршударо бо об таъмин намуда ва ба воситаи он ҳазорҳо гектар заминҳо обёрӣ карда мешавад.
Ҳоло дар давраи ба ном истиқлол, шахсоне аз ҳисоби давлат ва миллат сарватманд шудаанд, ки дороии калони ҳангуфт ва даромади ҳаррӯзаи бузург доранд, ки яко яки онҳо қудрат ва тавоноии сохтани НБО-ҳои хурд дар дарёи Зарафшонро доранд.
Аз онҳо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба нерӯгоҳи Роғун чашм ало накунед! Даст ба сохтани нерӯгоҳҳои хурд бизанед! Аввалан, ҷои корӣ ташкил мекунед ва дар ояндаи наздик даромади беназирро ба даст меоред. Ва барои насли ояндаи худ, корхонаи истеҳсолкунандаи барқ ва заминҳои зиёди обёришавандаро мерос мегузоред.
Боз роҳи дигари ҳалли мушкилии нерӯи барқ, ин, аҳолии вилоятро ба гази табиӣ таъмин намудан аст. Вақте, ки аҳолӣ ва истеҳсолот ба гази табиӣ таъмин карда мешавад, ҳазорҳо кВт/соат қувваи барқро сарфа намуда, на танҳо аҳолӣ ва истеҳсолот бо барқ таъмин мешавад, балки ҳатто бақияи он бо нархи арзанда ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад.
Ӯзбекистон аз Тоҷикистон барқ мегирад ва ба ивази барқ, барои талаби гази табиӣ ва ё таъмини аҳолӣ ба он, шартнома бастан магар мушкил аст?
Дар рӯзҳои 28 ва 29-уми сентябри соли 2020, таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ӯзбекистон, Абдуллоҳ Орифов, дар шаҳри Душанбе вохӯрии Комиссияи муштараки давлатӣ оиди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ баргузор гардид. Аз ҷумла Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳаҷми интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва нархи он, аз ҷумла, масъалаи ворид намудани гази табиӣ ба Тоҷикистон барои соли 2021 низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Мақсад худи вохӯрӣ не, балки пиёда кардани шартномаҳо дар амал бошад. Яъне Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯи мизи корӣ, нақшаи таъмини шаҳру ноҳияҳоро бо гази табиӣ ва нерӯи барқ дошта бошад.
Нақша ба омма дастрас ва мардум донад, ки кай бо гази табиӣ ва нерӯи барқ таъмин мешавад?!
Идома дорад