Салмон Султонзода, фаъоли сиёсӣ, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик (АОТ) ва фаъоли КШНГЗС, бо ишора ба кушодани парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигор, Анора Саркорова аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, бо баёни ин ки “ҳоло агар мо, тоҷикон як ҷомеаи солим медоштем, дар аввалин фурсат ба ин тасмими хукумат вокуниш нишон медодем”, баён доштааст: “Аммо сад афсӯс то ҳол на танҳо фаъолони шаҳрвандӣ, балки рӯзноманигорони тоҷик ҳам хомӯширо ихтиёр карданд, ки ин хеле нигаронкунанда аст.” Ҳамчунин, узви Шӯрои раҳбарии АОТ бо хитоб ба рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дархост кардааст: “Ба дифоъи як ҳамкасби худ бархезед! Анора танҳо аз ҳукуқи шумо дифоъ мекарду мегуфт, ӯ барои худаш чизе напурсид, мақсадаш танҳо пешрафти Тоҷикистон ва сарбаландии миллат аст, пас хомӯш набошед, садоятонро баланд кунед! Раҳмонов аз рӯзноманигорон даст бардор!”

Вай дар ёддоште дар Фейсбук, бо таъкид бар ин ки бо шунидани номи Анора Саркорова “пеши назарам як бонуи ҷасур, инсони шуҷоъ, дӯсти холис ва рӯзноманигори ҳирфаӣ меояд”, навишта: “Ман бо Анора Саркорова аз наздик шинос нестам, аммо вақте навиштаҳои ӯро мехонам ва ё сӯҳбати телефонӣ мекунам, гумон мекунам, ки дӯсти деринаи ман бошад.”
Султонзода дар идома, бо баёни ин ки “дар ҳарфҳои Анора хонанда метавонад як самимият ва меҳрро нисбат ба Тоҷикистон ва шаҳрвандони он пайдо кунад”, ёдовар шудааст: “Ҳеч шак надорам, ки Анора ба хурсандии ҳар як тоҷикистонӣ хурсанд мешавад ва ба рӯзҳои ғамангез ғамшарик аст.”
Вай афзудааст: “Аз рӯзе, ки матлабҳои ин рӯзноманигори ҳирфаиро дар интернет мехонам, назарам нисбат ба касби журналистика ва умуман ба ҷойгоҳи қалам дар ҷомеаи имрӯзаи мо дигар шуд. Алалхусус имрӯзҳо, ки дар Тоҷикистон режими ҳоким қадри қаламро ба сирф расониду касби журналистикаро ба яке аз касбҳои хатарнок табдил дод, будани афроде мисли Анора Саркорова хеле муҳим ва зарурист.”

Султонзода дар идома ба ин пурсиш, ки “барои чӣ журналистика касби хатарнок шуд”, сабаби онро чунин баён доштааст: “Чун сухани ҳақро навиштан ҳадди ақал фишори равонӣ ва ҷисмонӣ дар пай дорад ва ё ба зиндон мебарад ва ё ба қатл. Ва барои чӣ қадри қаламро ба сирф баробар гуфтам, чун аксари қаламбадастони имрӯзаи тоҷик худро зери ҳокимияти худкома қарор доданд ва қаламу забони онҳо танҳо барои мадҳу ситоиши як нафару тӯдаи атрофи он машғул аст.”
Вай дар идома бо ишора ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, хотирнишон кардааст: “Дирӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи озодии баён ҷашн гирифта шуд, аз ҷумла дар Тоҷикистон. Ҷаласаҳои калон бо зиёфатҳои зебо баргузор шуд, ҷомеаи қаламбадастони мо ва зиёиёни кишвар зиёфат доштанд, ҳол он ки даҳҳо ҳамкасбони онҳо паси панҷараи зиндони режими худкома қарор доранд.”
Султонзода бо ёдоварии ин ки “дар рӯзи 4-уми май, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар нашр шуд, ки ба рӯзноманигор Анора Саркорова парвандаи ҷиноӣ боз карданд”, гуфт: “Агар пайгирӣ кунем, сабаби оғоз кардани парванда нисбат ба ин бонуи озода ва хастагинопазири тоҷик, фаъолияти касбии ӯ ва нигоҳи шаҳрванди ӯ буд. Мақсади Ҳукумати Тоҷикистон бастани даҳони мардум ва маҳдуд кардани озодии баён аст. Ин рафтори режими Раҳмонов нишонаи равшани фишор болои рӯзноманигорон ва ВАО аст.”
Вай афзуда: “Ман ҳамчун як тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон, чунин муносибати Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба рӯзноманигор, Анора Саркороваро маҳкум мекунам. Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи парванда боз карда паси панҷара бурдани ин хел афроди шоиста мисли Анора Саркорова ва ё Муҳаммадалии Ҳаит ва даҳҳои дигар журналистон, мебоист онҳоро қадршиносӣ мекард ва таҷриба ва обрӯи онҳоро дар пешрафти Тоҷикистон истифода мебурд.”
Султонзода дар идома, бо баёни ин ки “ҳоло агар мо, тоҷикон як ҷомеаи солим медоштем, дар аввалин фурсат ба ин тасмими хукумат вокуниш мекардем”, баён доштааст: “Аммо сад афсӯс то ҳол на танҳо фаъолони шаҳрвандӣ, балки рӯзноманигорони тоҷик ҳам хомӯширо ихтиёр карданд, ки ин хеле нигаронкунанда аст.”
Узви Шӯрои раҳбарии АОТ дар поёни ёддошти худ, бо хитоб ба рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дархост кардааст: “Ба дифоъи як ҳамкасби худ бархезед! Анора танҳо аз ҳукуқи шумо дифоъ мекарду мегуфт, ӯ барои худаш чизе напурсид, мақсадаш танҳо пешрафти Тоҷикистон ва сарбаландии миллат аст, пас хомӯш набошед, садоятонро баланд кунед! Раҳмонов аз рӯзноманигорон даст бардор!”
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидгоҳ, Ҳуқуқи башар