Ахбори Анҷуман

Муҳиддин Кабирӣ: “Бисёре аз мухолифон мӯътақид шудаанд, чаро дигарон аз силоҳ барои расидан ба озодӣ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад?” – (Савт)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо баёни ин ки “то чанд соли пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар Тоҷикистон рад мешуд, аммо баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кардааст, тасреҳ кард: “Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина, назари аксари мухолифин тағйир карда, баъзе доираҳо суол мегузоранд, ки чаро русҳо ва украиниҳо аз силоҳ барои расидан ба озодӣ, каромат ва шарофати инсонии худ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад?” Кабирӣ таъкид кард: “Мо муборизаро бо роҳи мусолиматомез идома доданӣ ҳастем, аммо оппозитсияи тоҷик танҳо ПМТ нест.”

Ба гузориши сомонаи “Аздо.тв”, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар гуфтугӯ бо сомонаи ин шабака, бо ишора ба пайдо шудани хабари ташкили ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик дар дохили Тоҷикистон, таъкид кард, ки ин раванд табиӣ буда, дасти кори мақомоти амниятии тоҷик ё дасти нерӯҳои хориҷӣ нест. Вай гуфт, дер ё зуд ҳамин гуна эълонҳо ҳатман мешуданд.

Кабирӣ тасреҳ кард, ки дар байни ҷавонони мубориз ва нерӯҳои мухолифин ва ҳатто баъзе инсонҳое, ки то имрӯз зидди истифодаи силоҳ буданд, нафароне бар ин хулоса расидаанд, ки дигар муборизаи сирф сиёсӣ ва расонаиву дипломатӣ бо режими Раҳмон ҳеч натиҷае нахоҳад дод. Вай афзуд: “То чанд соли пеш истифодаи қувва ва силоҳ аз ҷониби аксарияти нерӯҳои сиёсии тоҷик, аз ҷумла ҲНИТ дар Тоҷикистон рад мешуд, аммо баъд аз ҳодисаҳои Украина ҷаҳон тағйир кард.

Раҳбари ПМТ бо баёни ин ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина назари аксари мухолифин тағйир кардааст, гуфт: “Баъзе доираҳо суол мегузоранд, ки чаро русҳо ва украиниҳо аз силоҳ барои расидан ба озодӣ, каромат ва шарофати инсонии худ истифода баранду тоҷик ҳаққи истифодаи онро надошта бошад? Ва истифодаи силоҳу нерӯ танҳо дар ихтиёри як тараф, яъне режими диктатории Раҳмон бошад, ки ӯ ҳар вақте бихоҳад ва чӣ хеле бихоҳад аз нерӯ истифода барад, аммо миллат дар муқобили ӯ халъи силоҳ шуда бошад ва нотавону ночиз бошад?

Кабирӣ таъкид кард: “Мо муборизаро бо роҳи мусолиматомез идома доданӣ ҳастем, аммо оппозитсияи тоҷик танҳо ПМТ нест.

Гуфтанист, Андрей Серенко, таҳлилгари рус, бо баёни ин ки мухолифони тоҷик қасд доранд, барои расидан ба ҳадафи худ, яъне сарнагун кардани режими Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз шеваҳои сиёсӣ, балки низомиро низ истифода баранд.

Бар асоси гузориши “Аздо.тв”, ин рӯзноманигори рус аз ҳеч гурӯҳи мухолифине мушаххас ном набурдааст, аммо бо такя ба манбааш бо номи “Умар”, ки худро намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик гуфтааст, менависад, ки “тасмим дар бораи гузаштан ба усулҳои ҳарбӣ рӯзи 4-май аз ҷониби гурӯҳе аз ҷонибдорони мухолифин, ки бефоида ва нокифоя будани усулҳои танҳо сиёсии муборизаро дарк мекунанд, гирифта шуд”.

Дар идома қайд гардидааст, ки бо бархе аз фармондеҳони собиқи “ИНОТ” ва “Фронти халқӣ”, ки зарурати тағйироти системавӣ дар Тоҷикистонро мехоҳанд, аллакай тавофуқот ҳосил шудааст.

Ба навиштаи Серенко “намояндаи ҷиноҳи низомии мухолифини тоҷик ваъда додааст, ки эъломияи сиёсӣ ва барномаи ҷиноҳи низомии мухолифони тоҷик то охири моҳи май ба нашр мерасад”.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s