Дидгоҳ

Русия, ки гази табииро аз Ӯзбекистон мехарад, бояд миқдори заруриро ба Тоҷикистон бидиҳад

“Банда дар яке аз ҷаласаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки соли 2004 баргузор шуда ва вазири вақти адлия, марҳум Халифабобо Ҳомидов дар он иштирок дошт, пешниҳод кардам, ки гази табиии Ӯзбекистонро Русия харидорӣ намуда истодааст. Оё намешавад, кишвари мо бо Русия оиди гази табиӣ шартнома бандад ва Русия гази табииро аз Ӯзбекистон харидорӣ намуда, бо як нархи мувофиқи тарафайн ба мо фурӯшад?.. Халифабобо Ҳомидов пурсида буд, ки гази табииро ба Русия бурда, пас ба Тоҷикистон меоранд? Вале марҳум, Ҷумъабой Ниёзов ислоҳ намуда, фаҳмонд, ки не, ба Русия намебаранд, балки гази табииро мехараду миқдори заруриро ба Тоҷикистон медиҳад… Чаро ин масъала то ҳол ҳалли худро намеёбад? Ва чаро масъалае, ки дар ҷаласаи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад, ҷиддӣ гирифта ва дар ҷаласаи ҳукуматӣ муҳокима карда намешавад? Мавлоно Саъдӣ гуфтаанд: Мангар ки кӣ мегӯяд // Бингар, ки чӣ мегӯяд…”

(Роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо маводди сӯхт (1))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (40)

Банда оиди яке аз масълаҳои муҳими рӯз, яъне оиди роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ ва гази табиӣ, танҳо дар соли 2020, дар сайти “Паём.нет” ва Facebook дар мавзӯи “Вазъи нерӯи барқ ва маводди сӯхт“назари худро иброз дошта будам.

Хонандагони азиз!

Дар инҷо аз он мақолаҳои нашршуда якчанд иқтибос бо иловаҳояш пешкаши шумо менамоям.

Даҳсолаҳост, ки Федератсияи Русия сӯзишвории бебаҳои гази табииро аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон бо миқдори хеле зиёд харидорӣ намуда, ба давлатҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо мефурӯшад.

Дар оянда Иттиҳоди Аврупо худ ният дорад, ки гази табиии Осиёи Марказиро ба восита баҳри Каспий, Озорбойҷон ва Гурҷистон ба Аврупо бикашад ва ё боз мумкин вариантҳои дигар ҳам пайдо шавад.

Ҷумҳурии Чин ҳам гази табиии Ӯзбекистону Туркманистонро бо се қубури А, Б, С аз қаламрави Ӯзбакистон ва Қазоқистон кашида ба кишвари худ мебарад.

Ҳукумати Чин ният дорад, ки аз Ҷумҳурии Туркманистон гази табиии қубури Д-ро аз қаламрави Тоҷикистон гузаронад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9000 гегтар ва ё аз ин зиёдтар заминро аз водии Ҳисор ва минтақаи Рашт ҷудо кардааст, ки гази табииро ба воситаи ин қаламрав ба Чин кашида мешавад.

Пешниҳод менамоям, ки дар шартномаи байни Тоҷикистону Чин нишон дода шавад, ки аз ҳисоби пули иҷораи замин аз қубури “Д“ як миқдори муайяни гази моеъ нишон дода шавад, то ки Тоҷикистон барои зарурати худ гази табииро ба ҷои пардохти пули иҷора бигирад.

Ба андешаи банда, саволе ба вуҷуд меояд, ки барои гузарондани гази табиӣ барои кишвари Чин, 9000 гектар заминро ҷудо кардед?

Магар худ муаммои замини киштро надорем?

Ба хотиратон нарасид, ки Шумо ҳам дар назди миллат масъулият доред?

Мардуми Тоҷикистон ҳам истифодаи гази табииро мехоҳад? Магар миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзандаро надорад? Экология ва табиат чӣ қадар вайрон мешавад номаълум.

Ё ин дар назди конҳои тиллою нуқра, заводи алюминий, замини Бадахшон заррае аст?!

Вале мо дар ҳамсоягии ин кишварҳо зиндагӣ мекунем ва дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ аз ин неъмати бебаҳо баҳра мебурдем, ҳоло бо айби кӣ қатъ шуд ва ин зарари моддӣ ва маънавии миллатро кӣ ҷуброн мекунад? Кӣ дар назди миллат ҷавоб медиҳад?

Банда дар яке аз ҷаласаҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилоятӣ, ки соли 2004 (яъне 18 сол қабл) баргузор шуда ва дар он вазири вақти адлияи ҷумҳурӣ, марҳум Халифабобо Ҳомидов иштирок дошт, пешниҳод намудам, ки гази табиии Ӯзбекистонро Русия харидорӣ намуда истодааст. Намешавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ҳукумати Русия оиди гази табиӣ шартнома бандад (ва дар он замон, хеле дӯсти наздик будем ва шарики стратегӣ ҳам ҳастем) ва Русия гази табииро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон харидорӣ намуда, бо як нархи мувофиқи тарафайн ба мо фурӯшад?

Халифабобо Ҳомидов ҷавоб медиҳад, ки гази табииро ба Русия бурда, пас ба Тоҷикистон меоранд? Вале марҳум Ҷумъабой Ниёзов ислоҳ намуда фаҳмонд, ки не! Ба Русия намебаранд, гази табииро мехараду миқдори заруриро ба Тоҷикистон медиҳад.

Хонандаи азиз! Худ андеша ва хулоса бароред!

Чаро ин масъала то ҳол ҳалли худро намеёбад? Ва чаро масъалае, ки дар ҷаласаи ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад, ҷиддӣ гирифта ва дар ҷаласаи ҳукуматӣ муҳокима карда намешавад?!

Мавлоно Саъдӣ гуфтаанд:

Мангар ки кӣ мегӯяд,

Бингар, ки чӣ мегӯяд.

Боз пешниҳод менамоям, масъулини Ҳукумат бояд фавран оиди ин масълаи муҳимми рӯз даст ба кор шавад.

Роҳҳои халосӣ аз ин бӯҳрони иқтисодиро ҷиддӣ гирифта ва бояд миллатро бо нерӯи барқ, гази табиӣ ва дигар намуди сӯзишворӣ бо нархи арзанда таъмин кард.

Як зарбумасали маъруф ҳаст, ки мегӯяд: “Бузакам намур, ки баҳор меояд.” Мутахассиси Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабиб Абдуллозода, соли 2021 дар робита ба болоравии маводди сӯхт ва равғани молиданӣ дар телевизиони “Тоҷикистон“ гуфт, ки сузишвории арзони истихроҷи гази табииро ба роҳ мемонанд. Дар давоми суханронии худ ӯ гуфт, ки дар ояндаи наздик истихроҷи гази табиӣ дар кишвар оғоз мешавад. Вале нагуфт, ки аз кадом кони гази табиӣ? Дар кадом нуқтаи кишвар ин кони гази табиӣ воқеъ аст? Кадом ширкати хориҷӣ кашф намудааст? Истихроҷ ва истеҳсоли он кай оғоз мешавад? Ва ё дурӯғи навбати аст?! Ва ё ба гӯши мардум угро меовезанд ва ғайраю ғайра.

Ба мутахассиси Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон менамоям, ки охири моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи “Чашмаи-1 “, маросими ба истифода додани гази табиии Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Директори ширкати таъминкунандаи гази табиӣ “Суғдиёнгаз“, Абдуҳаким Сӯфиев қайд карда буд, ки пеш аз ҳама ба корхонаҳо ва баъдан ба аҳолии маҳаллӣ гази табиӣ интиқол дода мешавад. Аммо бо гузашти беш аз 2 сол, мардум то ҳол ба сӯзишвории арзон дастрасӣ надоранд.

Мӯҳтарам мутахассис! Оиди ана ин масъала даст ба кор шавед!

Тоҷикистон ният дорад, рӯйхати кишварҳои воридкунандаи гази моеъро васеъ кунад. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Акнун ҷумҳурӣ аз Туркманистон ба микдори зиёд газ мегирад. Далер Ҷумъа таъкид кард, ки кишварҳо ахиран созишномае ба имзо расониданд, ки тибқи он Тоҷикистон метавонад бо миқдори номаҳдуд ин намуди сузишвориро бигирад. Воридот соли 2021 оғоз шуда, аз Туркманистон ба Тоҷикистон 5000 тонна гази моеъ ворид карда шуд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s