“Масъалаи дигаре, ки бояд шарҳ диҳем ин сабаби қимат шудани арзиши ангишт ва сабаби асосӣ хусусӣ гардонидани конҳо, миёнаравҳо ва роҳзанҳои роҳ аст. Бисёре аз конҳои ангишти Тоҷикистон кушод аст, бо харҷи кам истеҳсол карда мешавад. Вале роҳбарони конҳои хусусигардонидашуда бо ҳар роҳҳо нархи ангиштро боло бурда истодаанд. Чаро? Чунки роҳбарони конҳои ангишт шахсони як доира / гурӯҳ ҳастанд. Аз ин лиҳоз ман якчанд нуқтаро пешниҳод менамоям: а) конҳои, хусусигардонидашударо боз пас ба давлат гардонда шавад; б) дар ҷумҳурӣ нархи ягонаи ангишт ҷорӣ карда шавад; в) дар як сол як маротиба ба кормандони маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, серфарзандон ва пиронсолони бепарастор бо миқдори аз 1,5 то 2 тонна ангишт ройгон дода шавад…”
(Роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо маводди сӯхт (3))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (42)
Дар Тоҷикистон дар айни замон яке аз муҳимтарин маводди сӯхт ангишт ба шумор меравад. Захира ва конҳои ангишт дар чаҳор намуди аҳаммияти иқтисодидошта — яъне ангишти сиёҳтоб, ангиштсанг, ангишти коксдиҳанда ва ангишти антратсит — воқеъ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода бурда мешавад.
Дар Тоҷикистон 16 кон ва зуҳуроти ангишт вуҷуд дорад. Яъне конҳои ангишти Шӯроб, Фон — Яғноб, Моғиён, Киштут, Зиддӣ, Назар Айлоқ, Тошқӯан, Ҳакимӣ, Сайёд, Миёнаду, Шӯробод ва Қуртеппа воқеъ буда, захираи умумии он 4,5-5 млрд тоннаро ташкил медиҳад, ки он тахминан 41%-и ангишти Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.
Истихроҷи ангишт дар кишвар аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуда, то солҳои 2012-уми қарни ҷадид хеле кам истеҳсол мешуд. Вале баҳори соли 2012 Ҷумҳурии Ӯзбекистони бародар ва ҳамсоя бо сарварии президенти он, Ислом Каримов интиқоли гази табииро расман бо баҳонаи иқтисодӣ қатъ намуд. Лекин ба ҳама маълум буд, ки оҳанги сиёсӣ ва душманӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дошт. Яъне муносибати ду кишвари ҳамсояи дӯст ва бародар дар як фурсати кӯтоҳ аз ҳам ҷудо шуд. Ҳатто байни ин ду кишвар раводид ҷорӣ ва нақлиётҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан баста шуд. Муносибат то он дараҷа муташанниҷ шуд, ки нақлиётҳои транзитӣ, ки ба Тоҷикистон молу коло меоварданд, дар сарҳади Ӯзбекистон боз дошта шуд. Ҳатто барои ҳалли ин масъала раиси вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод вориди ҷараёни ҳалли он шуда буд.
Дар натиҷаи қатъ намудани гази табиӣ бисёре аз корхонаҳои ба гази табиӣ фаолиятдошта фаолияти худро қатъ намуданд, ҳатто бисёре аз онҳо муфлис шуда, коргарон бекор монданд ва иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназзул ниҳод. Дар ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2012 қонун “Дар бораи ангишт“ (ба сурати фаврӣ) бароварда шуд.
То замони қатъи гази табиӣ 130 корхонаҳои коркарди масолеҳи сохтмонӣ, металургӣ, семент, консерваҳои меваю сабзавот, шишабарорӣ ва ғайра бо гази табиӣ таъмин буд ва баъд аз қатъи гази табиӣ, то қадри имкон ба истифодаи ангишт гузаштанд, ки сабабгори афзоиши истихроҷи ангишт шуд.
Хамин тавр соли 2014 — 870 000 тонна, соли 2015 — 1 000 000 тонна, соли 2016 — 1 300 000 тонна, 2018 — 1 900 000 тонна, соли 2019 — 2 млн тонна ва дар 11 моҳи соли 2020 — 1 855 000 тонна ангишт истеҳсол шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2019 1% кам буд.
Мувофиқи нақша, бояд соли 2021 коркард ва истихроҷи он ба 3 млн тонна ва то соли 2030 ба 10 млн тонна расонда шавад.
Истихроҷи ангишт чӣ қадар зиёд нашуда бошад ҳам, арзиши он ба ҷои паст шудан боло рафт. Алҳол як килограмм ангишт дар вилояти Суғд бо ҳисоби миёна 1,4 сомонӣ ва як килограмм ангишти Сулюкта (Қирғизистон) 1,8 сомонӣ, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон як килограмм ангишти маҳаллӣ аз 1 то 1,5 сомонӣ ва ангишти Қирғизистон 2,5 сомонӣ, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ангишти маҳаллӣ 1,8 сомонӣ ва ангишти Қирғизистон 2 сомонӣ фурӯхта мешавад…
Дар ҷумҳурӣ 18 корхона бо истихроҷи ангишт машғул аст. Лекин қисми асосии ангиштро корхонаҳои “Фон — Яғноб“, “Талко ресурс“, ҶДММ “КМТ“, “Зиддеҳ“ ва ҶСК “Ангишт“ қариб 90%-и ангишти кишварро истеҳсол мекунанд.
Бо кӯмаки молии кишвари Чин, моҳи ноябри соли 2012 дар асоси базаи ангишти коксдиҳандаи Фон — Яғноб, сохтмони якуми Маркази барқи гармидиҳии (МБГ) “Душанбе-2“ оғоз шуд.
Ифтитоҳи якуми МБГ-и “Душанбе-2“ бо иқтидори умумии 100 МВт, моҳи январи соли 2014 доир гардид.
Моҳи сентябри соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Чин, Си Ҷинпин санги аввали сохтмони давраи дуюми МБГ-и “Душанбе-2“-ро бо иқтидори 300 МВт гузоштанд.
Арзиши умумии сохтмони давраи дуюми МБГ-и “Душанбе-2“ тахминан 350 млн долларро ташкил дод, ки 80%-и он ба сифати қарзи имтиёзнок аз тарафи Бонки “Эксимбонк“-и Чин ҷудо гардид.
Сохтмонро ширкати чинии “ТВЕА“ ба ӯҳдаи худ гирифт ва Маркази барқи гармидиҳии “Душанбе-2“ моҳи декабри соли 2016 ба истифода дода шуд.
Оиди ин ширкат дар мавзӯи “Саноати кӯҳӣ ва металлургияи ранга“ зикр карда будам, боз такроран қайд менамоям. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати чинӣ “ТВЕА“ ба ҷои маблағи масрафшуда ду кони тиллоӣ воқеъ дар ноҳияи Айнӣ, “Кумаргаи боло“ ва “Дуобаи Шарқӣ“-ро дод, ки ҳоло дар ин конҳо коркарди тилло рафта истодааст.
Ширкати чинӣ “ТВЕА“ дар рӯзномаҳои дохилии худ хабареро нашр намуд, ки дар он омадааст, дар сурати пардохт нашудани маблағи масрафшуда, аз ҳисоби ин ду кони тилло, боз ба як кони дигар ҳуқуқ дорад…
Боз яке аз муаммои имрӯза таъмини номуназзами аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд бо гарми ва нерӯи барқ аст. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, системаҳои гармидиҳӣ ғорат ва ё дуздида шуд.
Яъне қубурҳои гармидиҳиро канда гирифтанд, нуқтаҳо, иншоотҳо ва системаҳои гармкуниро фурӯхтанд, дар ҷои онҳо, хонаҳои истиқоматӣ, бозор ва дигар нуқтаҳои гармидиҳиро ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.
Сохтмонҳои гармкуни системаҳои гармидиҳӣ ҳатман ба давлат баргардонда барқарор карда шавад ё ки роҳҳои дигари барқарор намудани системаҳои гармидиҳиро ҷустуҷӯ карда шавад.
Вале масъулини Ҳукумати шаҳри Хуҷанд борҳо ваъда додаанд, ки дар шаҳри Хуҷанд Маркази барқи гармидиҳӣ (МБГ) сохта, ба истифода дода мешавад. Лекин тӯли 10-11 сол аст, ки аз нуқтаи сифр ба пеш ҳеҷ ҳаракате нест…
Банда оиди ин муаммо якчанд пешниҳодҳо дорам:
а) аввалан, аз Ҳукумати вилоятӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз ҳисоби буҷаи соли 2022-2023 як миқдори муайян маблағ ҷудо намуда, кор оғоз карда шавад. Ҳар коре, ки оғоз мешавад, ИншоАллоҳ, зуд ё дер ба интиҳо мерасад;
б) сониян, барои сохтмони МБГ-и шаҳри Хуҷанд соҳибкорони дохилиро ба ин кори хайр ҷалб карда шавад. Дар ояндаи наздик ин иншоот яке аз ҷои даромадноки шаҳр мешавад;
в) аз Ҳукумати ҷумҳурӣ талаб карда шавад, ки сохтмони МБГ-и шаҳри Хуҷандро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод кунанд.
Масъалаи дигаре, ки бояд шарҳ диҳем ин сабабгори қимат шудани арзиши ангишт, сабаби асосӣ хусусӣ гардонидани конҳо, миёнаравҳо ва роҳзанҳои роҳ аст. Бисёри конҳои ангишти Тоҷикистон кушод аст, бо харҷи кам истеҳсол карда мешавад. Вале роҳбарони конҳои хусусӣ гардонида шуда бо ҳар роҳҳо нархи ангиштро боло бурда истодаанд. Чаро?
Чунки роҳбарони конҳои ангишт шахсони як доира / гурӯҳ ҳастанд.
Аз ин лиҳоз ман якчанд нуқтаро пешниҳод менамоям:
а) конҳои, хусусигардонидашударо боз пас ба давлат гардонда шавад;
б) дар ҷумҳурӣ нархи ягонаи ангишт ҷорӣ карда шавад;
в) дар як сол як маротиба ба кормандони маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, серфарзандон ва пиронсолони бепарастор бо миқдори аз 1,5 то 2 тонна ангишт ройгон дода шавад.
Идома дорад