Дидгоҳ

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Ба қалами Пайрави Иқбол

Аз назар пӯшида нест, ки мардуми азизи Бадахшон аз ҷониби ҳукумати мусаллаҳи имрӯза таҳти фишор қарор доранд. Ҳоло муроҷиати ман ба зумраи ононе, ки имрӯз аз ҳолати Панҷшер ва ҷанги Русу Укроин пайдарпай менависанду сухан мегӯянд, аз ҷумла шахсоне, ки аҳли қалам ҳастанд ва дар шабакаи Фейсбук фаъолият менамояд.

Шумо имрӯз дар васфи Панҷшер ва миллати мазлуми Афғонистон дар мавзӯъи ишқу ошиқ шеърҳо эҷод менамоед:

Дар чаман боди хазони лоласӯз,

Шоирон аз ишқ мегӯянд ҳанӯз.

Мехоҳам бифаҳмам, ки чаро имрӯз дар масъалаи Бадахшон хомӯшед? Дар ҳоле, ки Бадахшон порае аз миллати мо ба ҳисоб меравад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки дар ин масъала хомӯширо бартараф намуда, бо қалам, шеър ва сухани худ аз мардуми мазлуму мотамзадаи Бадахшон ҳимоят намоед; чи тавре ки Қуръон мефармояд:

انّما المؤمنون إخوة

Ҷузъ ин нест, ки мӯминон бародаранд.” (Ҳуҷурот, ояти 10)

Расули Худо (с) фармуданд:

مَثَلُ الْمُؤمِنینَ فی تَوادِّهِمْ وَتَراحُمِهِمْ وَتَعاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ: اذَا اشْتَکی مِنْهُ عُضْوٌ تَداعی لَهُ سائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَر وَالْحُمّی

Масали мӯъминон дар дӯстӣ ва ибрози раҳмат ва отифа ба якдигар мисли пайкари воҳид аст. Ҳар гоҳ узве аз он дардманд шавад, дигар аъзои пайкар бо бехобӣ ва таб бо он узв ҳамдардӣ мекунанд.”

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Маро ин миллати бедор кунун дар ҳоли ҷавлон аст,

Варо имрӯз андар сина маъвои бузургон аст.

Бигӯ: то чанд дар зулмасту маъюсу парешонаст?!

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Маро аз Толибу аз ҳамлаи онон матарсонед,

Маро аз ҷамъи наҳси фитнапардозон матарсонед.

Маро аз тиру танки ин ситамгорон матарсонед,

Ман аз толиби худ тарсам, ки он ҳам дар Бадахшон аст!

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Ҳанӯзам шоирон аз ишқи дилбар шеър мегӯянд,

Даме аз миллати Афғону аз Панҷшер мегӯянд.

Асири рӯбаҳи пиранду худ аз шер мегӯянд.

Маро дар сина Панҷшерам Бадахшон аст!

Бадахшон ҷойи шерон аст!

Бадахшон Тоҷикистон аст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s