
Бадахшон Тоҷикистон аст!
Маро ин миллати бедор кунун дар ҳоли ҷавлон аст,
Варо имрӯз андар сина маъвои бузургон аст.
Бигӯ: то чанд дар зулмасту маъюсу парешон аст?!
Бадахшон Тоҷикистон аст!
Бадахшон Тоҷикистон аст!
Маро аз Толибу аз ҳамлаи онон матарсонед,
Маро аз ҷамъи наҳси фитнапардозон матарсонед.
Маро аз тиру танки ин ситамгорон матарсонед,
Ман аз толиби худ тарсам, ки он ҳам дар Бадахшон аст!
Бадахшон Тоҷикистон аст!
Ҳанӯзам шоирон аз ишқи дилбар шеър мегӯянд,
Даме аз миллати Афғону аз Панҷшер мегӯянд.
Асири рӯбаҳи пиранду худ аз шер мегӯянд.
Маро дар сина Панҷшерам Бадахшон аст!
Бадахшон ҷойи шерон аст!
Бадахшон Тоҷикистон аст!
(Пайрави Иқбол)
Рубрики:Адабиёт, Ахбори Анҷуман