
Мариус Фассум (Marius Fossum), намояндаи Кумитаи Норвегии Хелсиники, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намуд, “бояд ба ҳуқуқи гирдиҳамоиҳои мусолиматомез эҳтиром бигузоранд”.
Вай ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон дархост намуд, “амнияти ҳамаи эътирозгарони мусолиматомез дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-ро кафолат диҳанд ва фавран саркӯби шадиди ҳаракати эътирозии мусолиматомезро бас кунанд.”
Гуфтанист, мардуми Бадахшон имрӯз (17.05.2022) дар майдони марказии Хоруғ ҷамъ шуданд, аммо низомиён бо истифода аз гази ашковар парокандаашон кардаанд.
Радиои Озодӣ бо истинод ба манобеи худ гузориш кард, ба сабаби он ки пас аз эътирози 16-уми май интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас шуда, хатти телефон мушкил пайдо кардааст, гирифтани аксу навор муяссар нашуд.
Ҳамсӯҳбати ин расона дар Хоруғ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: “Низомиён мошинҳоеро, ки имрӯз аз Душанбе ба Хоруғ расиданд, дар назди фурудгоҳ дошта, ба дохили шаҳр роҳ надоданд.”
Хабарнигори ин расона гуфт: “Мақомот дар Бадахшон ба зангҳои мо посух намедиҳанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми май гуфт, дар эътирози як рӯз пеш дар Хоруғ як сокини маҳаллӣ кушта ва се маъмури милиса захмӣ шудаанд.”
Ҳамчунин дар бархӯрди мақомот бо эътирозгарон, ки аз гази ашковару тирҳои резинӣ истифода шудааст, чандин нафар маҷрӯҳ шуданд, вале мақомот чизе нагуфтанд.
Ин ҳодиса пас аз он рӯй дод, ки мақомот баррасии чанд талаби сокинони норозӣ, аз ҷумла дар бораи истеъфои ду мансабдори маҳаллиро напазируфтанд.
Рубрики:Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқи башар