Ахбори Анҷуман

ПМТ аз ҳамаи мардуми Тоҷикистон хост, аз муборизаи мардуми Бадахшон ҳимоят кунанд

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), эътилофи нерӯҳои опоситсияи тоҷик, аз мардуми ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дархост кард, “аз муборизаи мардуми қаҳрамони Бадахшон ҳимоят намоянд”. Ҳамчунин ПМТ аз нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиён даъват кард, то “бо дарки ҳисси ватандӯстӣ, аз авомиру фармонҳои раҳбарони худ сарпечӣ кунанд ва алайҳи ҳамватанони худ дар Бадахшон тир накушоянд ва дасти худро ба хуни онҳо олуда накунанду дар ҷиноятҳои хонаводаи Раҳмон шарик нашаванд.”

Машрӯҳи баёнияи ПМТ ба шарҳи зерин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон истифода аз силоҳ ва саркӯби тазоҳургарон дар шаҳри Хоруғ, ки бар асоси гузоришҳо ҳадди ақал мунҷар ба қатли 2 нафар ва захмӣ шудани чандин нафари дигар шуд, шадидан маҳкум намуда, ҳимояти комили худро аз мардуми Бадахшон изҳор медорад.

Паймони Миллӣ аз мардуми ҳамаи минтақаҳои кишвар дархост менамояд, ки аз муборизаи мардуми қаҳрамони Бадахшон ҳимоят намоянд.

Аз нигоҳи ПМТ, изҳороти ахири Додситонии вилояти Бадахшон ва эълони муҷозот алайҳи ширкаткунандагони тазоҳурот на танҳо дурӯғ ва иттиҳомоти беасоси мақомоти тоҷик алайҳи мардуми Бадахшонро бармало мекунад, балки додситонии вилоят бо ин изҳороташ ба мақомоти қудратӣ иҷозаи истифода аз силоҳ зидди тазоҳургаронро медиҳад, ки ин ҷиноят алайҳи башарият, махсусан алайҳи ҳамватанони худ, мебошад.

Паймони Миллии Тоҷикистон аз тамоми нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва низомиён даъват менамояд, ки бо дарки ҳисси ватандӯстӣ, аз авомиру фармонҳои раҳбарони худ сарпечӣ кунанд ва алайҳи ҳамватанони худ дар Бадахшон тир накушоянд ва дасти худро ба хуни онҳо олуда накунанду дар ҷиноятҳои хонаводаи Раҳмон шарик нашаванд.

Паймони Миллӣ аз тамоми кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ талаб мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз куштор ва саркуби мардуми Бадахшон талош намуда, барои расидан ба хостаҳои қонунии онҳо мусоидат намоянд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

17.05.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s