Андеша

Хун, ашк ва хашм дар Хоруғ

Мақолае дар пойгоҳи Global Voices

Як зани помирӣ дар бораи ситамҳо ва фишорҳои ҳукумат дар шарқи Тоҷикистон мегӯяд.

Навишташуда аз сӯи GV Central Asia and Caucasus

Дар 25 ноябри 2021 ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шарқи Тоҷикистон таҷаммӯъ ва ба кушта шудани Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар деҳаи Тавдем ба дасти нерӯҳои амниятӣ эътироз карданд. Дар 26 ноябр нерӯҳои амниятӣ ба сӯи мӯътаризон тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа ду нафар кушта ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд. Ин минтақа, ки бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ҳаммарз аст, маҳалли зиндагии ақаллияти қавми помирӣ аст, ки бар хилофи аксари тоҷикҳо, онҳо исмоилӣ – шохае аз мазҳаби шиъа ҳастанд. Он чи дар идома меояд, гузорише аз як зани помирӣ ба номи Ноза аст. Ноза дар ин гузориш, аз ширкати худ дар тазоҳурот мегӯяд, ки чаҳор рӯз тӯл кашид ва ду нафар дар он ҷон бохтанд; дар минтақае, ки даҳаҳо шоҳиди хушунат ва зулм будааст.

Бо шурӯъи эътирозот, Ноза тасмим гирифт, то Душанбе, пойтахтро тарк кунад ва ба Помир биравад. Ӯ бе он ки барои сафар омода шуда бошад ё либоси гарм бигирад, онҷоро тарк кард. Ӯ фақат нигоҳе ба фарзандонаш андохт, ки саъй карданд, монеъ аз сафари ӯ ба онҷо шаванд, аммо беҳуда буд. Ингуна буд, ки Ноза ба самти Хоруғ рафт ва ҷомадон ва либосашро ҳам дар роҳ гум кард. Ӯ пас аз як моҳ достони худро бо ман дар миён гузошт.

Достони Ноза

Охирҳои аср ба Хоруғ расидам, то субҳи рӯзи баъд ба тазоҳурот бипайвандам. Дар роҳ бо нерӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шудам, ки майдони Сомонӣ дар хиёбони марказиро муҳосира карда буданд. Дар нигоҳи аввал, онҳо бисёр тарснок ба назар мерасиданд; бо кулоҳҳои эминӣ, бронежилетҳо ва аслиҳа. Вале бештар диққат кардам ва чашмам ба марди ҷавоне афтод, ки маълум буд, худаш ҳам намедонад, чаро онҷо истодааст. Дилам барои ин сарбози бечора сӯхт. Мутмаиннан, онҳо ҳанӯз бачча буданд ва ҳатто фикр намекарданд, ки чаро бояд онҷо биистанд ва ба тарафи афроди ғайримусаллаҳ шиллик кунанд.

Тазоҳурот на чандон дур аз хонаи ман баргузор шуд. Субҳи зуд буд, хеле сард буд, аммо аз қабл ҷамъияти зиёде гирд омада буданд. Чеҳраи бархе аз онҳо сиёҳ шуда буд, зеро тамоми шаб баллонҳои мошинро сӯхта буданд. Ман шахсан фақат чанд нафар аз онҳоро мешинохтам, аммо бо ин ҳама эҳсос кардам, ки бахше аз онҳо ҳастам; ҳама бо ғаму андӯҳ барои қатли Гулбиддин, Тӯтишо ва Гулназар ва ҳамчунин барои касоне, ки ба шиддат маҷрӯҳ шуда ва дар бемористон буданд, муттаҳид шуда будем.

Ҷасади шаҳид пушти минбар дароз хобонда шуд буд. Ин охирин адои эҳтиром ба мардони ҷавоне буд, ки ба дасти нерӯҳои амниятӣ ҷон бохтаанд. Марди ҷавоне бо кулоҳи мишкӣ ба ман гуфт:

Ин ҳолат чанд сол аст, ки идома дорад, ба ҳадде, ки бе ягон муҳокима ва таҳқиқ ҷавонони боистеъдоде тирборон мешаванд, зиндонӣ мешаванд. Солҳои зиёд аст, ки мардумро дар тарс нигаҳ медоранд, солмандон аз фишори хун ва ҳамлаи қалб ранҷ мебаранд. Аз ин гузашта, ҳатто қадимиҳо ҳам наметавонистанд бовар кунанд, ки дар рӯзи равшан мақомот метавонанд марди маҷрӯҳеро, ки бо таноб даври гарданаш рӯи замин кашидаанд, ба тарзи ваҳшиёнае ба қатл бирасонанд.”

Мардум яке-яке болои минбар мерафтанд ва сухан мегуфтанд ва дили худро холӣ мекарданд, чун ба назар мерасид, хашмашон ба поён намерасид. Дар ҳар суханронӣ мақомотеро, ки дар маросим ҳузур надоштанд, садо мекарданд:

Қонун куҷост? Адолат куҷост?

Ман дарди он мардумро эҳсос мекардам, дар сарнавишти сахтӣ ва зарари бепоён дар Помир шарик шудам. Ҳамаи онҳо аз бадтарин шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва бекорӣ хаста шуда буданд, аммо бо ин вуҷуд руҳияи худро боло нигаҳ медоштанд. Он мардуми саркӯбшуда аммо шуҷоъ, тазоҳурот карданд ва посухи мақомотро ба хотири ин ҳама беқонунӣ ва нобаробарӣ, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ ва бо ҳамдастии мақомот дар Помир анҷом шуда буд, хостанд.

Ҳамаи онҳо аз адолат сӯҳбат мекарданд, ҳама мусаммам буданд, то охир биистанд ва барои ҳуқуқи худ, барои иҷрои қонун ва назм мубориза кунанд. Марди ҷавоне ба номи Шариф ноумедона ва на бидуни хашм, саъй мекард, ҳамаро мутақоъид кунад, ки куштани мардум бидуни муҳокима ва таҳқиқ иштибоҳ аст ва Тоҷикистон як кишвари дунявӣ, демукротик ва дорои Қонуни асосӣ аст. Шариф наметавонист фикр кунад, ки инҳо фақат суханони пуч ва беҳуда аст ё ҳатто агар фикр мекард, наметавонист қабул кунад ва бо он канор биёяд.

Занони зиёде дар ин тазоҳурот ҳузур доштанд. Ҳамаи онҳо дар канори бародарон, шавҳарон, падарон ё писарони худ истода буданд, зеро медонистанд, ки ҳеч кас аз ин навъ беқонунӣ дар амон нест. Ҳар касе метавонад кушта шавад, ҳар касе метавонад тавассути нерӯҳои амниятӣ як ҷинояткор эълон шавад, бидуни ҳеч гуна таҳқиқ ё муҳокима. Чеҳраи ин занон варам карда ва чашмонашон аз гиря сурх шуда буд. Фикр мекардам: “Чӣ касе дар миёни ҳукуматиҳо парво дорад, ки мардум дар чунин ҳавои сард ҳамчунон мунтазири ҳалли мушкилоташон ҳастанд?!

Шаҳрвандони бештаре аз Рушон (ғарби ВМКБ), Гунд, Ишқошим (ҷануби ВМКБ) меомаданд ва ба тазоҳурот мепайвастанд, то аз модароне, ки писаронашон кушта шуда буданд, ҳимоят кунанд. Ман то посе аз ғуруб дар таҷаммӯъ истодам, дар ҳоле, ки мардон исрор мекарданд, ки ба хона биравам. Ҳаво -8°С буд. Онҳое, ки тамоми шабро онҷо монданд, барои гарм шудан оташ равшан карданд.

Ва бо ин ки ҳаво ҳанӯз торик буд, соати 5 субҳи рӯзи баъд ба самти майдон рафтам. Он шаб аслан хобам намебурд, зеро нерӯҳои амниятӣ мардуми онҷоро таҳдид ба ҳамла мекарданд. Бо ин ҳол, дар майдон ҳама чиз ба суръат пеш мерафт ва занони бештаре шурӯъ ба омадан карданд. Як нафар гуфт, ки раиси вилоят меояд, то бо мӯътаризон сӯҳбат кунад. Аз ҷавононе, ки дар тазоҳурот довталабона ҳузур доштанд, хоста шуд, ки майдонро аз сангҳо тоза кунанд, бо вуҷуди ин ки пок буд. Пеш аз ин, садҳо бор ба мардум ҳушдор дода шуда буд, ки ҳангоми берун омадан, вокуниши эҳсосӣ нишон надиҳанд.

Ман ҳам мисли бақия интизор доштам, ки раиси вилоят узрхоҳӣ мекунад ва модаронеро, ки писаронашонро аз даст додаанд дар оғӯш мегирад ва аз онҳо дилҷӯӣ мекунад. Аммо раиси вилоят ва ҳамроҳонаш бо шакли бисёр ороста берун омаданд ва чунон мутакаббирона бар минбар истоданд, ки одам ҳайрон мешавад. Мардум шурӯъ ба шиор сар додан карданд: “Истеъфо! Истеъфо!

Ман аз шунидани сухане аз Мирзонаботов, ки комилан мутафовит бо он чи ҳамаи мо аз ӯ интизор доштем, воқеан ҳайратзада шудам. Сӯҳбатҳои Алишер Мирзонаботов, раиси ВМКБ-ро дақиқан ба хотир надорам, аммо хулосаи гапаш ин буд, ки роҳҳоро шумо масдуд кардаед ва мошинҳо наметавонанд убур кунанд ва кори шумо боис шуд, ки қимати маҳсулот дар бозор афзоиш ёбад. Ӯ аз ҳамаи мо хост, ки ба хона биравем ва роҳҳоро поксозӣ кунем, то мошинҳо битавонанд аз он убур кунанд. Ҷамъият шурӯъ карданд ба сарзаниши Мирзонаботов. Ба самти ӯ сангҳое партоб шуд. Аммо як писари бисёр ҷавон аз болои минбар гиря мекард ва мегуфт, ки ӯ ва ҳамроҳонаш роҳҳоро пок кардаанд ва намедонад, ки ин сангҳо, ки ба тарафи Мирзонаботов партоб шуданд, аз куҷо пайдо шудаанд.

Раиси вилоят ба ҳеч ваҷҳ тавоноии барқарории иртибот бо мардумро надошт. Дидам, масъулон бо саросемагӣ аз минбар хориҷ шуданд. Ҷамъияти хашмгин дубор ба Мирзонаботов ва ҳамчунин яке дигар аз масъулон зарба заданд. Сипас зане аз миёни ҷамъият дар муқобили Мирзонаботов истод. Ӯро пушти сар гузошт ва ҷилави ҳамаро гирифт ва гуфт:

Мо барои ин (масдуд кардани роҳҳо) ба инҷо наомадаем.”

Ногаҳон садои тир шунида шуд. Дар ибтидо, наметавонистам бифаҳмам, ки чӣ хабар аст. Аммо баъд мутаваҷҷеҳ шудам, ки мардоне тирандозӣ мекунанд. Зане фарёд зад:

Фирор накун! Ҳамон ҷое, ки ҳастӣ, бимон!

Дидам, мақомот ба самти сохтмони ҳукумат медавиданд; маконе амн барои онҳо. Сипас маро ба замин тела доданд. Мардуми зиёдеро дидам, ки рӯи замин дароз кашида буданд ва фикр мекарданд, ки ҳеч кас зинда нахоҳад монд. Аз ҳар тараф тирандозӣ мешуд ва ин манзара он қадр ҳавлнок буд, ки ман фикр кардам, дигар фарзандонамро намебинам. Сипас ногаҳон тирандозӣ тамом шуд.

Мардум истоданд ва ба худ омаданд. Онҳо шурӯъ ба кӯмак ба маҷрӯҳон, мубталоён ба фишори хун ва беморони қалбӣ карданд, то ин ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ омад. Ман ҳам мисли бақия ба мардум кӯмак мекардам. Ва ҳатто фикри ин ки ба сӯи афроди ғайримусаллаҳ тирандозӣ мешавад, барои ман ва дигар мардуми онҷо ҷамъшуда боварнакарданӣ буд. Ин фикр дар сарам мечархид, ки:

Чаро? Ба хотири чӣ? Чаро тирандозӣ карданд? Чаро масъулон он қадр аз мардуми худ фосила гирифтаанд, ки дарду ранҷ онҳоро дарк намекунанд? Чӣ гуна метавонам ба мардум кӯмак кунам? Чӣ касе қарор аст ба мардум кӯмак кунад?

Манбаъ: Global Voices

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s