
Ҷаҳон кӯр асту ранҷатро намебинад?
Ҷаҳон кар, наъраҳоятро намеюшад?
Ало Помир,
эй сарзамини мардхези ман,
Ту, эй кӯҳи баланди шавкати озодамардони Худобовар,
Баландои ғурури сарбадорони ҳама даврон,
Фақат бар шонаи худ такя кун, бар пои худ истод шав, ин дам,
Ки дасти ин ҳама пастону пастакҳо
Наметонанд то бар гардани ту ҳалқа гардад,
То саратро хам кунад, қоматбаланди ман!
(Зафари Cӯфӣ)