Паймони Миллии Тоҷикистон боздошти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, Улфатхоним Мамадшоеваро шадидан маҳкум намуда, ин амали мақомотро идомаи фишор ва саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус зодагони Бадахшон, медонад.
Бинобар ин, Паймони Миллӣ аз КДАМ талаб менамояд, ки ҳарчи зудтар Улфатхонимро раҳо намояд ва ба таъқибу фишори фаъолони ҷомеа, бахусус зодагони Бадахшон, хотима диҳад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
18.05.2022