Мақолаҳо

“Лутфан, гӯсфанд набоше(м)д!”

Амруллоҳи Низом

Сарлавҳа, ин номи як китоб аст, вале ин шабу рӯзҳо корбурди ин истилоҳ барои хеле аз ба ном журналистони мо ва барои иддае ҳам аз аҳли мутолеъа ва ё ба гуфтаи худашон “аҳли зиё” сидқ мекунад.

Онҳо дониста ва ё надониста “гӯсфандвор” худро дар сафи бархе аз “кормандони золим”-и мақомот қарор дода ва ба дурӯғҳо ва ба таблиғоти таблиғгарони ҳукумат бовар карданд, ва ҳама талош мекунанд, ки дигарон ҳам мисли онҳо низ “гӯсфанд” бошанд.

Ин гурӯҳ аз гусфандмағзҳои мо, ки ба зоҳир хеле ҳам донишманд ва равшангар менамоянд, маҷбур ду пойро дар мӯза ҷой карда, ҷор мезананд, ки эътирозгарони ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хорӯғ ҳама “террорист” ва мусаллаҳ буданд ва ҶАНГ кардан мехостанд, ва ба ҳамин хотир мақомот ҳам алайҳи онҳо эълони ҶАНГ карданд.

Ҳой гӯсфандмағзҳои номуҳтарам, вақте худро таҳқир кардеду бидуни камтарин андеша, таблиғоти дурӯғини мубаллиғони ҳукуматро бовар кардед, акнун барои 2 дақиқа пӯсти гӯсфандиро аз сар бадар карда, ҳамин чанд ҷумларо бо ҳам якҷо бихонем, ва сипас қазоват кунем:

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор

Дар шароити кӯҳистонӣ агар онҳо силоҳ медоштанд, ва ҶАНГ кардан мехостанд, дасти кам 70% кормандони мақомотро аз байн намебурданд?

Агар онҳо силоҳ медоштанд ва ҶАНГ кардан мехостанд, ҷар кардани чанд санг аз кӯҳ кофӣ набуд, ки ҳам роҳро барои чанд рӯз бибанданд ва ҳам аксари он нерӯҳои Алфаро зинда намонанд?

Агар силоҳ медоштанд ва ҶАНГ кардан мехостанд, ду мерган дар ҷое камин гирифта, дасти кам 80% нерӯҳои Алфаро зарфи чанд дақиқа шикор намекарданд?

Агар онҳо силоҳ медоштанд ва ҶАНГ кардан мехостанд, дар дохили шаҳр камин намегирифтанд, зеро хуб намедонанд, ки маркази ноҳия ҷои ҶАНГ нест, балки берун аз он бояд сангар намегирифтанд?

Агар онҳо силоҳ медоштанд ва ҶАНГ кардан мехостанд, теъдоди мурдаҳо ва маҷрӯҳони нерӯҳои Алфаро ба маротиб зиёдтар мекарданд?

Зеро, чун нерӯҳои “Алфа”-и КДАМ “меҳмон” ва онҳо “мизбон” буданд ва мизбонҳо ба маротиб зиёдтар паскӯча ва тангкучаҳои Вамар ва Бархоруғро медонанд ва дар ҷойҳои муносиб камин намегирифтанд то ором-ором ҳар касеро мехостанд, аз пой биафтоданд?

Агар онҳо силоҳ медоштанд ва ҶАНГ кардан мехостанд, ба осонӣ розӣ мешуданд, ки зарфи чанд соат ва бо андактарин талафоти тарафи ҶАНГ 70 нафари худро “асир” бидиҳанд, ва ё мегузоштанд, ки мақомот онҳоро боздошт кунанд?

Вақте мегӯянд, ки ин афсари “Алфа”-ро аз ноҳияи синааш паррондаанд, пас маълум мешавад, ки ёрони худаш ба вай ХИЁНАТ кардаанд ва ба сабаби хусумати шахсӣ ва ё бо фармони яке аз сардорони албаҳи худ ӯро парронданд.

Ба иборати дигар, касе, ки метавонад як афсари таҷрибадидаро аз ноҳияи СИНААШ ба қатл бирасонад, ӯ одами оддӣ не, балки як мерган буда, ки то кунун синаи чандин нафари дигареро ҳам шикофта ва дар ин “ҶАНГ” ҳам метавонист, корҳои зиёдтареро ҳам анҷом диҳад, ҳамин тавр не?

Дар тамоми дунё зархаридҳо барои пул ва ҶАНГ кардан даъват мешаванд ва ё худашон ихтиёрӣ мераванд, вале ба фикри шумо ин зархаридҳо маҳз барои саркӯб ва боздошт шудани худашон тавассути мақомоти қудратии мо ба Тоҷикистон рафта буданд?

Фикр мекунед, ки он 70 нафар аз “зархарид”-ҳо ва ё касоне, ки бидуни муқовиматҳои мусаллаҳона боздошт шудаанд, ҳама шавқи рафтан ба зиндонҳои Тоҷикистонро доштанд?

Ҳамон тавре, ки соли 2015 Рустам Амакиевро аз пушт парронданд ва гуноҳро бар сари ёрони Ҳоҷӣ Абду Ҳалим бор карда буданд, ин дафъа ҳам барои худсафедкунӣ ва мардумфиребӣ аз ҳамон усул истифода карданд…

Умедворам, фаҳмонда тониста бошам!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s