“Дар кишвари худ, мо метавонем бо баробари нерӯи барқи офтобӣ, истеҳсоли нерӯи барқи бодиро ба роҳ монем. Нерӯи барқи офтобӣ ва бодиро дар минтақаҳои кӯҳистони марказӣ ва вилояти Суғд ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст. Чунки дар ин минтақаҳо суръати миёнаи шамол 5-6 метр ва аз ин ҳам зиёдтар дар як сонияро ташкил мекунад, ки барои истеҳсоли нерӯи барқи бодӣ хеле мувофиқ аст…”
(Роҳҳои таъмин намудани аҳолӣ бо маводди сӯхт (4))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (43)
Иқлими Тоҷикистон барои истифодаи нерӯи барқи офтобӣ хеле муносиб буда, тӯли 9-10 моҳ тавозуни нури офтоб дар Тоҷикистон мусбӣ аст. Яъне дар се фасли сол — баҳор, тобистон ва тирамоҳ, панелҳои нерӯи барқӣ аз 12 соат то 16 соат барои истеҳсоли нерӯи барқ нури офтобро қабул мекунанд.
Бояд қайд кард, ки дар фасли зимистон ҳам батареяҳои офтобӣ аз нури офтоб ва рушноӣ баҳра мегиранд. Яъне панелҳои нур бо қабул кардани рӯшноӣ дар тамоми сол нерӯи барқро истеҳсол намуда, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро бо нерӯи барқ таъмин мекунанд.
Мувофиқи ҳисоботҳо, дар сурати истифода аз имкониятҳои вуҷуддошта, ҳар соле то 25 млрд кВт/соат нерӯи барқро истеҳсол кардан мумкин аст. (Барои муқоиса, имрӯзҳо бо ин қадар НБО-ҳо ҳудуди 20 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.)
Истеҳсоли нерӯи барқи сабз ба ғайр аз таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ боз тарафҳои дигари бартарии худро дорад:
а) аввалан, ҳаворо тоза нигаҳ медорад, ки муҳимтарин неъмат барои инсон аст;
б) сониян, бо баробари зиёд васл намудани панелҳои офтобӣ дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, сол аз сол арзиши нерӯи барқи истеҳсолшуда арзонтар мешавад. Чаро?
Чунки бо баробари васл намудани панелҳои барқӣ сол аз сол миқдори он зиёд мешавад ва харҷи солона кам шуда, истеҳсоли нерӯи барқ зиёд мешавад. Масалан, дар тӯли 10 сол, 10 адади панелҳои офтобиро васл намоем, дар соли даҳум, ба 10 адад панели офтобӣ харҷ карда мешавад. Вале нерӯи барқро 100 адад панели офтобӣ истеҳсол менамояд.
Аз ҷиҳати истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ кишвари Чин дар саффи пеш буда, то миёнаҳои аср метавонад тақрибан нисфи ниёзҳои худро қонеъ гардонад. Айни замон нерӯи офтобӣ ҳатто бидуни субсидия, дар аксари минтақаҳои Чин нисбати ангишт арзонтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир сеяки нерӯгоҳҳои нави офтобӣ дар сайёра — дар кишвари Чин ба кор андохта шудааст. Дар ин росто, кишвари Чин аз ҷиҳати иқтидори нерӯгоҳҳои офтобӣ, дар соли 2013 аз ИМА ва дар соли 2015 аз Олмон пеш гузашт. Айни ҳол иқтидори умумии нерӯгоҳҳои офтобӣ дар қаламрави Чин, беш аз 250 ГВт-ро ташкил медиҳад.
Ҳиссаи нерӯи барқи офтобӣ дар Иттиҳоди Аврупо, дар айни замон 10-12%-и истеҳсоли нерӯи барқи Иттиҳодро ташкил менамояд. Аз ҷумла Нидерландия (17%), Олмон (17%), Испания (16%), Гретсия (13%), Италия (13%). Ин нишондодҳо дар Европа сол аз сол баланд мешавад. Чаро?
Чунки аз лиҳози баланд шудани арзиши гази табиӣ ба хусус дар пайи ҷанг байни Русияву Укроин ва хароб шудани равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо, истифода аз нерӯи барқии офтобӣ ва бодӣ дар ин кишварҳо рӯ ба рушд овард.
Дар кишвари худ, мо метавонем бо баробари нерӯи барқи офтобӣ, истеҳсоли нерӯи барқи бодиро ба роҳ монем. Нерӯи барқи офтобӣ ва бодиро дар минтақаҳои кӯҳистони марказӣ ва вилояти Суғд ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ аст. Чунки дар ин минтақаҳо суръати миёнаи шамол 5-6 метр ва аз ин ҳам зиёдтар дар як сонияро ташкил мекунад, ки барои истеҳсоли нерӯи барқи бодӣ хеле мувофиқ аст.
Асри бистуяк бояд асри нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ гардад. Чаро?
Чунки мамлакатҳои пешрафта аз истифодаи ангишт дар нуқтаҳои қувваи нерӯи барқ истеҳсолкунӣ бо сабаби ҳифзи муҳити зист даст кашида истодаанд.
Гази табиӣ ҳам бе охир нест, дар тӯли 50-60 сол мумкин ба охир расад.
Бо баробари гармшавии иқлими сайёра, сарчашмаи ғизои дарёҳо-пиряхҳои кӯҳӣ ҳам кам шудаистодааст.
Аз ин лиҳоз, аз ҳозир, барои истифода аз нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ даст ба кор шуд.
Ҳоло мамлакатҳои Аврупо генераторҳои бодиро самаранок истифода бурда истодаанд.
Яке аз кишвари пешрафтаи Аврупо — Дания аз рӯи ҳиссаи барқи бодӣ дар Иттиҳоди Аврупо пешсаф буда (қариб 50%) талаботи худро қонеъ мегардонад.
Инчунин кишвари Дания, саноати истеҳсоли комплекти таҷҳизотҳои нерӯи барқии бодиро истеҳсол менамояд, (аз ҷумла, дар ҷаҳон истеҳсолкунандаи турбинаҳои бодӣ) ба шумор меравад.
Яке аз муаммои дигари имрӯза, ин муаммои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти нафту газ (гази табиӣ ва моеъ) аст.
Барои ворид намудани маҳсулоти нафту гази моеъ ба ҳамаи соҳибкорон ҳуқуқи баробар дода шавад ва ба худию бегона ҷудо карда нашавад. Якеро аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намуда, ба дигаре зулм карда нашавад, то ки маводи сӯзишворӣ ба мардум бо нархи арзанда дастрас бошад.
То он рӯзе, ки таъмини сӯзишворӣ дар монополияи як нафар мебошад, ҳеҷ гоҳ нархи сӯзишворӣ арзон намешавад ва монополист нияти сершуданро ҳам надорад.
Ҳатто дар назди монополисти сӯзишворӣ, намояндаи баландпояи ҳукумат ҳам арзише надорад, аз вазифааш озод мешавад.
Агар соҳибкори оддӣ ҳаққи ҳалоли худро талаб кунад, хоину душман эълон мекунанд ё ки ба сараш балоҳоеро бор карда зиндон мекунанд. Аз тақдири раиси ширкати “Умед-88“ Одинаев огоҳ ҳастед.
Ба Тоҷикистон маводди сӯзишворӣ асосан аз Федератсияи Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад. Вазоратҳои энержии Русия ва Тоҷикистон ҳамасола то 1-уми октябр дар бораи воридоти имтиёзноки ҳаҷми маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ мувофиқат мекунанд.
Ба гуфтаи Вазорати энержии Русия дар соли 2021, ба Тоҷикистон бе боҷи гумрукӣ — яъне воридоти имтиёзнок, ба 830 000 тонна, намудҳои гуногуни сӯзишворӣ шартнома баста шуд.
Аз ҷумла 260 000 тонна бензин, 310 000 тонна сӯзишвории дизелӣ, 50 000 тонна гази моеъ, 40 000 тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 000 тонна мазут, 40 000 тонна битум ва ғайра.
Вақте ки сӯзишвории аз Русия воридоти имтиёзнок дошта бошем, чаро арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз Қирғизистон, фарқи зиёда 38 сентро дорад?
Кӣ ҷавоб медиҳад?
Дар яке аз кишварҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, Ҷумҳурии Қазоқистон, дар назар буд, ки то охирҳои соли 2021 ва ё аввали соли 2022 нархи сӯзишворӣ 25% афзоиш ёбад.
Ҳоло дар ин кишвар нархи 1 литр бензини навъи АИ- 92, 0, 45 $, АИ — 95, 0,47 $, АИ — 98, 0, 58 $.
Вақте ки дар Қазоқистон арзиши сӯзишворӣ 25% қиммат мешавад, ҳатман ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири худро мерасонад.
Боз нархҳо, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ боло меравад.
Чӣ бояд кард?
Танҳо назоратро аз болои сӯзишвории аз Русия воридшаванда сахт кард, ки арзиши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, аз имрӯза баланд нашавад.
Як литр бензин дар Русия 0,67$, агар бо нархи имрӯзаи Тоҷикистон муқоиса кунем, воридкунандаҳои сӯзишворӣ 0,35-0,36 $ ба болои арзиши он зам карда истодаанд.
Аввалан, ба Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ва прокурори генералӣ супориш дода шавад, ки дар ин самт нархгузорӣ то чӣ андоза дуруст аст ё хайр!
Дар сурати арзиши сӯзишворӣ аз меъёри нишондодаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишон додани нархи баланд делои ҷиноятӣ оғоз карда шавад.
Инҷо барои муқоиса нархи бензини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо ҳисоби миёна меорам, худ таҳлил намоед.
Нархи сӯзишворӣ оҳиста-оҳиста боло рафта истодааст.
1. Тоҷикистон — $ 1,03;
2. Қирғизистон — $ 0,65;
3. Ӯзбекистон — $ 0,52;
4. Қазоқистон — $ 0,47;
5. Туркманистон — $ 0,43;