
Паймони Миллии Тоҷикистон шаҳодати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро ба тамоми мардуми кишвар ба хусус пайвандону наздиконаш таслият гуфта, ин амали мақомотро ҷиноят ва терроризми давлатӣ дониста, шадидан маҳкум мекунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки истифода аз зӯр ва қатли омми мардуми бегуноҳ ба ҷои ҳалли мусолиматомези масоил, заминасози як низоъи доманадори сиёсӣ-низомӣ гашта, вазъияти кишвар ва минтақаро боз ҳам бадтар хоҳад кард. Ҳукумат ҳамеша аз волоияти қонун ва баробарии мардум дар назди қонун дам мезанад, аммо мақомот дар баробари хостаҳои қонунии мардуми Бадахшон бо истифода аз зур, хушунат ва куштор бори дигар собит кард, ки ҳаргиз ба қонун ва арзишҳои байналмилалӣ пойбанд нест.
Муносибати ҳукумати Раҳмон бо мардуми Бадахшон аз гузашта то ба имрӯз табъизомез буда, мақомот борҳо дар ин минтақа амалиёти низомӣ анҷом доданд, аммо натавонистанд онҳоро ба зону дар биёранд ва ин бор даст ба қатли ом заданд.
Паймони Миллии Тоҷикистон аз мардуми қаҳрамони Бадахшон хоҳиш мекунад, ки ба дасисаҳои мақомот дода нашаванд, зеро мақомот мехоҳанд бо эҷоди ихтилоф байни маҳалҳои ин минтақа, хостаҳои қонунӣ ва машрӯъи тазоҳургаронро зери суол бурда, паёмадҳои ҷиноятҳои худро ба души мардуми минтақа бор кунанд.
Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳамаи паёмадҳои ин ҷиноят ба души қотилони Муҳаммадбоқир ва ҳукумати кишвар хоҳад буд.
Паймони Миллии Тоҷикистон шаҳид Муҳаммадбоқирро ҳамчун қаҳрамони мардумӣ эътироф ва эълон мекунад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
23. 05. 2022
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо