“Яке аз масъалаҳои даҳшатовари марз дар солҳои охир он аст, ки Чин оҳиста-оҳиста бо роҳи қонунӣ замин ва боигарии зеризаминии кишварро ғасб карда истодааст. Мо ё дар хоби ғафлатем ва ё худро ба нодонӣ зада истодаем. Аз рӯи маълумоти расмӣ, 1158 км² ва ғайрирасмӣ, 5000 км²-ро Чин ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст. Ва дар оянда, боз ҳам даъвои дигари қаламрави Тоҷикистонро дорад, ки пай дар пай дар рӯзномаҳои дохилии Чин мақолаҳое чоп мешавад, ки даъвои қаламрави Тоҷикистонро доранд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин додани як қисми хоки кишварро “бурди дипломатӣ” номида буд. Ӯ қадри хоки кишварро то ҳол дарк накардааст… Кадоме аз масъулин ва ё аз депутатҳои мӯҳтарам гуфта буд, ки хушбахтона замини ба Чин додашуда боигарии зеризаминӣ надошт. Ӯ бехабар аст, ки худи замин захираи табиӣ, яъне боигарии табиӣ буда, ҳатто аз боигарии зеризаминӣ ҳам қимати баланд дорад. Дигар миллатҳо барои хоки кишвари худ, ҷонашонро фидои Ватан мекунанд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (1))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (44)
Яке аз муаммоҳои имрӯза, муаммои марзии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аст. Дар кишвар соле нест, ки як ё ду маротиба машқҳои тактикии низомии давлатҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) гузаронида нашавад. Дар соли 2022 ҳам ба нақша гирифта шудааст.
Ба фикри банда, мо дар дохил машқҳои ҳарбиро кам намуда, зиёдтар ба ҳифзи марз эътибори ҷиддӣ диҳем. Чаро?
Чунки солҳои ахир марзи кишвар хеле ноором шудааст. Аҳолии дар назди марз сукунатдошта рӯзе нест, ки бо мушкилоте дучор нашаванд. Рӯзҳое шуда буд, ки аз қаламрави Афғонистон марзи кишварро убур намуда, мардуми кишварро мепарронанд ва 40 сар гови шаҳрвандони баландпояро гирифта мераванд, вале сарҳадбонҳои мо хабар надоранд.
Дар гузаргоҳҳои сарҳади бошад, фасод фаро гирифта, миллионҳо тонна молу коло ва пулу тиллоро сарҳадбонҳо бо роҳҳои қочоқ мегузаронанд.
Мувофиқи маълумоти Додситони кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар фурудгоҳи Душанбе соли 2020 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар боздошт мешавад ва дар ин раванд 9 нафар, бо шумули кормандони Хадамоти гумрук, Вазорати корҳои дохилӣ ва фурудгоҳ аз ҷумла ду нафар шаҳрвандони Афғонистонҳам боздошт мешаванд.
Ба иттилои як мақоми Додгоҳи олии Тоҷикистон, судшудагон шаҳодат додаанд, ки ин ҳолат аввалин набуда. балки аз 4-уми сентябр то 14-уми ноябри соли 2020 дар 36 маврид 1200 килограмм тилло ва 112 миллион долларро аз марз гузаронда, ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Душанбе ба Аморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд.
Радиои Озодӣ ҳам хабар медиҳад, ки Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи 9 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар, парвандаи ҷиноиро омода намуда. ба Додгоҳи олӣ фиристондаанд, ки ин муттаҳамон миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз тарафи масъулини Додситони кулл дастгир шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ин миқдор тилло ва доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуда бояд ба Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол меёфт.
Баъзе аз расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки 90 кило тилло ва 15 миллион долларе, ки дар Тоҷикистон кашфу мусодира шудааст, ба Мирзо Катавозай муовини аввали раиси порлумони вақти Афғонистон тааллуқ дорад. Аммо Мирзо Катавозай ин иддаъоро рад кард.
Вале бо гузашти як ҳафта, Сардори раёсати гумрукӣ вилояти Хатлон, Зафар Муҳаммадиев хабар медиҳад, ки ин миқдор тилло ва доллар расми ворид шуда буд.
Афсонаи бузаки ҷингилапо…
Тамоми сохторҳои давлатиро фасод чунон печонида гирифтааст, ки дигар роҳи халоси надоранд.
Яке аз масъалаҳои даҳшатовари марз дар солҳои охир он аст, ки Чин оҳиста-оҳиста бо роҳи қонунӣ замин ва боигарии зеризаминии кишварро ғасб карда истодааст. Мо ё дар хоби ғафлатем ва ё худро ба нодонӣ зада истодаем. Аз рӯи маълумоти расмӣ, 1158 км² ва ғайрирасмӣ, 5000 км²- ро кишвари Чин ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст. Ва дар оянда, боз ҳам даъвои дигари қаламрави Тоҷикистонро дорад, ки пай дар пай дар рӯзномаҳои дохилии Чин мақолаҳое чоп мешавад, ки даъвои қаламрави Тоҷикистонро доранд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин додани як қисми хоки кишварро “бурди дипломатӣ” номида буд. Ӯ қадри хоки кишварро то ҳол дарк накардааст.
Агар хато накунам, депутати МН МО, марҳум Сӯҳроб Шарифзода, дар ин маврид гуфта буд: “Агар аз қисмате замин/хоки кишварро намедодем, артиши Чин то Хоруғ расида меомад.“
Кадоме аз масъулин ва ё аз депутатҳои мӯҳтарам гуфта буд, ки хушбахтона замини ба Чин додашуда боигарии зеризаминӣ надошт. Ӯ бехабар аст, ки худи замин захираи табиӣ, яъне боигарии табиӣ буда, ҳатто аз боигарии зеризаминӣ ҳам қиммати баланд дорад.
Дигар миллатҳо барои хоки кишвари худ, ҷонашонро фидои Ватан мекунанд.
Қисса мекунанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, писаракеро дид, ки аз гуруснагӣ решаи хоколуди растаниҳоро мехӯрд. Вақте аз модари кӯдак сабаб пурсид, зан бо исрор гуфт. “Аз гуруснагӣ хок мехӯрем, вале хокамонро намедиҳем!”
Ин қаҳрамонии зан Масъудро ба гиря овард, ки ӯ дар ҷангҳои шадид талафотҳои зиёд ҳам ашк нарехта будааст.
Мисоли дигар, миллати Фаластин солҳои тӯлонӣ барои як порчаи замини худ меҷанганд ва мубориза бурда истодаанд.
Ҳамин сол ҳам дар моҳи мубораки Рамазон сарбозони ғосибгари “Исроил” дар вақти намози ҷумъа ба масҷиди Ақсо даромада, тир кушоданд. Чунин ҳолат дар ин масҷид ва сарҳади Фаластину “Исроил” борҳо такрор шудаааст.
Барои оромии марз чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳояш: солҳои охир Ҳукумати Русия мехоҳад, ки Тоҷикистон вориди созмони Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО) шавад. Вақте Тоҷикистон ба созмони ИИАО дохил мешавад, сарҳади байни Тоҷикистону Чин, Афғонистон ва Қирғизистон, ҳам сарҳади СПАД ва ҳам сарҳади ИИАО ҳисоб мешавад. Дар сурати вориди ин созмонҳо будан, аъзои ин созмонҳо шояд, барои ҳифзи марзи Тоҷикистон кӯмаки ҳаматарафаи молӣ, техникӣ ва ҳам низомӣ расонанд.
Идома дорад