Ахбори Анҷуман

Алим Шерзамонов: “Иддаои мақомоти тоҷик, дурӯғе беш нест”

Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар гуфтугӯ бо Мирзонабии Холиқзод, хабарнигори Радили Озодӣ, дар посух ба ин суол, ки оё иттиҳомоте, ки мақомоти тоҷик нисбат ба вай мезананд мабнӣ бар ин ки ӯ яке аз мусаббибони тазоҳурот дар Хоруғ будааст дуруст мебошад ё на, гуфт, мақомоти тоҷик барои сафед кардани худ аз наслкушие, ки дар ноҳияи Рӯшон анҷом ва мардумро ба қатл расонданд, бо ин иттиҳом, ки Паймони Миллӣ ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ асту Алим Шерзамонов узви он аст, пойи ӯро ба миён кашидаанд, то кушта шудани мардумро қонунӣ кунанд. Вай дар бораи 13 ҳазор долларе, ки мақомот иддао мекунанд, Шерзамонов ба шаҳид Маҳмадбоқир додааст, гуфт, ки ин иттиҳом “ягон асос надорад, 13 ҳазор доллар аз куҷо? Инҳо аз моҳи ноябри соли 2021 дар ин бора мегӯянд. Даъво доранд, ки аз Амрико 13 ҳазор доллар ва аз Русия ним ё якуним миллион рубл ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ фиристода шудааст.” Вай ёдовар шуд: “Ман дар Аврупо ҳастам ва ин миқдор пулро аз куҷо меёбам? Шояд мардуми Бадахшон дар Русия ҳастанд, онҳо фиристодаанд.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ ба шарҳи зерин аст:

Радиои Озодӣ: Мақомот дар наворе дар шоми 24-уми май иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд, оё чунин сӯҳбате буд?

Алим Шерзамонов: Дурӯғе беш нест. Дар он рӯзу соат, Шумо шоҳид будед, ки дар Бадахшон дастрасӣ ба интернет набуд, то ҷаласаи онлайнӣ карда бошем. Ҳамааш афсона аст. Ангезаи чунин парвандабофӣ ва кашидани пойи ман дар он аст, ки мехоҳанд, амалкарди худро дар Рӯшон машрӯият бахшанд.

Радиои Озодӣ: Дар навори мақомот, ки Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов сӯҳбат мекарданд, ташаббуси баргузории ҷаласаро ба ӯҳдаи Шумо гузоштанд.

Алим Шерзамонов: Ҳаргиз чунин сӯҳбат нашудааст. Ман рад мекунам.

Радиои Озодӣ: Холбаш Холбашов дар навори мақомот мегӯяд, Шумо гӯё аз онҳо пурсидед, ки кай метавонанд тазоҳуротро баргузор кунанд. То чӣ ҳад дуруст аст?

Алим Шерзамонов:Бо Холбаш Холбашов дар умрам тавассути телефон ва воситаҳои дигар тамос надоштаам. Дар умрам. Як ё ду бор дар сари роҳ салом кардаем. Шояд чанд луқмапартоӣ кардем, аммо дар асл тамос надоштем.

Радиои Озодӣ: Пас, ин ҳарфҳо аз куҷо дар миён гузошта шудаанд?

Алим Шерзамонов: Барои машрӯият бахшидан ба он ҷиноят, наслкушие, ки дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифт. Мардумро ба қатл расонданд. Баъд аз пайи он шуданд, ки Паймони миллӣ ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ асту Алим Шерзамонов узви он ва пойи ӯро ба миён бикашем, то кушта шудани мардумро қонунӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Мақомот дар навор гуфтанд, ки гӯё барои ташкили бетартибиҳо 13 ҳазор доллар фиристодед. Ин даъво асос дорад?

Алим Шерзамонов: Ягон асос надорад. 13 ҳазор доллар аз куҷо? Инҳо аз моҳи ноябри соли 2021 дар ин бора мегӯянд. Даъво доранд, ки аз Амрико 13 ҳазор доллар ва аз Русия ним ё якуним миллион рубл ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ фиристода шудааст. Дар Бадахшон як анъана аст. Вақте касе даргузашт, хешутабор ба хонавода дасти мадад дароз мекунанд.

Радиои Озодӣ: Шумо фиристодед ё не?

Алим Шерзамонов: Ман дар Аврупо ҳастам ва ин миқдор пулро аз куҷо меёбам? Шояд мардуми Бадахшон дар Русия ҳастанд, онҳо фиристодаанд.

Радиои Озодӣ: Яъне нафиристодед?

Алим Шерзамонов: Ягон бор чунин маблағ надоштаам ва ба дастам нагирифтаам. Ин гапро нисбати айбдоршавандаҳо ва қурбониён таҳқир мешуморам.

Радиои Озодӣ: Ин ҳарфҳо дар навори мақомот садо дод, ки Улфатхоним Мамадшоева низ дар он сӯҳбат мекард, вале ба мо маълум нест таҳти чӣ шароит сабт кардаанд.

Алим Шерзамонов: Агар диққат карда бошед, таҳқиқоти журналистӣ баред, оинаи чашми рости Улфатхонимро ториктар кардаанд, чун дар чашми росташ нишонаи зарбу лат аст. Бояд онро рӯйпӯш кунанд. Диққат кунед. Парвандааш муҳри махфӣ дорад. Кадом ниҳод онро махфӣ мекунад ва кадом ниҳод ба қароре меояд, ки қисме аз онро гуфтан мумкин аст?

Радиои Озодӣ: Дар навор Холбаш Холбашов ҳам буд ва ӯ низ айни гапҳоро мегуфт.

Алим Шерзамонов: Наход Шумо ба он чи дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ва пеш аз баргузории додгоҳ тавассути навор мегӯянд, бовар доред? Ва оё чунин имкон вуҷуд дорад, ки марде пайдо шавад ва чизи хостаи тафтишотро нагӯяд? Дар таҷрибаи ҳаётамон дидем, ки чизе хоҳанд, дар забону даҳонаш мемонанд.

Радиои Озодӣ: Бо оғози нооромиҳо ва Хоруғу Рӯшон, номи Шумо дар сархати эъломияҳои расмӣ буд, ки дар ин корҳо даст дореду доман мезанед. Ба ин чӣ мегӯед?

Алим Шерзамонов: Дар ин корҳо чӣ хел даст дорам? Ҳамчун ҳар бадахшонии фаъол дар шабакаҳо мегӯям, ҳанӯз аз соли 2018 ба ин сӯ мардуми Бадахшон таҳти таъқибу фишори шадид ҳастанд. Ва ҳар бадахшоние, ки фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, садо баланд мекард, аз ҷумла банда низ. Номи маро дар инҷо ворид карданд, чун тамошобини зиёд доштам. Бовари сокинон ба ман зиёд аст. Инҳо бояд маро ва лидерони ғайрирасмии Бадахшонро, ки дар назди мардум эътибор доранд, “сиёҳ” кунанд, то ба ин восита худро “сафед” намоянд.

Навори ин гуфтугӯ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s