
Ҷанги иттилоотӣ ва ё ҷанги нарм, лузуман дурӯғ гуфтан нест. Ин таъбир маъмулан дар муқобили ҷанги сахт ба кор меравад. Ҷанг ду гуна аст: гоҳе сахт, ки ҳамон ҷанг бо тӯпу тонк аст, ва гоҳе нарм (мягкая война), ки шумо бо ҳадафи шикастани руҳияи душман, ба василаи абзоре мисли ройона (компютер) ва ё навиштани матлаб дар як расона ва ғайра анҷомаш медиҳед. Албатта, ба шарти ин ки воқеиятро бигӯед агар одами арзишмадоред, на ин ки дурӯғ гуфта бошед.
Бале, баъзеҳо ҳастанд, ки дар ҷанги нарм гоҳе дурӯғ мегӯянд, ба ин маъно, ки дар баёни як матлаб муболиға мекунанд яъне онро бузургтар аз он ки ҳаст нишон медиҳанд. Албатта, ин шева низ кори зишт ва нописанд аст, зеро ба ҳар ҳол дурӯғ аст ва дурӯғ ҳаром ва умраш кӯтоҳ.
Шоистаи ёдоварӣ аст, касе, ки дар ҷанги нарм мутавассил ба дурӯғ мешавад (ки арз шуд, ба ҳар ҳол кори одами боахлоқ нест), саъй мекунад, дурӯғро ба гунае бигӯяд, ки шохдор набошад, яъне душман ба дурӯғ будани он пай набарад.
Хулоса, ҷанги нарм лузуман дурӯғ гуфтан нест ва балки бисёре аз донишмандон онро тақбеҳ кардаанд. Яке аз касоне, ки дурӯғ мегуфт ва мӯътақид буд, дар ҷанги нарм лозим аст ба дурӯғ мутавассил шуд, Юзеф Губелс (Joseph Goebbels = Йозеф Геббельс) – вазири иттилоърасонии Ҳитлер аст, ки ҳама медонем, ӯ дар поён бо чӣ сарнавишти талхе рӯ ба рӯ шудааст. Нигоранда мӯътақид аст, ҳар ки мисли Губелс мутавассил ба дурӯғ шавад, бо сарнавиште мисли сарнавишти Губелс дучор хоҳад омад.
* * *
Ҳоло, имрӯзҳо, ки шоҳиди ҳолу ҳавои мақомоти тоҷик ва навкаронаш ҳастем, хусусан дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ, ба аён мебинем, ки дурӯғ мегӯянд ва худашон медонанд, ки дурӯғ мегӯянд ва ҳатто мутмаин ҳастанд, ки мардум низ медонанд, онҳо дурӯғ мегӯянд.
Вале бо ин ҳама, бешармона ба дурӯғ гуфтанҳои худ идома медиҳанд. Чаро? Чун боварашон ин аст, ки дар ҳоли анҷоми ҷанги нарм ҳастанд ва ҷанги нарм, ба назари онҳо, дурӯғ гуфтан аст. Дар масал, ба дурӯғе, ки дурӯғ буданаш равшан аст, шохдор мегӯянд.
Оё касе ба шохдор будани ин иттиҳом, ки Алим Шерзамонов тазоҳурот дар Хоруғро роҳ андохта будааст, шак дорад?
Оё касе ба шохдор будани ин иттиҳом, ки Алим Шерзамонов ба Улфатхоним ва шавҳари собиқаш ва шаҳид Маҳмадбоқир 13 ҳазор дулор дода будааст, шак дорад?
Оё касе ба шохдор будани ин иттиҳом, ки шаҳид Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров як “ҷинояткор” будааст, шак дорад?
Оё касе ба шохдор будани ин иттиҳом, ки бону Улфатхоним Мамадшоева “терурист”, “экстремист”, “хоин” ва “ватанфурӯш” будааст, шак дорад?
* * *
Яке аз бузургтарин зиёнҳое, ки домангири дурӯғгӯ мешавад ин аст, ки замоне ки ҳарфи рост ҳам бигӯяд (ва одам ҳамеша дурӯғ намегӯяд), дар ин ҳолат низ мардум ба ӯ боварашон намешавад. Агар алъон расонаҳои давлатӣ мисли “Ховар” ва ё “Фермаи ҷавоб” як ҳарфи рост бигӯянд, масалан эълом кунанд, ки Рустами Эмомалӣ ба фалон шаҳрванди фақир кӯмаки молӣ кардааст, аҳаде аз тоҷикҳо бовараш намешавад ва мисли ҳамеша ҳамл бар дурӯғ будани он мекунанд, ҳарчанд рост ва воқеият дошта бошад.
Холӣ аз фоида нест, ин достони Эзоп — нависандаи машҳури Юнони бостонро бароятон нақл бикунам. Мегӯяд:
Писараки чӯпоне дар яке аз деҳаҳо зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар рӯз субҳ гӯсфандони мардуми деҳотро ба теппаҳои сабзу хуррами наздики деҳа мебурд, то гӯсфандҳо алафҳои тоза бихӯранд. Як рӯз аз болои теппа чашмаш ба мардуми деҳа афтод, ки дар канори ҳам дар васати деҳа ҷамъ шуда буданд. Як дафъа фикре ба зеҳнаш расид ва тасмим гирифт коре ҷолиб бикунад, то каме тафреҳ карда бошад.
Ӯ фарёд кашид: гург! Гург! Гург омад! Мардуми деҳа садои писараки чӯпонро шуниданд. Онҳо барои кӯмак ба писараки чӯпон ва гӯсфандҳояш ба тарафи теппа давиданд, вале вақте бо нигаронӣ ба болои теппа расиданд, писаракро хандон диданд, ӯ механдид ва мегуфт: ман шӯхӣ кардам!
Мардум аз ин кори ӯ нороҳат шуданд ва бо асабоният ба деҳа баргаштанд.
Аз ин моҷаро муддатҳо гузашт. Як рӯзи дигар писарак тасмим гирифт дубора бо мардум шӯхӣ кунад.
Ӯ баланд фарёд кашид: гург омад! Гург омад! Кӯмак… Мардум ҳаросон аз хонаҳояшон ба самти теппа давиданд, вале боз ҳам вақте ба теппа расиданд, писаракро дар ҳоли хандидан диданд. Мардум аз кори ӯ хеле нороҳат буданд ва аз ин ки ба онҳо дурӯғ гуфта буд, хеле асабонӣ буданд.
Аз он рӯз чанд моҳе гузашт. Яке аз рӯзҳо гурги хатарноке ба наздики он деҳа омад ва вақте писаракро бо гӯсфандон танҳо дид, ба тарафи гала омад ва гӯсфандонро бо худаш бурд. Писарак ҳар чи фарёд мезад: гург! Гург омад! Кӯмак кунед… вале касе барои кӯмак наомад. Мардум фикр карданд, ки дубора чӯпон дурӯғ мегӯяд ва мехоҳад онҳоро азият кунад.
Он рӯз чӯпон натиҷаи муҳимме дар зиндагиаш гирифт. Ӯ фаҳмид агар ниёз ба кӯмак дошта бошад, бо мардум бояд содиқ бошад ва рост бигӯяд.
Ва ба сухани дигар, агар мардум дар ту дурӯғе бинанд, дигар ба сухани ростат ҳам боварашон намешавад.
Саломат бошед!
Акс аз сойти БгиДега