Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи ҷомеашинос, бо ишора ба бетафовутии “зиёиёни” тоҷик нисбат ба муттаҳам кардани бону Улфатхоним Мамадшоева аз сӯи мақомот ба чизе, ки ӯ муртакиб нашудааст, хотирнишон карда: “Имрӯз гурӯҳе ҷинояткор як рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи маданиро говсуд мекунанд ва ҷиноятҳои худро болои ӯ мепартоянд, вале рӯшанфикр, шоир ва рӯзноманигори ин миллат кару гунгу кӯр аст ва покиву дарду изтироби ин бандаи Худоро, ки дар рӯяш навишта шудааст тамоман ҳисс намекунад.”

Меҳмоншоҳ Шарифов дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо овардани байте аз Шоҳнеъматуллоҳи Валӣ, ки:
Хирад паймонаи инсоф агар як бор бардорад
— ёдовар шуда, ки ин паём барои касонест, ки наметавонанд аз ҳақ ҳимоят кунанд, вале “дар решаи бадӣ об мерезанд.”
Вай дар идома, бо хитоб ба онҳо гуфтааст: “Агар зарфияти таҳлили воқеӣ ва ҷуръати гуфтани ҳарфи ҳақро надоред, хомӯшӣ беҳтарин чиз аст.”

Меҳмоншоҳ Шарифов ба онҳо ёдовар шуда, ки лоақал “нагузоред, дигарон аз ному шахси шумо истифода кунанд.”
Ин файласуфи тоҷик дар идомаи ёддошти худ, бо таъкид бар ин ки коре “бо хиради баъзе аз шоирон” надорад ва онҳо “худ исбот карданд, ки ақле кӯр доранд”, ёдовар шудааст: “Вале шоир илҳоме ва паёме метавонад доштан агар таҷрубае дошта бошад.”
Ин донишманди тоҷик баён кардааст: “Имрӯз бештари шоир ва умуман зиёии ин сарзамин, ки лофи шоирӣ, нависандагӣ ва дуктурии илм мезананд, аз вожаҳое, ки дигарон сикка задаанд ва маъниҳое, ки дигарон кашф кардаанд, зӯр мезананд, то шеъру достоне сохта бошанд ва ба ҳарфи устод Қаноат, “шеър не, шиор менависанд.”
Меҳмоншоҳ Шарифов дар идома, ба таъкид бар ин ки ин зиёиён “шинохт, таҷруба, дониш ва фикри мустақили худӣ (self) ва ҷаҳони худро надоранд ва имрӯз шоирон сиёсатшинос, ва сиёсатшиносон шоир ва дар ҷамъ, бисёриҳо сухангӯи ниҳодҳои қудратӣ шудаанд”, гуфтааст: “Як рӯшанфикр ҳеч гоҳ сухангӯи ниҳодҳои қудратӣ, хосса дар низомҳои золим ва худкома набудааст.”
Вай афзудааст: “Таноқузро бубинед, имруз “рӯшанфикр”, ки лофи шоир ва зиёии миллат буданро мезанад, ҳарфи модареро, ки фарзанди бегуноҳашро ваҳшиёна куштаанд намефаҳмад, вале аз ҳисоботи Вазорати корҳои дохила илҳом мегирад.”
Меҳмоншоҳ дар поёни ёддошти худ хотирнишон кардааст: “Имрӯз гурӯҳе ҷинояткор як рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи маданиро, ки худ гуноҳ бар бегуноҳияш иқрор аст, ки гуноҳ надорад, говсуд мекунанд ва ҷиноятҳои худро болои ӯ мепартоянд, вале рӯшанфикр, шоир ва рӯзноманигори ин миллат кару гунгу кӯр аст ва покиву дарду изтироби ин бандаи Худоро, ки дар рӯяш навишта шуда тамоман ҳисс намекунад.”
Рубрики:Нақду назар, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа