“Чаро қирғизҳо дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ карда, шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул накарданд? Мебоист онҳоро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта мешуд. Ё ки дар вақташ баробари омадани қирғизҳо, ба хонаводаҳои ворухиҳо ҳам омада хона месохтанд ва ворухиҳо ҳам соҳиби замину хона мешуданд. Чаро ба замини ҳамвор, ки об ҳаст, наомаданд? Кӣ гунаҳкор? Имрӯз Роза Усарова волайло гуфта намегашт…”
(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (2))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (45)
Пас аз истиқлоли кишварҳои пасошӯравӣ, дар марзи ин кишварҳо ҷанҷолҳо ва ҳатто ҷанги беамон рафта истодааст. Яке аз ҷангҳои хонумонсӯз байни Украина ва Федератсияи Русия аст, ки то андозае шиддат гирифта, ки дар он охири нақб ва ё шабро дида наметавонед.
Мисоли дигар, даъво байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки дар он шоҳиди борҳо ҷангу хунрезӣ шуда истодаем. Марз байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 км буда, то кунун 663,7 км ва ё 68,4 фоизи он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Боқимондаи 312,3 километри он ҳалли худро ҳеч намеёбад.
Сабаби муноқишаю куштору хунрезӣ, кӯтоҳандешӣ ва фурӯхта шудани вазири дифои вақт Шералӣ Хайруллоев ва собиқ ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов аст. (Дар инҷо маълумоти ғайрирасмиро намеорем, вале бидонанд, ки ҳамаи корҳои пӯшида рӯзе ошкор мешавад.)
Аз моҳи апрели соли 2013 муноқишаҳои байни деҳаҳои Оқсой (Қирғизистон), Чоркӯҳ, Хоҷаи Аъло ва Ворух оғоз ва то ҳол давом дорад.
Каме дар бораи маҳал маълумот диҳам. Солҳои 70-ум ва аввалҳои 80-уми қарни гузашта, ба сабаби гузаронидани таҷрибаи саҳроӣ бо донишҷӯёни бахши ҷуғрофиё ва биология, ба деҳаи Ворух ду маротиба сафари кори таҷрибавӣ доштем.
Дар навбати аввал яъне бо донишҷӯёни соли хониши сеюми бахши ҷуғрофиё ва биологияи гурӯҳҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, сафари мо дар аввалҳои солҳои 70-ум ҳамроҳ бо устодон, марҳум Мақсудов Бобохон — геолог, марҳум Ҳайдаров Баҳромҷон – ҷуғрофиёдон ва иқтисоддон, ки ҳар ду хатмкунандаи Донишгоҳи Осиёи Миёнагии шаҳри Тошканд ҳастанд буд. Ҳар дуро Худованд ғариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат карда бошад!
Дар яке аз экскурсияҳо мақсад гузоштем, ки то обтақсимкунаки қаторкӯҳи Туркистон баромада, ҳам обтақсимкунакро ва ҳам дар болои кӯҳ, ки кӯле бо номи Қарокӯл дар он воқеъ аст, сайру гашт дошта, аз пайдоиши он, манбаи ғизогирии кӯл бо донишҷӯён сӯҳбати табиӣ-ҷуғрофӣ дошта бошем.
Хуллас, яке аз рӯзҳо дар экскурсия аз водии дарёчаи Кшаммиш сар карда пас ба тарафи водии Каравшин гузашта, ба тарафи обтақсимкунаки дарёи Исфара ва Зарафшон (ноҳияи Кӯҳистони Мастчо) ҳаракат кардем. Соатҳои ду сеи рӯз дар роҳ бо чӯпонони қирғиз вохӯрдем. Устодон бо чӯпонҳо бо ду масъала гапзанон карданд:
Масъалаи якум, бо кадом тарафҳо роҳҳои осони ба болои кӯҳ баромаданро ва масъалаи дуюм, харидории як сар гӯсфанд. Ҳар ду масъала ҳам ҳал шуд, хӯрокаро омода намуда, хӯроки нисфирӯзӣ ва шомро якҷо кардем.
Шабро дар ҳамин нуқта гузарондем. Кӣ хоб рафт, кӣ нимхоб субҳ шуд. Пас аз наҳорӣ, ба мақар навбатчӣ гузошта, экскурсияро давом додем. Банда бо чор ва ё панҷ нафар аз донишҷӯён бо тарафи чапи дарёча, вале самти ҳаракатамон дасти ростамон, ба тарафи обтақсимкунак ва кӯл ҳаракат кардем. Тахминан то нисфирӯзӣ ба болои кӯҳ баромадем ва кӯл ҳам дар тарафи ғарб дар чӯкидае намоён шуд. Пас ба тарафи кӯл нигоҳ карда ҳаракат намудем. Вақте, ки ба соҳили кӯл ҳаракат мекардем, рамаи гӯсфандон ва хайма намоён шуд.
Ба назди чӯпонҳо ҳам расидем, дар хотир надорам, ки чӯпонҳо бо оилаашон буданд ё не. Вале моро бо ҷурғот, нону чой меҳмондорӣ карданд. Лекин аз ҳамсафаронамон дараке набуд. Ба чӯпонон миннатдорӣ намуда, боз ба тарафи баландии кӯҳ ҳаракат кардем. Ба болои кӯҳ баромадем, вале аз устодон ва қисми асосии донишҷӯён боз дараке набуд. Пас ба хулоса омадем, ки бармегардем. Ба қараргоҳ расидем, танҳо навбатчиҳо ҳастанду халос. Аз чӯпоне, ки рӯзи гузашта гӯсфандашро харида будем, хоҳиш кардам, ки каме биринҷ диҳанд, то ки аз шӯрбои шабмонда хӯроки суюқ тайёр намоям. Хӯрок тайёр шуд, хӯрокро тановул кардем, вале боз аз устодон хабаре нест.
Аз чӯпонҳо хоҳиш кардам, ки маркабашонро бидиҳанд, то ки ба суроғи устодон биравам. Пас аз чор-панҷ километр роҳ гаштан, рӯ ба рӯ омадем, яке дар болои асп ё хар буданд, дигаре пиёда, қавоқҳо афтодагӣ, озурда, ранҷдида ва ғайра. Ба дуввумӣ аспро пешниҳод кардам, ҷавоби рад дод. Вале нафаҳмидам, ки чаро аз ман ҳам ранҷидаанд. Ба қароргоҳ омада, таомро хӯрда, сафарро ба тарафи қароргоҳи асосӣ, ки дар яке аз мактабҳои деҳа воқеъ буд, роҳро давом дода, байни шому хуфтан расида омадем.
Рӯзи дигарро рӯзи истироҳат эълон намудем. Вале яке аз устодон нақшаи кории хусусиятҳои табиӣ-ҷуғрофии маҳалро ба доскаи синфӣ навиштанд, то ки донишҷӯён аз рӯи нақша маълумоти табиӣ-ҷуғрофии маҳалро нависанд.
Устод Бобохон Мақсудов, зодаи Исфара ва аз қишлоқи Кӯлканд, ки буданд, бо шарофати устод, раиси колхози деҳаи Ворух, Раҳимов (номашонро дар хотир надорам) ҳам зиёфат доданд ва ҳам аз дарёи Кшаммиш бо қубури диаметри 60 ва ё 70 ба тарафи поёни чапи тангии Ворух об бароварда заминҳои кишти ғалла ва боғҳои зардолузорро ташкил кардаанд, ба мо нишон доданд.
Сабаби ин қадар гуфтаниҳо ин буд, ки аз қишлоқи Ворух ба тарафи нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон то сарҳади Мастчоҳ ду рамаи гӯсфандон бо чӯпонони қирғизҳо, агар дар тарафи устодон рафта боз ягон рамаи дигар бошад, ҳамагӣ се рамаи гӯсфандон бо чӯпонҳои қирғиз, ба чарогоҳҳои ворухиҳо соҳиб шуданд.
Ворухиҳои мо бошанд, “қирғизҳо замин надошт, ин қирғизҳо чӯпонҳои мо буданд” — гуфта гаштиян.
Дар тарафи даште, ки об бароварда обод карданд, аз деҳаи Оқсойи қирғизҳо ному нишоне набуд. Чунки ҳозира деҳаи Оқсой, ки қирғизҳо зиндагӣ мекунанд, замини Тоҷикистон буд.
Навбати дуюм, аввалҳои солҳои 80-ум ҳамроҳ бо донишҷӯёни соли хониши яку дуи бахшҳои ҷуғрофиё ва биология, биология ва химия, гурӯҳҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ буд, ки аз 8 гурӯҳ иборат буда, зиёда 200 нафар буданд. Банда сарвари умумӣ таъйин шуда, ба деҳаи Ворух омада, дар яке аз мактабҳои қисмати болои деҳа ҷойгир шудем. Банда ҳамчун роҳбар барои хӯрокворӣ ва дигар масъалаҳо, ҳар ду рӯз пас тӯли як моҳ ба Хуҷанд рафта меомадам, аз қишлоқи Оқсой мегузаштам, ҳамагӣ 7-8 хона буду халос.
Суоле пайдо мешавад, ки чаро онҳо дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ карда, шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул накарданд?
Мебоист онҳоро ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта мешуд.
Ё ки дар вақташ баробари омадани қирғизҳо, ба хонаводаҳои ворухиҳо ҳам омада хона месохтанд ва ворухиҳо ҳам соҳиби замину хона мешуданд. Чаро ба замини ҳамвор, ки об ҳаст, наомаданд? Кӣ гунаҳкор?
Имрӯз Роза Усарова волайло гуфта намегашт.
Суоле пайдо мешавад, ки дар тӯли 70 соли Шӯравӣ, чаро сарҳади чарогоҳҳо ва сарҳади деҳаи поёни тангиро дар харитаи колхоз ва ноҳия муайян накарданд?
Муноқишаи байни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз давраи Шӯравӣ сар шуда буд.
Аввалин муноқиша дар байни тоҷику қирғиз соли 1974-ум дар деҳаи Ворух рух дода буд. Вале он замон Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як давлати ИҶШС (СССР) шомил буд. Ором кардани муноқишаҳои қавмӣ ва миллӣ осон буд. Дар муноқишаи дуюми давраи Шӯравӣ, агар хато накунам соли 1989 Қаҳҳор Маҳкамов сафари корӣ доштанд.
Чаро, сари вақт нуқта нагузоштанд?
То ки имрӯз сарварони вилояти Суғд ва ноҳияи Исфара оши оштии хуҷандӣ ва ё исфарагӣ карда дода намегаштанд?
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ, Мақолаҳо, Осиёи Миёна, Ҷомеа