Дидгоҳ

Рустами Ҷонӣ: “Ин ҳукумат ба ҷуз давлати як қабила нест”

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште кӯтоҳ, бо ишора ба нақшаи шуми режими Раҳмон дар Бадахшон ва ин ки дар ҳар деҳае аз Бадахшон касеро аз Данғара ба гуфтаи ӯ, ба унвони “посбон” мондааст, тасреҳ карда: “Инҳое, ки бо ифтихор худро мубаллиғ ва муттакои давлати Тоҷикон медонанд, ба ҷуз давлати як қабила насохтаанд.”

Ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

Нақшаи шуми ҳукумат, ки пай дар рай Помир роҳандозӣ мешавад.

Чеҳраҳои бонуфузро аз онҳо мегирад, пулдоронашро аз даромад маҳрум месозад, фаъолони ҷамъиятиро бо баҳонаҳои гуногун паси панҷара мекунад, садои озодиро аз гулӯи мардум мебандад.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Ва дар ҳар деҳа аз Данғара як посбон мемонад. Ин Мирзонаботову Шодиковҳо барин “чиновник”-ҳо фақат мелесанду мелесанд ва мехоҳанд дигарҳо мазҳаби худро канор гузоранду ба онҳо бипайванданд.

Ҳар кӣ ба ин гапҳо шак дорад, ба таърихи се даҳсолаи Рашт бингарад, мефаҳмад. Дар як деҳаи дурдасти онҷо низ нозири минтақавиро аз Данғара овардаанд, дар бораи сарватҳои водӣ чизе бештар аз ин намегӯям, ки ҳама ба боло таааллуқ дорад.

Инҳое, ки бо ифтихор худро мубаллиғ ва муттакои давлати Тоҷикон медонанд, ба ҷуз давлати як қабила насохтаанд.

Шак дорам, ки ин қабила дар бораи мардум фикр мекунад, омодаи муколама аст.

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s