
Маҳмудхон Бурҳонов
Имрӯз 29 май солрӯзи таваллуди Қадриддин Аслонов аст. Касе, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзои ӯро мебинем, вале мутаассифона ҳеч ёде аз ӯ намекунем.

Таҳрифе, ки дар таърихи чанддаҳсолаи ахири кишвари мо рух додааст, бовар кунед, дар таърихи чандҳазорсолаи кулли башарият рух надодааст. Зеро имрӯза дар кишвари мо рӯйдодҳои замони истиқлол ба гунае воруна ривоят мешавад, ки аз шунидани он, кас ангушти ҳайрат мегазад. Он рӯзҳо касоне ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон, расман зидди истиқлоли кишвар мавзеъ гирифта ва ҳамчунон тарафдори вобастагии доимӣ ба Кремлин буданд. Вале имрӯз бо тамоми вақоҳат аз онҳо ба унвони поягузору асосгузори истиқлоли кишвар ёд мешавад.
Ва баръакс, аз касоне ҳамчун Қадриддин Аслонов, ки он рӯзҳо барои истиқлоли кишвар заҳмат кашиданд ва ба хотири ҳамин истиқлолхоҳӣ, бо дастони мухолифони истиқлол кушта шуданд, имрӯз дар камоли нобоварӣ ва ноҷавонмардӣ, ҳеч ёде аз онҳо намешавад. Яъне онон, ки он рӯз мухолифи истиқлоли кишвар буданд, дар ривояти имрӯз, поягузори истиқлол қаламдод мешаванд. Ва онон ки он рӯз тарафдор ва поягузори истиқлоли кишвар буданд, дар ин ривоят, аслан ҳеч ҳам қаламдод намешаванд.
Рубрики:Машоҳир