Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо “дурӯғи аҳмақона” хондани иддаои мақомот дар бораи вуҷуди силоҳе, ки дар хонаи бародараш, Муслим Шерзамонов пайдо шудааст, гуфт: “Шоҳидони зиёде вуҷуд доранд, ки дидаанд, чӣ гуна мақомот дар хонаи Муслим силоҳ гузоштаанд. Онҳо аввал ӯро дар утоқи муфаттиш боздошт карда, сипас ба хонааш силоҳ бурдаанд.”

Ба гузориши сайти Паём, мақомоти Тоҷикистон аз боздошти Муслим Шерзамонов, бародари муовини раиси Паёмони Милллии Тоҷикистон, Алим Шерзамонов хабар доданд. Мақомот мегӯянд, ӯ бо Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов, ки дар ҳамлаи мақомот ба хонаи Мазоров кушта шуданд ҳамдаст буда ва дар хонааш силоҳ пайдо шудааст. Алим Шерзамонов ин даъворо “дурӯғи аҳмақона” меномад.
Дар иттилоияи Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи “амалиёт”-и навбатӣ дар Хоруғ омадааст, ки “ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шуд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов 2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.”

Алим Шерзамонов дар посух ба суоли сайти Паём дар бораи ин ки ин даъво то куҷо асос дорад гуфт, он “аз аввал то охир дурӯғ аст”. Ӯ тасреҳ кард: “Муслим бо даъвати муфаттиш ба утоқи ӯ рафтааст ва ҳамонҷо баъди пурсиш боздошт шудааст.”
Дар бораи силоҳе, ки дар хонаи бародараш гӯё пайдо шудааст, муовини раиси ПМТ гуфт: “Одам вақте назди муфаттиш равон аст, дар хонааш, он ҳам назди зану фарзандонаш силоҳ мегузорад? Ин як дурӯғи аҳмақона аст.”
Ӯ ҳамчунин гуфт: “Шоҳидони зиёде вуҷуд доранд, ки дидаанд, чӣ гуна мақомот дар хонаи Муслим силоҳ гузоштаанд. Онҳо аввал ӯро дар утоқи муфаттиш боздошт карда, сипас ба хонааш силоҳ бурдаанд.”
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқи башар