Дидгоҳ

Рустами Ҷонӣ: “Помирӣ ба ҳеч ваҷҳ дигар ба зиндагии то ҷанг наметавонад баргардад”

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, бо баёни ин ки “ҳукумат бо саҳнасозиҳош, мехоҳад намоиш бидиҳад, ки Помирро аз “балои азим” халос кард”, таъкид кардааст: “Аммо помирӣ ба ҳеч ваҷҳ дигар ба зиндагии то ҷанг наметавонад баргардад.”

Матни пурраи ёддошти вай ба шарҳи зерин аст:

“Ҳар ки аз журналистон мехоҳанд аз вазъи Помир нанависанд, шарики ҷинояти бузурганд. Ба табъи дили ҳукумате сухан мегӯянд, ки дар болои хуни шаҳидон базме бо номи “дӯстӣ” барпо мекунад.

Чунинашро таърихи Помир ёд надорад.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Ҳукумат бо саҳнасозиҳош, мехоҳад намоиш бидиҳад, ки Помирро аз “балои азим” халос кард. Баъд аз ин ҳама хунрезиҳои онҳо мардум ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.

Аммо…

Помирӣ ба ҳеч ваҷҳ дигар ба зиндагии то ҷанг наметавонад баргардад. Чунки аз хоки сарзамини худ бӯйи хуни шаҳидонаш ба димоғаш мерасад.”

Вай дар ёддоште дигар бо унвони “Тантанаи лашкари сангакӣ дар Хоруғ”, таъкид карда, ки миёни Толибон ва ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳеч фарқе нест ва фарқ миёни онҳо фақат “дар либоси зоҳир” аст.

Вай афзудааст:

“Афкору равиши давлатдории ин ду аз ҳамдигар фарқе намекунад: ҳар ду ҳам ба хотири манфиат ва лигоми амр мардуми худро азият мекунанд, мекӯшанд ва маҷбур ба фирор доранд.

Ҳар ду ҳам душмани озодианд ва кишварро ба як зиндони бузург табдил додаанд. Дар чашми мардум аз дурӯғу бофтаҳо латтаи сиёҳ мебанданд ва ҳар сари бландро мебуранд.

Имрӯз дар кӯчаҳои Хорӯғ лашкари сангакӣ тантана дошт. Доду фарёд, дашном ба чапу рост, сарҳӯйӣ… Ба гумонашон ҳич кас айши онҳоро талх намекунад дигар.

Паси ин сангҳои бузург чашмҳое онҳоро мебинанд ва манзараҳоро ба зеҳн нақш мебанданд.

Вақте аз кӯҳ санг мерезад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s