Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) саркӯби ваҳшиёна ва систематики ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла таъқибу шиканҷа, боздошту ҳабсҳои тӯлонӣ ва қатлу террор алайҳи мардуми Бадахшонро шадидан маҳкум карда, онро баробар ба наслкушии қавмӣ медонад. Бинобар ин, аз ҳукумат қотеъона талаб менамояд, ки дар асраъи вақт нерӯҳои низомиро аз Бадахшон берун бурда, ба саркӯби мардуми Бадахшон поён диҳад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо ин иқдоми саркӯбгарона ва фоҷеабори худ алайҳи мардуми шарифи Бадахшон, ки дар тӯли таърих то кунун бо мардуми дигар манотиқи Тоҷикистон дар ҳамзистии мусолиматомез ва сулҳу дӯстӣ ба сар мебаранд, на танҳо тухми кинаву адоват байни ақвом ва ҳисси нафрат байни маҳалҳоро доман мезанад, балки заминаи нооромиҳо ва бесуботиҳои баъдиро фароҳам меоварад, ки зарараш ба тамоми миллат хоҳад расид.
Боздошти худсаронаи Толиб Аёмбеков, Мунаввар Шанбиеву дигар фаъолони бадахшонӣ, фишору таъқиби аъзои “Гурӯҳи 44” ва боздошти баъзе аз онҳо, аз ҷумла Фаромуз Иргашев (ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ ва номзади худпешбар дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2020), қатли мармузи Хурсанд Мазорову Зоир Раҷабов, боздошти Муслим Шерзамонов (бародари Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ), ҳабсҳои тӯлонию шиканҷа дар боздоштгоҳҳо алайҳи фаъолони бадахшонӣ ва ғайра, бархе аз саркӯбгариҳои ваҳшиёнаи ахири режими Эмомалӣ Раҳмон алайҳи мардуми Бадахшон мебошад, ки то ҳол ба шиддат идома дорад.
Паймони Миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ин саркӯбгариҳои табъизомез ба фазои бе он ҳам заифи таҳаммулпазирӣ байни мардум ва руҳияи якпорчагӣ ва ваҳдати миллат зарбаи ҷиддие хоҳад зад ва баҳои ин рафтори зиёнбори мақомотро танҳо миллати тоҷик пардохт хоҳад кард.
Паймони Миллии Тоҷикистон
15.06.2022
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа