
Пеш аз баёни асли матлаб, иҷоза бидиҳед, як муқаддима арз кунам. Ва он ин ки: аҳаммияти расона — ки фазои маҷозӣ дар имрӯз кори онро мекунад — ва нақши он дар ташкили афкори умумӣ ва ҷиҳат доданаш ба он дар рӯзгори мо, барои касе пӯшида нест. Ба гунае, ки ҳукуматҳои оқил дар имрӯз ба ҷойи доштани артише мусаллаҳ, саъй мекунанд расонаи қавӣ ва тасиргузор дошта бошанд. Расонаи қавӣ дар имрӯз, дақиқан кори як артишро мекунад.
Усулан, ҳар ҳукумате, дар пайи ду ҳадаф аст; яке, розӣ нигаҳ доштани мардуми худ ва дигар, доро будани ҷойгоҳи муносиб – ва дар сурати имкон, таъсиргузор — дар ҷаҳон. Ҳамаи ҳукуматҳо ба дунболи ин ду ҳадафанд.
Дар ҷаҳони имрӯз, ин ду ҳадафро расона анҷом медиҳад. Яъне, расона дар асри ҳозир агар қавӣ ва таъсиргузор бошад, ҳам метавонад ба мардуми худат ҷиҳат бидиҳад ва ҳам метавонад дар ҷаҳон барои ту ҷойгоҳи муносиб пайдо бикунад. Яке аз аввалин кишварҳое, ки ба ин нукта пай бурда, Бритониё аст. ВВС — ки тақрибан ба ҳамаи забонҳои зиндаи дунё пахш ва дар бештари кишварҳо намояндагӣ ва хабарнигор дорад — мутаъаллиқ ба Бритониё ва маликаи ин кишвар аст. Сипас, Омрико ва соири кишварҳои урупоӣ дар дараҷаи баъд, ҳар як дорои расонаҳо нерӯманде ҳастанд.
Дар кишварҳои арабӣ, Қатар аз аввалин кишварҳое аст, ки ба дунболи ин ҳадаф шудааст. Шабакаи “Алҷазира”, ки мутаъаллиқ ба ин кишвар аст, бахши арабӣ ва англисии он хеле нерӯманд ва таъсиргузор аст. Метавон гуфт, расонае, ки имрӯза афкори умумӣ дар ҷаҳони арабро ташкил ва ё лоақал ба он ҷиҳат мебахшад, ин шабакаи “Алҷазира” аст. Бахши англисии он ҳам бисёр қавист. Агар Қатар як ҷойгоҳи бисёр муносиб ва таъсиргузор дар ҷаҳони имрӯз дорад, ба баракати вуҷуди “Алҷазира” аст. Сармоягузории бисёр азим аз сӯи хонаводаи амири ин мамлакати кучак барои шумори қобили таваҷҷӯҳе аз рӯзномаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, сойтҳо ва ғайра дар ҷаҳони араб ва ҳатто ғайри араб, ба ҳамин манзур будааст.
Соири кишварҳои арабӣ аммо хеле дер ба ин нукта пай бурданд. Дар солҳои ахир, Арабистони Саудӣ низ дар ин росто гомҳои қобили таваҷҷӯҳе бардоштааст. Ин кишвар дар имрӯз ба иловаи шабакаи хабарии “Аларабия”, ҳамчунин ба забонҳои англисӣ ва ҳатто форсӣ низ расонаҳои нерӯманде роҳ андохта ва тавониста ба афкори умумӣ ҷиҳат бидиҳад. Миёни форсизабонҳо ба ғайр аз ВВС, ҳамчунин шабакаи Iran International ҷойгоҳи вежа ва таъсиргузоре пайдо кардааст. Ин шабака мутаъаллиқ ба Арабистони Саудӣ аст.
Хуб, чаро ин муқаддимаро баён кардам? Ҳоло арз мекунам.
Баёни асли матлаб:
Мақомоти Тоҷикистон зоҳиран тоза мутаваҷҷӯҳ шудаанд, ки бояд рӯи афкори умумӣ кор кунанд. Режими Раҳмон нав ба ин нукта пай бурда, ки ташкилдиҳандаи афкори умумӣ ва ҷиҳатдиҳандаи он дар чанд соли ахир, ин мухолифони ӯ буданд ва режим фақат аз худ “дифоъ” мекард.
Ва ин дар ҳолест, ки бар асҳоби расона ва рӯзноманигорони коркушта пӯшида нест ва онҳо хуб медонанд, ки “дифоъ” аз худ, бадтарин шакл аз шаклҳои фаъолияти як рӯзноманигор аст. Касе, ки аз худ “дифоъ” мекунад, дар воқеъ надониста аз касе таблиғ кардааст, ки дифоъкунанда дар мақоми ҳимояти режим ва “пешво”-и худ, аз суханони ӯст. Ин ки режими Раҳмон, дар чанд соли ахир дар фазои маҷозӣ гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва устодони донишгоҳ ва донишҷӯёнро басиҷ карда буд, то ба навиштаҳои ин ё он мухолифи режим “ҷавоб” нависанд, ин кораш беҳтарин таблиғи мухолифонаш буд. Шумо агар маболиғе бисёр ҳангуфт барои расонаӣ шудани номатон харҷ мекардед, кореро, ки “фабрикаи ҷавоб” — ва чӣ муносиб номест! – барои таблиғи шумо кардааст, наметавонистед бикунед. Аммо зоҳиран режим тоза мутаваҷҷеҳ шуда, ки “фабрикаи ҷавоб” дуруст ба нафъи мухолифон ва ба зарару зиёни ӯ будааст. Ва нав фаҳмидааст, ки бояд таъсиргузор ва фаъол буд, на таъсирпазир ва мунфаъил. Яке аз нишонаҳои мунфаъил ва таъсипазир будан, ин “ҷавоб” аст. Яъне кори шумо фақат “дифоъ” аз худ бошад, на ҳуҷум ва на шакл додани афкори умумӣ. Шумо бо “ҷавоб”-и худ, дар воқеъ мухолифи худро барҷаста карда будаед.
Хуб, фаъол ва таъсиргузор будан (ба ҷойи ин ки мудом коратон “ҷавоб” бошад), ба чӣ сурат мешавад? Ин аст он нуктаи асосӣ, ки режими Раҳмон зоҳиран ба он пай бурда ва нигоранда мехоҳам дар бораи ҳамин нукта бинависам.
Ин нуктаро арз кунам ва лозим ба ёдоварист, ки дар асри ҳозир, расонаи қавӣ доштан, лузуман ба ин нест, ки шумо як сойти бисёр нерӯманд ва ё шабакаи телевизиюнӣ ва ё нашрия дошта бошед – албатта, доштани чунин чизҳое лозим аст, вале шарт нест – балки шумо як блогери бисёр машҳур ва серхонанда ва сербинанда бошед. Як блогери барҷаста дар имрӯз, кори як расонаи аризу тавилро анҷом медиҳад. Мардум дар имрӯз ба ҷойи мурури сойтҳои маъруф ва пайгирии ахбор дар шабакаҳои телевизиюнӣ, бештар ба дунболи ин ҳастанд, ки бибинанд, блогерҳо чӣ мегӯянд?! Одамҳо фикр мекунанд (ва дуруст ҳам фикр мекунанд), ки блогерҳо ба касе ва ҷойе вобаста нестанд, онҳо озоданд ва дар ироаи матолиб мустақил.
Зоҳиран, режими Раҳмон ба ин нукта пай бурда. Аз ҳаракоту саканоташ дар вақтҳои ахир, пурравшан аст, ки барои он ки таъсиргузор бошад – на таъсирпазир – ва ё лоақал афкори умумӣ алайҳи ӯ басиҷ нашавад, тарҷеҳ дода (ва афроде дар ниҳодҳое мисли КДАМ тарҷеҳ додаанд), ки ба ҷойи басиҷ кардани “фабрикаи ҷавоб” ва сармоягузорӣ дар ин ҷиҳат, ба ҷойи он, коре ба кори блогерҳои машҳур надошта бошанд; бигузор аҳёнан аз ҳукумат ва мақомот ва афроди бонуфуз дар ҷомеа интиқод кунанд. Албатта, лузуман ба блогерҳо намегӯяд, ки шумо бояд чунину чунон бикунед, балки онҳоро дар ин ки чӣ кор мекунанд ва чӣ мегӯянд, озод мегузорад. Бо онҳо дақиқан ҳамон рафтореро мекунад, ки бо рӯзноманигорони расонаҳои мӯътабар мисли ВСС ва “Алҷазира” мешавад. Рӯзноманигорон дар ин расонаҳо озоданд. Масалан, ҳукумати Қатар ба онҳо амру наҳй намекунад, балки озод мегузорад. Хуб, чаро? Барои он ки мардумӣ будани онҳо ва озод будани онҳо зери суол наравад, то бишавад дар фурсатҳои зарурӣ ва бисёр лозим, аз ин расонаҳо баҳрабардорӣ шавад.
Маъмулан, барои рӯзноманигорони ин расонаҳо ҳеч “хатти қирмизе” ба ҷуз яке ду то намегузоранд. Масалан, дар шабакаи “Алҷазира” фақат як “хатти қирмиз” вуҷуд дорад. Ва он ин ки: аз амири Қатар ва аз сиёсатҳои усулӣ (на фаръӣ)-и Қатар интиқод накунанд. Дигар, дар ҳама чиз озоданд. Чӣ вазиреро интиқод кунанд ва чӣ мақомеро ба ганд бикашанд ва ғайра.
Яке аз нодир кишварҳо дар ҷаҳони араб, ки бо режими “Исроил” муровида ва доду ситад дорад ин Қатар аст. Мардуми ҷаҳони араб аз кишваре, ки бо ин режими кӯдаккуш муровида дошта бошад, хушашон намеояд. Вале оё дидед, як бор ҳам, ҳарчанд як бор, шабакаи “Алҷазира” дар ин хусус чизе гуфта бошад? Оё дидаед, ки шабакаи “Алҷазира” аз вуҷуди дафтарҳои иқтисодии “Исроил” дар Дуҳа (пойтахти Қатар) чизе гуфта бошад? Ҳаргиз ва абадан! Ва ин дар ҳолест, ки ин шабака маъруф аст ба мавозеъи зидди исроилӣ. Ин аст яке аз он “хатти кирмизҳо”.
Ҳоло, зоҳиран дар режими Раҳмон афроде пайдо шудаанд, ки тарҷеҳ додаанд, ҳамин роҳро бипаймоянд. Ин ки дар ин охирҳо дида мешавад, баъзе блогерҳо озоданд ва аҳёнан “шаппотӣ” ҳам мешаванд ва ҳукумат коре ба кори онҳо надорад, далелаш ҳамин аст.
Хуб, оё ин бад аст? Яке аз дӯстон барои ман мегуфт, бигузор чунин бошад. Ва ҷавоби ӯ ин аст, ки бале, бигузор блогерҳо озод бошанд. Ин ҳадафи мост. Вале ба шарти он, ки нохудогоҳ дар ростои аҳдофи режим ва дар майдони ӯ бозӣ накунанд. Ин аст хатар! Як блогери ба зоҳир озод, вақте дар як шароити бисёр ҳассос афкори умумиро аз масоили муҳим ба тарафи дигар мунсариф мекунад, хуб ин хеле хатарнок аст. Режим низ дақиқан ҳаминро мехоҳад.
Дар авҷи бӯҳрони Бадахшон ва ба шаҳодат расидани шуморе аз ҳамватанонамон дар онҷо, якдафъа масъалае ба номи “шаппотӣ шудани” фалон блогер дар расонаҳо ва ин ки бояд аз ӯ дифоъ кард ва ин ки ҳамаи анзор ба сӯи он равона ва масъалаи муҳим аз ёдҳо фаромӯш шавад, хуб ин бисёр хатарнок аст.
Хулоса, мухолифон бояд ҳавоссашон ҷамъ бошад. Рисолати асосии мухолифон дар имрӯз он аст, ки тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд, то режими Раҳмон натавонад афкори умумиро ба сӯи масоили ҷузъӣ равона кунад. Мушкили асосии ҷомеаи мо дар имрӯз ин вуҷуди як режими одамкуш ба номи режими Раҳмон аст ва бояд гӯрашро гум кунад. Ин аст мушкили асосӣ. Ва бинобар ин, ҳар касе, ки бихоҳад аз ин мушкил анзори умуриро мунсариф кунад, ӯ дар ҷиҳати мухолифи манофеъи миллӣ ва дар ҷиҳати мухолифи хостаҳои мардум гом ниҳодааст.
Саломат бошед!
Акс аз сойти БгиДега