Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар ёддоште кӯтоҳ таҳти унвони “Бо калтак садои виҷдонро намешавад “кушт”…”, бо ишора ба боздошти Муҳаммад Султон, афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигор аз сӯи режими Раҳмон ва ин ки “Муҳаммад Султонро ба хотири забони гӯёаш ҳабс карданд” ва низ бо ишора ба сукути бемаънои рӯзноманигорони тоҷик нисбат ба ин қазия, таъкид кардааст: “Ӯро ҳам аз пайи дигар шаҳидони Бадахшон надиданду нагуфтанд ва ба фикрам, ӯ ба гуфтани инҳо ниёз надорад.”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Муҳаммад Султонро ба хотири забони гӯёаш ҳабс карданд.
Ӯ ҳам аз паси Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом ва даҳҳо помирии дигар ҷурмашон ин шуд, ки ситами низомро болои мардум тоқат накарданду фарёд заданд.

Фарёди онҳо, нидои номус, исёни ғурур буд аз ин муҳите, ки рӯз ба рӯз дар гӯҳдони лигомдорони давлат меғутад.
Ва..
Муҳаммад Султон …
Ӯро ҳам аз пайи дигар шаҳидони Бадахшон надиданду нагуфтанд. Ба фикрам ӯ ба гуфтани инҳо ниёз надорад, чунки худаш барои таърих аз худ гуфт:
Марде аз ҷасорат, марде аз ғурур ва марде аз табори Помэрӣ..
ХО-О-ОБО!!!”
Рубрики:Дидгоҳ, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа