Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ дар ёддоште бо унвони “Ҷонкании “режим” баъди воқеаҳои Помир”, сабаби юриши режими Раҳмон ба Бадахшонро “ҷойгузин кардани ҳамшаҳриву ҳамқавму ақрабо дар курсиҳои фармонфармоии Бадахшон ва барои нуфузхоҳии як маҳалл” донист ва таъкид кардааст: “Ҳукумат қасоси сисолаашро аз помириҳо ба сабаби напазируфтани ин имтиёзхоҳӣ гирифт.”
Матни пурраи ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Ҳукумат ҳама ҷоро пур аз навору навиштор кард, ки Бадахшон аз “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” тоза шуд.
Дар наворҳо омирони куштори помириҳо пеши “яроқҳои мусодирашуда” менамуданд ва ровиён аз омадани “сулҳу субот” мегуфтанд.
Дар ин наворҳо талабгорони мансабу мақомро шинохтам, ки ба фикрам, барои ғасбу ғорат боз як фазои “амн” ёфтанд.
Як сабаби дигари ҳуҷум ба Помир ҷойгузин кардани ҳамин ҳамшаҳриву ҳамқавму ақрабо дар курсиҳои фармонфармоии Бадахшон буду барои нуфузхоҳии як маҳалл монд.
Гуфтори ҳукумат аз ин “яроқҳо” ва вуҷуди “гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” дар Бадахшон дурӯғанд. Ин саҳнасозиҳо ба хотири рӯпӯш кардани ҷиноятҳои сангин аст, ки низом бо мардуми бегуноҳ ба хотири ақидаашон кард.
Ҳукумат қасоси сисолаашро аз помириҳо ба сабаби напазируфтани ин имтиёзхоҳӣ гирифт.
Помириҳо фақат бо истифода аз ҳаққи конститутсионии худ хостанд пеши ғасбу ғорату бедодгарии ҳукуматро аз роҳи эътироз ва митинг бигиранд.
Даҳҳо нафар кушта шуд ва озодандешон ва дигарандешони дигар бадтарин рӯзҳои худро дар зиндони низоми золим таҳти шиканҷа мегузаронанд.
Чаро он чи ҳукумат мегӯяд дурӯғ аст?

Чунки маълумот фақат аз як ҷо паҳн мешавад ва имкони тадқиқ ва тафтиши воқеияти он маҳдуд шудааст.
То он замоне, ки маълумот аз чанд манбаъи мустақил ва гуногун тасдиқи худро наёбад, тибқи қавонини Тоҷикистон ва воқеанигорӣ “саҳеҳ” дониста намешавад.
Ҳар журналист, ҳар телевизор ё васоити ахбори чопӣ бе риояи ин қавонин маводдро ҳамчу хабар ва мақола нашр мекунад, қонунро вайрон кардааст.
Инҷо мардум дигар чӣ мегӯяд, “режим” дигар чӣ…
Дигар тарафи масъала инҷост, ки Помир фақат барои тарғибгарони ҳукуматӣ боз асту журналистони мустақил ба онҷо роҳ намеёбанд.
Касе чизи нофор ба ҳукумат нависад ё бигӯяд, бо ӯ чунон кунанд, ки бо журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ Улфат Мамадшоева карданд.
Низом барои ҳифзи қудрати худ, ҳар фикри мухолиф ба мафкураи ақрабоӣ ва маҳалгароиашро маҳв хоҳад кард.
Аммо..
Ҳар низоми аз ин намуд дар охирин рӯзҳои худ ҳамин гуна талвосаи ҷон кунад.”
Рубрики:Дидгоҳ, Сиёсат, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа