Дидгоҳ

“Гурӯҳҳои ҷиноӣ” дар тасаввури Раҳмон чӣ касоне ҳастанд?

Рӯзноманигор, Рустами Ҷонӣ, дар ёддоште кӯтоҳ бо унвони “Паланги кӯҳӣ аз Помир мерасад, навбат бипоед”, бо ишора ба суханони Раҳмон ба раиси ҷадиди ВМКБ, Мирзонаботов, ки “дигар ҳамаҷоро тоза карданд ва дигар набояд онҳо баҳона пеш биоранд, ки “гурӯҳҳои ҷиноӣ” пеши роҳи онҳоро мегиранд”, гуфт: “Гурӯҳи ҷиноӣ” дар тасаввури инҳо касоне ҳастанд, ки давоми ин солҳо бо мансабдорони давлатӣ сахтгир буданд, аз онҳо талаб мекарданд, ки қонунро вайрон накунанд, дар Бадахшон хешпарастиву авомфиребиву ришваситониро ривоҷ надиҳанд. Акнун, ин шағолони гушна баъд аз ин ҷаласа аз Данғара оби даҳонашон рехта, ба Помир мешитобанд.”

Матни пурраи ёддошти Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:

“Бепарда, тунд, густохона, ба шеваи ношоиста, нописандона ба мардум, бо суханони олуда ба дурӯғ ва тӯҳмат, Раҳмон бар фоҷиаи мардуми Помир пой гузошт.

Ӯ гуфт: “Ин коре, ки мо кардем, дар дигар кишварҳо мекунанд…”

Ин гуфтор ва рафтор ба ин маънист, ки минбаъд ҳар кирдори ғайриқонунии мақомот дар марзи Помир ва бо помириҳо равост.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Ин лашкари ваҳшӣ барои ҳар коре рухсатномаи доим гирифт.

Президент ба Мирзонаботов гуфт, дигар ҳамаҷоро тоза карданд ва дигар набояд онҳо баҳона пеш биоранд, ки “гурӯҳҳои ҷиноӣ” пеши роҳи онҳоро мегиранд.

Яъне…

“Гурӯҳи ҷиноӣ” дар тасаввури инҳо касоне, ки давоми ин солҳо бо мансабдорони давлатӣ сахтгир буданд, аз онҳо талаб мекарданд, ки қонунро вайрон накунанд, дар Бадахшон хешпарастиву авомфиребиву ришваситониро ривоҷ надиҳанд.

Акнун

Ин шағолони гӯшна баъд аз ин ҷаласа аз Данғара оби даҳонашон рехта, ба Помир мешитобанд.

Фикр кардаанд, дар ин кӯҳҳо ДИГАР паланг намегардад…

Ҳой!

Инҷо акнун мавсими шикор барои паланги кӯҳӣ оғоз шудааст.. Кунун навбат бипоед…

ХО-О-ОБО!”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s