Паймони Миллии Тоҷикистон аз ҳодисаи дилхарош ва маргбори зилзила дар вилоятҳои Пактиё ва Хусти Афғонистон, ки ба ҷон бохтан ва захмӣ шудани адади бисёре аз шаҳрвандон мунҷар шуд, сахт андуҳгин мебошад.
ПМТ ин мусибати бузургро ба мардуми Афғонистон, бахусус, ба хонаводаҳои доғдору мусибатдида таслият арз намуда, аз даргоҳи Худованд барои даргузаштагон раҳмату мағфират, барои маҷруҳон орзуи саломатӣ ва барои бозмондагон сабру шикебоӣ хоҳон аст.
Паймони Миллии Тоҷикистон
23.06.2022
Рубрики:Баёнияҳо