Дидгоҳ

Заминҳои ҳаққи ҳалоли тоҷикон ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шавад

“Имрӯз аз сустӣ ва бемасъулиятии масъулон, сардорони комиссияҳои тайиншуда ва роҳбарони давлат, сар аз марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, Муродалӣ Алимардон, Хайрулло Шералиев, Сироҷиддин Мӯҳриддин, Азим Иброҳим, Э. Раҳмон ва С. Ятимов муноқишаҳои байни сарҳади давом дорад. Оқибат имрӯз сари ҳарчанд вақт, муноқишаҳои марзи сар зада мардум талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ — иҷтимоӣ дода истодааст. Заминҳое, ки мақомоти Қирғизистон имрӯз талош доранд, беасос аст, бояд заминҳое, ки ба иҷора гирифтаанд ва қирғиз таборҳои дар хоки Тоҷикистон маскун шуда, шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул намоянд ва заминҳои ҳаққи ҳалоли тоҷикон ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шавад…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (3))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (46)

Акнун ба сари мақсад мегузарем, рӯзи 11 январи соли 2014 пас аз оромии нисбие, ки чанд муддат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт, дубора дар байни марзи Ворух ва Оқсойи вилояти Ботканд (замини аз дастрафтаи ҳаққи ҳалоли тоҷикон), байни марзбонони тоҷику қирғиз задухӯрд сар зада ва марзбонон ба сӯи ҳамдигар тир холӣ карданд. Ҳадди ақал аз ҳарду тараф 5 нафар захмӣ шуда ба беморхона интиқол дода шуд.

Рӯзноманигор, Муҳаммади Абдурозиқ, аз хабари бахши радиои ВВС чунин иқтибос овардааст: “Ҳудуди деҳаи Оқ-Сой дар давраи Шӯравӣ ба мӯҳлати 20-сол ба қирғизҳо ба иҷора дода шуда буд, аммо имрӯз Бишкек аз баргардонидани он даст кашида истодааст.“

Хатогии роҳбарони мо дар он аст, ки бояд аҳолии қирғизҳое, ки аз аулҳои худ, аз кӯҳу даштҳо ба замини тайёри обу роҳ дошта, кӯч баста омаданд, ба тобеияти ҷамоати Ворух ба қайд гирифта мешуд.

Ҳамчунин 10-уми июли ҳамин сол як гурӯҳ сокинони деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара аз сӯи марзбонони қирғиз мавриди тирборон қарор гирифтанд. Дар натиҷа як нафар бо номи Шарофиддин Шаропов кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шуданд.

4-уми августи соли 2015 ба иттилои марзбонони тоҷик, сокинони Кӯктоши Қирғизистон аз туфанги шикори ба сӯи сокинони деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара тир кушоданд. Ҳамчунин, қирғизҳо аз шишаҳои моеъи оташангез, ки “Коктейли Молотов“ мегӯянд, истифода бурданд. Дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ду нафари онҳоро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шуд.

Рӯзи 5-уми августи соли 2015 дар марзи деҳаи Овчи Қаълачаи ноҳияи Б. Ғафуров ва деҳаи Мақсати ноҳияи Лайлак муноқиша барои майдони футболбозии мактаби рақами 8-и деҳаи тоҷикнишин — Овчи Қаълача сар мезанад, ки сокинони деҳа қаламрави Тоҷикистон мешуморанд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, вале имрӯз қирғизҳо дар майдони футболбозӣ бозорча ташкил намудаанд, то ки дар оянда ба монанди сарбанди “Головной“-и дарёи Исфара, майдончаи футболбозиро, ин бозорча аз мо гуфта талаб кунанд. Ҳатто дар боми яке аз сокинони деҳаи Овчи Қаълача парчами худро насб карданд, ки ҳама, аз ин ҳодисаи нанговар, аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гашта будем.

Барои огоҳӣ пайдо кардани хонандаи азиз оиди қишлоқи Мақсат, маълумот медиҳем, ки солҳои 60-уми асри гузашта аз қишлоқи Мақсат нишонае набуд, танҳо қишлоқи Қулундӣ буд, ки аз деҳаи Овчи-Қаълача дар масофаи дуртаре воқеъ аст. Тарафи ҷанубӣ деҳаи Овчи-Қаълача ба тарафи нишебиҳои қаторкӯҳи Туркистон чарогоҳӣ деҳаи Овчи-Қаълача ҳисоб мешуд, ҳоло қирғизҳо соҳибанд.

Аз рӯи маълумоти овардашудаи рӯзноманигор, Негматулло Мирсаидов, “деҳаи Мақсат дар хоки Тоҷикистон бунёд шудааст“ ва имрӯз даст ба оринҷ зада истодаанд.

Рӯзҳои 13-14 марти соли 2019 дар як муноқишаи маргвор дар минтақаи марзии Исфара ду нафар, яке аз сокини Хоҷаи Аъло Хусейнхон Ҳакимов ва сокини маҳаллаи Тирдони Ворух Расоиддин Тешаеви 37-сола аз тири силоҳи оташфишонӣ кушта шуданд. Ҳамчунин аз тиру сангандозӣ аз ҳар ду тараф ҳудуди 40 нафар, қисми зиёде аз тарафи Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Муноқишаи хунини рӯзҳои 22-23 июли соли 2019 дар марзи Ворух ва Оқсой рӯй дода, сабаби марги муаллими 52-солаи Ворух Ҷалол Қароев ва ҷароҳат бардоштани беш аз 30 сокини дигар аз ҳарду тараф шуд.

26 июли соли 2019 бо сабаби кушта шудани чанд нафар аз деҳаҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара сафари корӣ дошт ва бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, як ҷоя бо муйсафедони Тоҷикистон ва оқсақолони қирғиз вохӯрӣ мегузаронанд… ва дар вохӯрии охирон (2022) раисҷумҳур дар ноҳияи Исфара ба фаъолони ноҳия насиҳат кард, ба эҳсосот дода нашавед, бо ҳамсояҳо рафтуомад дошта бошед, ин беҳтарин насиҳат ва амали хусусияти хосси инсонӣ аст.

Ҳеҷ шакке нест,вале ба андешаи банда дар сафари кории моҳи июли соли 2019 ба ҷойи бо Сооронбек Жеенбеков, ки хушбин буд, ба соҳили кӯли “Иссиқ-кӯл“ рафта истироҳат намудан…

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи ҳайати кории ҷадиди мутахассисон, вазири корҳои хориҷӣ, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи амнияти миллӣ, топографҳо, картографҳо, геодезистҳо ва аъзои комиссияе, ки 20 сол боз дар муайян намудан ва нуқта гузории сарҳад кор карда истодаанд ба Исфара ҳамроҳ гирифта меомад ва супориши қатъӣ медод, то ки дар муайян намудани марз ва нуқтагузорӣ даст ба кор мегирифтанд.

Ду раисиҷумҳур ба ҷои соҳили Иссиқ-кӯл дар истироҳатгоҳи “Зумрад“ истироҳат намуда, ҳар шаб масъулинро ба штаб даъват карда мешуд, яъне ҳар ду тараф дар як ҳуҷра гузориш медоданд. То ки нуқта ва сарҳадҳои баҳсангез на танҳо роҳи байни Хоҷаи Аъло ва Ворух, балки кулли марзи ноҳияи Исфара ҳалли худро меёфт.

Муаммои асосӣ дар гуфтушунидҳои сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо гузашти 20 сол додани роҳи алтернативӣ ба деҳаи Ворух ҳалли худро намеёбад. Ҳарчанд барои кушодани роҳ ба Ворух то ҳол ду санад имзо шудааст.

Бори аввал соли 2014 ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба созиш расида буданд, ки баробари иҷозат додан ба роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ, ҳамзамон роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло-Ворух сохта мешуд. Роҳи Оқ-Сой-Тамдиқро қирғизҳо бунёд намуданд. Аммо ба гуфтаи вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Мӯҳриддин, ҷониби қирғизҳо ин санадро иҷро накарданд: яъне роҳи байни Хоҷаи Аъло-Ворухро насохтаанд.

Чаро, Қирғизистон роҳи моро сохта диҳад?

Суоле пайдо мешавад, ки чаро сари вақт худи Шумо насохтед?

Медонед чаро?

Барои Шумо на танҳо роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух, балки кулли роҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ муҳим нест?

Ягона роҳи пулакие, ки аз ҳисоби қарзи миллат сохта шуд, ин роҳи Чаноқ (Масчо)-Душанбе буда, пули мардуми вилояти Суғдро ҳар рӯз ҷамоварӣ намуда истадаанд.

Оиди санади дуюми роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух каме дар поён истода мегузарем.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд, ки рӯзи 8 майи соли 2020 дар натиҷаи муноқиша дар марз ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ гашт. Аз тарафи сарҳадбонони Қирғизистон ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир холӣ карда шуд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов – 37-сола ва Айёмиддин Шарипови – 49-сола захм бардоштанд.

Агар роҳи байни Хоҷаи Аъло-Ворух сохта ва ба марз нуқтагузорӣ мешуд, мумкин хунрезиҳои имрӯза хотима меёфт ва даъвоҳои беасоси имрӯзаи Содир Жапаров ва Қамчибек Ташиев ҳам ахбороти намешуд…

Деҳаи Ворух аз ҷумлаи деҳаҳоест, ки ягон вақт аз як вулусволӣ ба дигар вулусволӣ ва ё аз як округ ба дигар округ нагузашта, ягон вақт анклава ҳам набуд, даъвои ин сарварони баландпояи Қирғизистон беасос аст.

Имрӯз аз сустӣ ва бемасъулиятии масъулон, сардорони комиссияҳои тайиншуда ва роҳбарони давлат, сар аз марҳум Қаҳҳор Маҳкамов, Муродалӣ Алимардон, Хайрулло Шералиев, Сироҷиддин Мӯҳриддин, Азим Иброҳим, Э. Раҳмон ва С. Ятимов муноқишаҳои байни сарҳади давом дорад. Оқибат имрӯз сари ҳарчанд вақт, муноқишаҳои марзи сар зада мардум талафоти ҷонӣ ва иқтисодӣ — иҷтимоӣ дода истодааст.

Заминҳое, ки мақомоти Қирғизистон имрӯз талош доранд, беасос аст, бояд заминҳое, ки ба иҷора гирифтаанд ва қирғиз таборҳои дар хоки Тоҷикистон маскун шуда, шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул намоянд ва заминҳои ҳаққи ҳалоли тоҷикон ба қаламрави Тоҷикистон ворид карда шавад.

Барои мардуми деҳаҳои Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аъло ва Ворух аз ҳама алам овараш дар он аст, ки онҳо барои ҳимояи марз даҳҳо нафар ҷони худро доданд, вале ягон нафар аз ҳукумати маҳаллӣ ва ё баландпоя, ҳамдарди баён накардаанд.

Ногуфта намонад, ки солҳои охир раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вақти муноқишаҳо ҳозир аст ва ба зарар дидагон кӯмаки молӣ расонда истодааст.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s