Дидгоҳ

Агар Содир Жаппаров масъулияташро ҳис мекард, ҳеч гоҳ сухани “ин замини мост”-и дурӯғро намегуфт

“Агар Содир Жаппаров каме зиракии сиёсӣ ва ахлоқи инсонӣ медошт, масъулияташро ҳис мекард, ки ӯ чӣ масъулият дорад, ҳеч гоҳ сухани “ин замини мост”-и дурӯғро намегуфт… Даъвои Содир Жаппаров сад дар сад беасос аст. Чунки заминҳои баҳсии байни Тоҷикистону Қирғизистон, хоки ҳаққи ҳалоли тоҷикон аст. Қирғизҳо қисмеро ба иҷора, қисмеро ғасб намуда имрӯз даъво доранд, ки заминҳои баҳсӣ хоки онҳо аст…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (4))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (47)

Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд, ба масъалаи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дахл карда, гуфтааст: “Агар таърихро варақ занем, дар гузашта Боткент ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикҳо қирғизҳоро оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон як муаммои мушкилзо шуд.”

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар 15-20 соли охир борҳо шоҳиди ҷангу хунрезӣ шудааст, ки ҳайати расмии Тоҷикистону Қирғизистон борҳо ба созиш мерасанд, марз ором мешавад, вале оқибат натиҷа нест, пас аз чанд вақт боз муноқишаи нав, баҳонаи нав ба вуҷуд меояд. Муовинони нахуствазирони Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Қирғизистон Жониш Раззоқов борҳо вохӯрданд, ошӣ оштиро хӯрда протоколҳоро имзо гузоштанд ва боз аз нав муноқиша мехезад. Бояд қайд намоям, ки бисёр вақт оромӣ аз тарафи мардуми мулкӣ ва сарбозони қирғиз вайрон карда мешавад.

Яке аз рӯзҳои даҳшатноктарини марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин рӯзҳои 28-ум, 29-ум ва 30-уми соли 2021-ум аст, ки ҳамчун рӯзи хунин дар таърихи Тоҷикистон қайд шудааст. Задухӯрд ва даргириҳо аз сарҳади ноҳияҳои Исфараю Боткент оғоз шуда, то марзи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон давом карда, нерӯҳои марзбононии Тоҷикистон ва аҳолии маҳаллӣ тавонистанд пойгоҳи обтақсимкунакӣ “Головной“, заминҳои баҳсӣ, роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро ба даст дароваранд, ҳатто то даргирии казармаи сарбозон ва афсарони қирғиз ба манфиати Тоҷикистон ҳал шуда буд. Вале то охир мавқеъро масъулин дошта натавонистанд. Яъне, яке аз нуқтаҳои сарчашмаи муноқиша, ки обтақсимкунакӣ “Головной“ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ буда, аз тарафи қирғизҳо бунёд шудааст, боз ба зери назорати қирғизҳо гузашт… Хулоса, ҳалли марз дар ҳолати пештарааш боқӣ монд.

Вале дар ин задухӯрд, аз тарафи Қирғизистон 36 нафар кушта ва 153 нафар захмӣ талафоти ҷонӣ дода шуд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар шаҳид ва 87 нафар ҷароҳат дошта ба қайд гирифта шуд. Ҳамагӣ аз ду тараф 55 нафар кушта ва шаҳид ва 240 захмӣ дар рӯзҳои хунин боқӣ монд.

Сабаби асосии ин задухӯрд аз барои нобаробар тақсим намудани об дар назди обтақсимкунакӣ “Головной“ ва заминҳои баҳсӣ оғоз шуд.

Дар тирпарронии назди обтақсимкунакӣ “Головной“ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода захмӣ шуда, аввал дар беморхонаи шаҳрии Исфара бистарӣ шуда ва сипас ба беморхонаи клиникавии вилоятии Суғд интиқол дода мешавад.

Дар пайи муноқишаҳои марзии моҳи апрели соли 2021 аз ҷониби мақомоти қирғиз ду шаҳрванди Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ҷамоати Хистеварз, ноҳияи Б. Ғафуров, Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов боздошт шуда, моҳи сентябри соли 2021 бар асосӣ моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон ба ҳабси ҳукми абад маҳкум карда шуд. Вале пайвандони маҳкумшудагон аз беадолатии қарори суд шикоят карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10-ум ва 11-уми декабри ҳамин сол (2021), Додгоҳи ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳукми абади Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бознигарӣ намуда, ҳукми онҳо ба 20 сол пойин оварда шуд. Пайвандон арз доранд, ки муборизаро то озод намудани маҳбусони худ давом медиҳанд.

Дар даҳаи дуюми моҳи июни соли 2022 маҳбусони тоҷик Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Миллатеро мисол меорам, ки барои озод кардани як нафар капрал (ефрейтор)-и худ бо номи Гилад Шалит бар ивази 1027 маҳбусони низомӣ, сиёсӣ ва ғайраи фаластиниҳ розӣ шудааст. Ин миллат — миллати Исроил аст, ки масъулини он миллат, қадри як афсарашро аз 1027 маҳбусони фаластинӣ боло донист. Миллати Фаластин 74 сол аст, ки бар зидди золими ғосибгари режими саҳюнистӣ барои як ваҷаб хоки худ истодагарӣ карда истодааст.

Ё ки мисоли дигар, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ба ин мазмун гуфтааст, ки ман аз ҳар ваҷаб хоки (замини) Афғонистон бар ивази ҷонам дифоъ мекунам.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жаппаров рӯзи 23-уми октябр зимни нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигорон посух дода, Адахон Мадумаров, Котиби вақтии Шӯрои амнияти Қирғизистонро, ки соли 2009 ба протоколи ба иҷора додани 275 метрии соҳили дарёи Исфара бо мӯҳлати 49 сол аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистонро маҳкум намуда мегӯяд, ки ӯ ҳуқуқи имзо гузоштани протоколро надошт.

Дар ин минтақаи 275 метрии замини Тоҷикистон, Қирғизистон пули шоҳроҳи Ӯш-Кӯктош-Исфанаро сохта ба истифода додааст, ки ин ҳам яке аз нуқтаҳои муноқиша ба шумор меравад.

Дар идома ӯ дар посух ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб дода мегӯяд, ки тоҷикон ин порчаи замини худро бо мӯҳлати 49 сол ба иҷора додаанд. Ва ман мегӯям, ки не, ин замини мост.

Агар Содир Жаппаров каме зиракии сиёсӣ ва ахлоқи инсонӣ медошт, масъулияташро ҳис мекард, ки ӯ чӣ масъулият дорад, ҳеч гоҳ сухани “ин замини мост”-и дурӯғро намегуфт.

Содир Жаппаров дар давоми суолу ҷавоб марзҳои баҳсангези байни Ворух-Оқсой, Сомониён, Хоҷаи Аъло, Кӯктош ва марзи байни ноҳияи Б. Ғафуров ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон гуфта гузашт, ки оиди ин марзҳо банда дар боло гуфта гузашта будам.

Даъвои Содир Жаппаров сад дар сад беасос аст. Чунки заминҳои баҳсии байни Тоҷикистону Қирғизистон, хоки ҳаққи ҳалоли тоҷикон аст. Қирғизҳо қисмеро ба иҷора, қисмеро ғасб намуда имрӯз даъво доранд, ки заминҳои баҳсӣ хоки онҳо аст.

Ҳамзамон, собиқ сардори шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбек Кулибоев, раванди гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон шарҳ медиҳад. Тибқи иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Жеенбек Кулибоев дар сӯҳбат ба расона гуфтааст: “Гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар дар мавриди таъйин ва нишонагузории марзи давлатӣ кор мекунанд ва пас гуфтугӯҳо дар сатҳи роҳбарони давлатҳо идома хоҳад кард.”

Ӯ мегӯяд, ки роҳбарони минтақаҳои марзӣ низ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар сатҳи худ кор мекунанд, ки ин муҳим аст. Сокинони маҳаллӣ нисбати шахсони аз марказҳо омада беҳтару хубтар медонанд. Вазифаи давлат ҳам ташкили шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинони маҳаллӣ аст.

Дар интиҳо Жеенбек Кулибоев нуқтаи ҷолиберо мегуяд: “Мо мехоҳем манфиатҳои ҳар ду тараф гирифта шавад. Ҳеҷ тарафе набояд зарар бубинад.”

Суоле ба вуҷуд меояд, ки чаро асосан суханҳои тарафи Қирғизистон оварда шудааст? Тарафи Тоҷикистон бисёртар ором мешинанд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гуфтани сухани ҳақ, аз рӯи мақоли “Забон лахми гӯшт аст, аз гуфтан, нагуфтан беҳтар аст“ кор мегиранд…

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s