Дидгоҳ

Кадом ваҳдат? Кадом Сулҳ?

Меҳмоншоҳ Шарифов

Зигмунд Фройд (Sigmund Freud) соли 1915 мақолае навишта, ки ҷавоби бисёр пурсишҳои имрӯзро дар робита ба руйдодҳое Бадахшон он ҷо метавон пайдо кард.

Дар раванди воқеаҳои баъди ноябри 2021 то моҳи майи 2022 дар Бадахшон, қисме аз мардум ҳанӯз умед дошт, ки ин ҳукумат барои ин ҳама мушкилиҳо роҳи ҳалли инсонӣ пайдо мекунад. Вале коре карданд, ки (ҳама медонем)

Бубинед, ба ҷои фазои умумии (public space) гуфтугӯ ташкил кардан ва мушкилиҳоро ҳал намудан, ин гурӯҳи бо ном ҳукумат мардумро аз воқеияти асл ҷудо сохтанд, аз худ фаришта тарошиданд ва мардумро ба ду қисм тақсим намуданд ва қисмеро душмани башарият эълон карданд ва ба куштанашон фатво доданд; ин корро “савоб” донистанд.

Чунин ҳукумати беҳис, дур аз одамият ва бегона аз мардумро, ки сулҳаш бадтар аз ҷангаш ҳаст, ҳанӯз касе ёд надорад. Бале, аз як сӯ бесалоҳиятӣ, нотавонӣ дар сиёсат ва сохтани зиндагии мардум дар Бадахшон (ва на танҳо дар Бадахшон), аз сӯи дигар хусусӣ шудани давлат, ки инҷо қабилаи тасмимгираш дар маҳдудаҳои қавмӣ-қабилавӣ ва маҳаллӣ-музофотии худ мондаанд ва ҳанӯз ҳам дар мағзи онҳо “кӯлобӣ” бо “помирӣ” дар ҷанг аст, боиси сар задани ин фоҷеа шуданд.

Дақиқан, ҳамин бефарҳангӣ ва набудан дар сатҳи фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ боиси нашинохтани фарҳангҳои музофотҳои дигари Тоҷикистон гашта. Ин қавм на фарҳанги бадахшӣ, на фарҳанги раштӣ, на фарҳанги суғдӣ ва на фарҳанги хатлонӣ ва умуман инсониро шинохтаанд.

Меҳмоншоҳ Шарифов, файласуфи ҷомеашинос

Гузашта аз ин худхоҳӣ, бахилӣ, ҳасодат ва ғуломи нафс будани роҳбарони ин ҳукумат нуктаи калидӣ дар ин фоҷеаи инсонӣ дар Бадахшонанд. Ин муҳитест, ки арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои фарҳангӣ дар кор нестанд ва нафс тарбият намеёбад ва ғаризаҳои бунёдии ҳайвони дигар намешаванд.

Ин аст, ки бисёр тасмимҳояшон дар сатҳи ғаризаҳои ҳайвониянд, ки баъдан шоир — сиёсатшинос -рӯзноманигор — хокшапҳо бо ҳарфҳо ва маъниҳои қарз гирифта чаканпӯш мекунанд ва барои будани ин ваҳшӣ ва ин ваҳшоният ҷойи пой ташкил мекунанд. Ин аст, ки агар пештар байни сатрҳо маънӣ меҷустанд, имруз байни сатрҳо дарандае ваҳшӣ мехазад.

Нуқтаи марказии ин фоҷеа бо ваҳшоният қатл кардани мардуми бесилоҳ ва атрофи ҷасадҳои шаҳидон саҳнаҳои гуногун ташкил кардани ин махлуқҳо буд. Ин бераҳмӣ, беимонӣ ва бетафовутӣ нисбат ба дарду ҳисси як инсон, нисбат ба ҳаёти як инсон аз куҷо бархоста. Ва ин мардуми беҳис, бедард ва аз одамият дур, ки тавонанд мардуми мулкиро ба осонӣ ва эҷодкорона қатл кардан аз куҷо оварда шудаанд ва бо кадом идеология ва бо кадом китоби муқаддас ба онҳо фатвое чунин додаанд.

Ин корро, ки ин одамкушҳо дар Рӯшон карданд, бо душман намекунанд ва дар ҷаҳони ботамаддун бо асир чунин таҳқир ва азобро раво намебинанд ва ҳеч гоҳ ин корро намекунанд ва ҳоло он ки ин мардум асир набуданд ва бо касе дар ҳоли ҷанг набуданд.

Ин ҳама амалҳо дур аз ҳарфу маънӣ, дур аз гуфтугӯ ва сиёсат ва танҳо дар сатҳи ғаризаҳои ҳайвонии инсонҳо амалӣ шудаанд. Ин ҷо ҳиссу ақли инсон дигар дар кор набудааст. Дуруст аст, ки зархаридҳое ҳам будаанд, ки барои пул ба ҳама кор тайёранд, вале аслан тасмимгирҳои дар сатҳи нафси бетарбият (аммора) буда, ҷавобгӯи ин амалҳои зидди инсониянд. Албатта ҳайвон бо ҳамзоти худ ин корро намекунад ва ин ҷо ин қавмро “ҳайвон” гуфтан таҳқири ҳайвон аст.

Бубинед, бӯҳрони давомдор, муҳоҷират ва мардуми рӯ ба раҳми Худо дар Руссия ва дар ватан барои худ фазое сохта буданд, ки болои умедҳо, орзуҳо, ормонҳо ва хаёлоти ояндаи хуби инсонӣ сохта шуда буд… Мардум умеде дошт, ки вақти зистан дар ҷомеаи инсонӣ ҳам мерасад.

Бале, мардумро куштанд ва ҳатто ҷавонмардонро аз Русия дуздида оварда зиндонӣ карданд, вале бехабар аз он ки фазои руйи умеду орзу ва ормонҳо сохта шуда ҳеч гоҳ шикаста намешавад… ва он боз ҳам сабз чун озодӣ сабз мешавад.

Дар ин раванд исбот шуд, ки ҳукумат аз мардум сахт бегона аст ва мардуми бегуноҳро ба хоку хун кашид ва охирин бовариву имони мардумро аз байн бурд ва машрӯияти худро пурра аз байн бурд. Машрӯияти ҳар гуна ҳукумат ҳам ин боварӣ ва имони мардум аст.

Ва ҳатто касонеро, ки миёнарав буданд ва байни мақомот ва мардум гуфтугӯро ташкил мекарданд боздошт ва зиндонӣ карданд, ки дар таърихи инсоният бесобиқа аст ва дар ягон ҷойи дунё ин беқонунӣ ва бефарҳангӣ дида нашуда. Ва ин амал боз ҳам ишорат ба ин дорад, ки тасмимҳоро дар сатҳи ғаризаҳои ҳайвонӣ (instinct) мегиранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s