Дидгоҳ

Чаро ҳукумат омилони куштори тоҷиконро дар пайгарди байналмилалӣ қарор намедиҳад?

“Пас аз рӯзи хунини моҳи апрели соли 2021, мақомоти иҷроияи Ҳукумати Қирғизистон зиёда 20 нафар шаҳрвандони Ворух ва Чоркӯҳро дар пайгарди байналмилалӣ қарор дод… Дар моҷароҳои марзӣ, чандин сокинони Тоҷикистон куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодиса аз тарафи мақомоти Точикистон дар пайгарди байналмиллалӣ дода намешаванд? Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъалаи мудҳиш овозе баланд намекунад? Чаро? Ба хотире, ки тиҷорати Соҳибов Шамсулло зарар набинад ва ҳам роҳи САЙРХАТИ гузарондани маводди мухаддир барҳам дода нашавад? Ба болои сӯхта намакоб, боз бар болои шаҳрвандони худ доимо зулм болои зулм аст…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (5))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (48)

Дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ тақсимоти солҳои аввали таъсисёбии ҷумҳурӣ, яъне солҳои 1924-1927, хатти марз муайян карда шуда буд.

Бародарони қирғиз қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумирусиягии аз 4-уми майи соли 1925 ва қарорҳои минбаъда оиди дурустии кори комиссия дар масъалаи сарҳадро эътироф намекунанд.

Ва дар муқобил, қарорҳои яктарафа қабул гардидаи солҳои 1958-1959- ро қотеъона дастурамал мешуморанд, ки ин асос надорад.

Тибқи санадҳои таърихи соли 1958, аз ҳудуди ноҳияҳои Б. Ғафуров (Хуҷанд) 56 000 га, Конибодом 10 800 га, Исфара 32 780 га ва ғайра замини Тоҷикистон ба қирғизҳо ба иҷора бо мӯҳлати 25 сол дода мешавад, вале имрӯз на танҳо дарди сар шуд, балки ба хунрезӣ оварда расонда истодааст.

Инҷо овардани мақоли “Дузди зӯр соҳиби молро бастааст“-ро ба маврид донистам.

Пас аз рӯзи хунини моҳи апрели соли 2021, мақомоти иҷроияи Ҳукумати Қирғизистон зиёда 20 нафар шаҳрвандони Ворух ва Чоркӯҳро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Дар асоси ин пайгард, яъне бо талаби мақомоти Ҷумҳурии Қирғизистон, ду шаҳрванди кишвари Тоҷикистон дар Федератсияи Русия: Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев бо иттиҳоми бенизомӣ ва даст доштан дастгир шуданд, ки ин беасос буд ва онҳо озод шуданд.

Дар моҷароҳои марзӣ, чандин сокинони Тоҷикистон низ куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодиса аз тарафи мақомоти Точикистон дар пайгарди байналмиллалӣ дода намешаванд?

Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди ин масъалаи мудҳиш овозе баланд намекунад?

Чаро? Ба хотире, ки тиҷорати Соҳибов Шамсулло зарар набинад ва ҳам роҳи САЙРХАТИ гузарондани маводди мухаддир барҳам дода нашавад?

Ба болои сӯхта намакоб, боз бар болои шаҳрвандони худ доимо зулм болои зулм аст…

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, фикру андешаи яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоиро пешкаши Шумо менамоям:

“Рӯзи 24.07.2019 Меҳроби Анӯшервон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолае бо номи “Мутамаркази“-и муттаҳамро нашр намуд.

Сухан оиди ҳодисаҳои нохуши деҳоти Ворух ва Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон меравад, ки Шумо аз воситаҳои ахбори омма огоҳ ҳастед. “Ҳамчунон, ки дар баҳори соли 2019 ба пайвандони кушташудагони ноҳияи Исфара ягон нафар аз масъулин изҳори ҳамдардӣ баён накарда, балки бо хатми моҷаро мардуми бумии марзи кишварро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда мавриди истинтоқ қарор доданд. Афзун бар ин волидони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ворухро, ки дар сӯги шаҳидони худ кабуд пӯш шуда буданд, чӣ зан ва чӣ мард ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват карда, дар таҳхонаи “ИВС“ маҳкам карданд ва шарт гузоштанд, ки писаронатон аз Русия омада ба хизмати ҳарбӣ меравад, он гоҳ Шумо озод хоҳед шуд. Ҳам бонги хатар ва ҳам бонги изтироб, расонаҳои иҷтимоӣ ва байналмилалиро фаро гирифт, аммо то фарзандони ворухӣ барнагаштанд ва аскарӣ интихоб накарданд, волидони онҳоро раҳо накарданд...”

Ин ҳолат на танҳо дар Ворух, балки дар Чоркӯҳ ҳам такрор шуд.

Чунин рафтори ваҳшиёна, золимона ва ғайри инсониро маҳкум мекунам.

Мисоли дигар аз муроҷиатномаи мардуми деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ:

Ба вазири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон РАҲИМЗОДА Р. Ҳ.

(Барои огоҳ гаштани миллат, аз зулму шиканҷаи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ нисбати шаҳрвандони худ, дар шакли кӯтоҳ карда шуда аз муроҷиатнома чанд иқтибосе меорам.)

Мӯҳтарам вазир мо шуморо ҳамчун марди баномус, эҳтиром мекунем. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки пеши ин бедодгариҳои милисаҳои Ворух бо сардории Субҳон Мирализода ва милисаҳои Чоркӯҳ бо сардории Раҳмонзода Анвар Хол гирифта шавад. Чунки барои муҳофизати марзу бум омода бошанд, баръакс мардуми ҷабрдидаи наздисарҳадӣ мисли солҳои пешин аз тарафи онҳо ва кормандонашон саркӯб мешаванд.”

Мо аз тоҷик будани ин ду нафар шубҳа дорем. Зеро тоҷикбадбиние, ки ин ду нафар дорад, ҳадду канор надорад. Зеро тоҷик ин қадар беодоб, бетамиз ва даҳонаш фаҳш намешавад. Тоҷик каме раҳму шавқат дорад, ин ду нафар, беодоби бетамизи тасодуфӣ, ки ҳатто аз кӯчаи одамигарӣ нагузаштааст? Ин ду нафар оддитарин хислати инсониро надоранд. Бо бадтарин алфоз мардумро ҳақорату дашномҳои вазнинтарин аз номусаш мекунанд. Мо қотеъона талаб мекунем, ки ин ду нафари “ғайритоҷик”, ки миллати тоҷикро чашми диданӣ надоранд, дидаву дониста ба Шумо маълумоти бардурӯғ медиҳанд, аз вазифа дур карда шавад.

Магар мо гунаҳкорем аз тоҷик буданамон ё аз Ворухи буданамон?!

Магар онҳо ҳуввияти миллӣ надоранд?

Ба ҷои онки мардуми худро дар ин рӯзҳо дастгири ва пуштибонӣ кунанд чун солҳои 2014 саркӯб карда истодаанд. Агар онҳо зӯр бошанд барои чи зидди душман мубориза намебаранд? Вақте,ки ба онҳо норозигӣ мекунем, ҷавоб медиҳанд, ки мо бо супориши Навҷувонов ин корро мекунем. Наход ки генерале,ки мо такя ба он кас мекунему эҳтиром дорем, чунин супориш дода бошад!

Инҷо пораеро аз муроҷиатнома овардам, пораи дигарашро дар банди шашум интишор менамоям.

Идома дорад

Оставьте комментарий