Дидгоҳ

Золимоне манқурт мисли Раҳмонзода Анвар Хол ва Субҳон Мирализода фавран аз масъулият сабукдӯш шаванд

“Барои дур кардани золимоне манқурт мисли Раҳмонзода Анвар Хол аз масъулият, банда пешниҳод дорам: шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ буда барҳам дода шавад… Субҳон Мирализода ва Раҳмонзода Анвар Хол аз вазифаашон сабукдӯш ва ба зодгоҳашон интиқол дода шаванд… Дар сурати сабукдӯш накардан, бо мактуби шикояти бо додситон муроҷиат карда шавад, то ки бо роҳҳои қонунӣ ба додгоҳ кашида шаванд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (6))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (49)

Ҷинояткори дигар сарвари митақавии шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и ҷамоати “Чоркӯҳ“ Раҳмонзода Анвар Хол аст. Ин золими беадаб.

Аз рӯзи аввали ба вазифа таъин шуданаш ба “террори” мардуми маҳалӣ шурӯъ кард. Тамоми он ҷавонони шуҷое, ки бо фармони Ҷаноби Олӣ барои дифои сарҳад омода шуда буданд, зери фишори ин нафари аз кӯчаи одоб нагузашта зери шиканҷа қарор гирифтанд. Ҳар яке аз он ҷавононро ӯ ба сӯҳбат даъват карда бо бадтарин алфоз ҳақорату дашном намуд ва эълон кард, ки минбаъд ҳар касе, ки ба қирғиз вокунише нишон медиҳад, душмани шахсии ӯст ва агар даркор шавад бо оилааш аз ин деҳа берун хоҳад кард. Яъне ӯ аз мастии вазифааш худро боло аз Президенти кишвар меҳисобад. Аз ин гуфтаҳои ӯ мо фикр мекунем, ки ин нафар, шояд ҷосуси Қиргизистон бошад. Чунки тамоми маълумотҳои дақиқ оиди шахсиятҳои тоҷикони назди марзӣ, ки вокуниши аз ҳама зиёд ба қиргиз мекунанд ба дасти қиргизҳо расидааст ва онҳо ин тоҷиконро ба ҷустуҷӯи байналхалқӣ додаанд.”

Ӯ ба ҷои иҷро намудани масъулияти худ ба тоҷирони тобеъияти қаламрави худ бо бастани “доля“ овора аст.

Раҳмонзода Хол ба ҳар яке аз савдогарони маҳаллӣ, аз ҷумла нафароне, ки ба фурӯши семент ва дигар лавозимоти сохтмонӣ машғуланд. Ба ҳар яке аз қочоқгарони майдаву хурд аз тарафи ӯ вобаста бо ҳаҷми қочоқашон аз 2000 сомонӣ то 5000 сомонӣ “доля” баста шудааст. Қочоқи ғайриқонунӣ баъди ба вазифа таъин шудани ин нафар дубора ба дараҷаи олиаш расидааст.

Бо қиргизҳои ҳамтоаш равобити ғайриқонуниро барои қочоқ ба роҳ монда пайваста онҳоро ба ошхонаи “ Сибири Чоркӯҳ “ меорад ва ба онҳо ош карда медиҳад.

Аз ҷумла баъди санаи 27.01.2022 баъди тирборон шудани 3 минтақаи Исфара ва шаҳид шудани 2 шаҳрванди осоишта Раҳмонзода Хол аллакай санаи 28.01.2022, беномусона дар ошхонаи Сибир ба зиёда аз 20 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқи қирғиз, ки дар қатлу куштори тоҷикон даст доштанд, оши 1×1 ташкил карда дод. Танҳо ба хотире, ки канали қочоқе, ки аз он ӯ фоидаи молӣ мебинад ва бо ин кораш ба буҷаи ҷумҳурӣ зарар ворид мекунад.

Ӯ дар муддати кӯтоҳи роҳбариаш ба ҷойи бо ҷомеа корҳои тарғиботиву ташфиқоти бурдан, пасткардани сатҳи ҷинояткорӣ, ба шикастдодани ҷавонони матину диловар ва ватандӯсту ватанпарвар оғоз карда ғурури миллӣ ва ҳиссиёти ватандӯстии ҷавононро шикаста аз ҳукумату давлат онҳоро дилсард гардонида истодааст.

Мисол тибқи иттилои дар даст доштаи мо тақрибан 21 январи соли 2022 дар Чорроҳаи Зарафшон як Сокини Сомониён ҷавони ниҳоят Ватандӯст Мақсад Ҷумаевро ҳангоми дар чорроҳа қарор доштанаш бе ягон асос ҳақоратҳои ба мисли очатро г… занатро г… апатро г… аз инҷо нест шав гуфта, ҳақорат борон кардааст. Чун ӯ аз ошкор шудани бизнеси қочоқаш (контрбадааш) метарсад.

Бо қирғизҳо бошад мисли писару падар муносибат дорад, пайваста дар ошхонаи Сибир Оши 1×1 ташкил карда медиҳад. Санаи 27 — ӯми январи соли 2022 дар назди роҳи 275 метра даҳҳо нафар мардуме, ки барои ҳимояи хоки Ватан ҳозир шуда буданд бо бадтарин алфоз аз ҷумлаи зани ҳамаатро “м…”, духтаратонро м… м, ҳақорат кард, ки ба ин суханҳои ифлостарини ин тоҷикбадбин яке аз ҳозирин, сокини Чоркӯҳ Абдурашид Абдуразокзода тоқат накард ва ба суханҳои ӯ ҷавоб дод, ки ту ҳақ надори мо мардуми бегуноҳро аз номус ҳақорат кунӣ. Анвар Раҳмонзода дар назди ҳамин қадар мардум ӯро бо шатта зада чун ҳарвақта аз одати ҳайвониаш истифода карда бо бадтарин алфози дар боло оварда шуда ӯро зери ҳақорат гирифт. Сипас дарҳол кормандони милиса ин шаҳрвандро боздошт намуда дар назди мардум ба латукӯбкуни шурӯъ карданд ва ӯро ба шӯъба бурда зиёда аз 10 рӯз зери латукӯб қарор доданд.

Чаро Анвар Рахмонзода Хол миёни ҷавонони фаъоли маҳаллаи назди сарҳадии Сомониёнро шикастанист? ба мо “муаммост”. Яке аз чунин ҷавонони фаъолро, ки аз аввалинҳо шуда синаи хешро сипар карда дар сафи аввали муноқиша бо қиргизҳо меҷангад Сафаров Нуъмонбой аст, ки ҳатто киргизҳо нисбаташ чанд маротиба суйқасд ташкил карда буданд. Дар назди ҷамъи сокинони Сомониён дар мазҳари омма Анвар бо ҳамон одати ҳайвониаш заната г… хоҳарта г…модарта г… гуфта ҳақорат борон намуд. Магар таҳқири як модари Тоҷик ин таҳқири тамоми модарони тоҷик нест?

Боварӣ надорам, ки Ҷаноби Олӣ ба ӯ чунин супориш дода бошанд, ки то метавони мардуми худро зери ситаму зулми худ қарор деҳ. Наход дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зиёда аз 9 млн аҳолӣ дорад, ду нафар тоҷики асил ва ватандорӣ ҳақиқӣ дар сафи милиса набошад, ки дар ин минтақаи ҳассос сардори милиса таъин шаванд?

Мо ҳайронем, ки чӣ хел ин ду нафари билкул бесавод ва ҷоҳиле, ки заррачае ғурури миллӣ надоранд, имрӯз ба сари мо роҳбар таъин шудаанд. Барои чӣ мо нисбати сардорҳои пешинаи милисаи ин ду шӯъба, ё ин, ки сардори милисаи шуъбаи Исфара-1, ки беҳтарин инсон аст, шикояте надорему надоштем? Зеро онҳо бо вуҷуди камбудиҳо як хислати хуб доранду доштанд.

Дар интиҳо аз Шумо вазири мӯҳтарам ё нафароне, ки дар ин масъала масъуланд хоҳиш ва талаб мекунем, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин далелҳо тафтиш карда шуда чораҳои зарурӣ нисбати ин ду нафар андешида шавад.”

Барои дур кардани ин золимони манқурт аз масъулият, банда чанд пешниҳоде дорам:

1) Шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2-и воқеъ дар ҷамоати Чоркӯҳ буда барҳам дода шавад. Чаро? Дар вақташ барои мубориза бурдан бар зидди аъзоҳои ҲНИТ-и Чоркӯҳ ташкил карда шуда буд, ки ҳоло ҳизби наҳзати исломи фаолият надорад;

2) Аз вазири корҳои дохилӣ талаб менамоям, Субҳон Мирализода ва Раҳмонзода Анвар Холро аз вазифааш сабукдӯш намуда, ба минтақаи зодгоҳаш интиқол дода шавад то ки инсонвор рафтор карданро ёд гиранд;

3) Дар сурати сабукдӯш накардан, бо мактуби шикояти бо додситон муроҷиат карда шавад, то ки бо роҳҳои қонуни ба додгоҳ кашида шаванд.

Идома дорад

1 ответ »

  1. Маводе, ки таҳти унвони «Золимоне манқурт мисли Раҳмонов Анвар Мадисоевич ва Мирализода Субҳон Хоҷа фавран аз масъулият сабукдӯш шаванд» дар сомонаи «ozodandishon/org» иғвои навбатии душманони миллати тоҷик аст.
    Бори аввал нест, ки онҳо ба ин кор даст мезананд ва бо суханони пучу бемаънӣ мехоҳанд мардуми моро раҳгум зананд. Онҳо нафароне ҳастанд, ки сулҳу суббот дар қаламрави кишвари мо, аз ҷумла дар минтақаҳои сарҳадии он барояшон писанд нест ва бо ҳар роҳу восита мехоханд иғвое барангезанд. Мехоҳанд бо ақидаҳои ифротгаронаи худ, бо пешниҳоди маълумотҳои бардурӯғ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар назди мардум сиёҳ намоянд. Вале хато мекунанд. Сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Воруху Чоркуҳ хуб медонанд, ки кормандони мақомот чи гуна ҳар ваҷаб хоки Ватанро, ҳар як сокини онро ҳифз мекунанд.
    Дар мавод ба ғайр аз суханони умумӣ, маълумотҳои ғаразнок ва туҳмату ҳарзагӯӣ, ягон далели асоснок нест. Онҳое, ки номашон зикр шудааст(аз ҷумлаи сокинони Чоркуҳ), шояд дар ин бора хабаре надоранд.
    Маълумотҳое, ки нисбати Раҳмонов А. ва Мирализода С. оварда шудаанд, тамоман беасос, ғаразнок, бо ҳисси бадбинӣ ва ниятҳои нопок навишта шудаанд. Онҳое, ки худро «дӯстдори Ватан» меҳисобанд, дар асл бадхоҳи миллатанд. Навиштаҳои охирашон исботи ин гуфтаҳост….

    Нравится

Добавить комментарий для исфара Отменить ответ

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s