Адабиёт

Бингар ба ҳоли миллату марги ҷавону пир!

Пайрави Иқбол

Бингар ба ҳоли миллату марги ҷавону пир!

Меҳан мазори тинати мардон мешавад.

Аз будани ваколату қонун чӣ суд беш?

Инҷо, ки сар бурида ба фармон мешавад.

Инҷо ба як ишорати волӣ сароҳатан,

Қозӣ бидуни маҳкама зиндон мешавад.

Гандум ба нархи зар шавад инҷо аҷиб нест,

Ҳайфо , ки ҷони одами арзон мешавад!

Бо макри пурбаҳонаи рӯбоҳи бадсиришт,

Ин беша холӣ аз дами шерон мешавад.

Ҷамъе, ки гашта боиси ашки зану ятим,

Рӯзе ҳалоку куштаи тӯфон мешавад.

Афроди бемуруввату беҳиммат ин замон,

Соҳибмақому соҳиби унвон мешавад.

Бо достони бофтаву бо қиссаи кӯҳан,

Ҳоким шудан ба машрута осон мешавад.

Аз касрати алоиқу аз зулми доварон,

Ин миллати парканда парешон мешавад,

Насле, ки дур монда зи фарҳангу илму фан,

Худ рафта-рафта муфлису нодон мешавад.

Аз ин шубони буздили тарсуи шаб чӣ суд,

Вақте, ки галла луқмаи гургон мешавад.

Хун мешавад ба чеҳраи сарву суман падид,

Вақте табар муҳокими эшон мешавад.

Гӯянд, ки Пайрав самаре нест аз сухан,

Ҳосил фузун зи нам-нами борон мешавад.

(Пайрави Иқбол)

Акс аз сайти БгиДега

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s