Дидгоҳ

Барои Бадахшон ҳатто ба андозаи як ноҳияи Данғара маблағгузорӣ нашудааст

“Ба монанди як ноҳияи Данғара ба минтақаи Бадахшон маблағгузорӣ нашудааст. Дар Данғара зиёда 30 мактаб, боғчаи бачагона, коллеҷу донишгоҳҳо, сохтмонҳои маъмурӣ, фабрикаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бор ва дӯзандагӣ, миллионҳо доллар барои кишоварзӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ ва даҳҳои дигар маблағгузорӣ шудааст. Агар ба кони нуқраи “Якҷилва“ маблағгузорӣ карда мешуд, чанд карата ба минтақа даромад ворид мешуд, ки аз ҳисоби даромади ин кон боз дигар конҳои маъданӣ минтақаро маблағгузорӣ карда мешуд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (9))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (52)

Идомаи мусоҳибаи Ёдгор Файзов бо нашрияи таҳлилии CABAR.asia:

CABAR.asia: Ба ихтиёри ширкати чинӣ гузоштани кони нуқраи “Якҷилва“ дар миёни мардуми маҳаллӣ ва бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро ба бор овард. Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

Ёдгор Файзов: Ростӣ, ин вазъият маро ба вазъияти ногувор гузошт. Ман то ҳол моҳияти ин гуна вокунишро нафаҳмидам, ки чаро мардум эътироз мекунанд. Фикр мекунам, ки мо кори дуруст кардем, ақаллан як сармоягузорро ба ВМКБ ҷалб кардем. Эҳтимол одамоне, ки дар масъалаҳои сармоягузорӣ дониши кофӣ надоранд, вазъиятро нодуруст фаҳмидаанд. (Мӯҳтарам Ёдгор Файзов! Мардум дуруст фаҳмида буд. Шартномае, ки аз тарафи Фаррух Ҳамрализода ба МН МО пешниҳод карда шуда буд, дар интиҳои саволу ҷавоб, пешкаши хонандагон менамоям.) Ин раванд бори аввал дар соли 2016 оғоз шуда буд. Кони нуқра дар ҳамин сол ба ширкати чинӣ вогузор карда шуд. Моҳи августи соли 2018 бо иштироки сарвари давлат мо ифтитоҳи ин корхонаро баргузор кардем.

Он чизе, ки соли 2019 рӯй дод, танҳо он буд, ки Парлумон тамоми корҳои анҷомдодашударо тасдиқ кард. (Мӯҳтарам раис! Парлумон корҳои анҷомшударо тасдиқ намекунад. Мувофиқи шартномаи пешниҳодшуда, ба ширкати чинӣ коркард ва кашондани консентрат (ашёи хоми) маъдани нуқраро бе ягон пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз иҷозат дод.)

Ман фармон додам, ки шартномаи бо ширкати чинӣ баста шударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шавад ва мардум онро мутолиа кунанд, дар инҷо ягон кори бади намебинам.

Имрӯз мо мегӯем, ки ояндаи тараққиёти иқтисодиёти ВМКБ бо саноати маъдани куҳӣ алоқаманд аст ва мо метавонем бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати тараққиёти онро тезонем.

Илоҷи дигар нест. Ҳукумат имкони сармоягузории 50 млн долларро дар мавзеъи 4,5 ҳазор метр баланди аз сатҳи баҳрро надорад. (Инҷо банда тақсими нодурусти буҷа ба минтақаҳоро мебинам, ҳукумат мебоист ба ин кони нуқра ҳатман саҳмияи ақаллан 50 ба 50-ро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати чинии Кашон Синюи Дади Майнинг Известмен ба тасвиб мерасонд. Ба монанди як ноҳияи Данғара ба минтақаи Бадахшон маблағгузорӣ нашудааст. Дар Данғара зиёда 30 мактаб, боғчаи бачагона, коллеҷу донишгоҳҳо, сохтмонҳои маъмурӣ, фабрикаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангу бор ва дӯзандагӣ, миллионҳо доллар барои кишоварзӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ ва даҳҳои дигар маблағгузорӣ шудааст. Агар ба кони нуқраи “Якҷилва“ маблағгузорӣ карда мешуд, чанд карата ба минтақа даромад ворид мешуд, ки аз ҳисоби даромади ин кон боз дигар конҳои маъданӣ минтақаро маблағгузорӣ карда мешуд. Ё ки мисоли дигар, ба ҷои сохтмони бинои Ҳукумат ва МН МО 220 млн доллар, дар сароби дарёи Зарафшон Нерӯгоҳи барқи обӣ бо интиқоли об ба ноҳияи Деваштич сохта ба истифода дода мешуд, аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин намуда, дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан даҳҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобида аз худ карда, аҳолии вилояти Суғд бо маҳсулоти кишоварзӣ — экологӣ таъмин карда мешуд.)

CABAR.asia: Шояд сабаб дар он бошад, ки мардум доир ба ин масъала маълумоти пурра нагирифтаанд?

Ёдгор Файзов: Дар инҷо ҳама чиз шаффоф аст. Давлат медонад, ки захираи кони нуқра дар инҷо ба 450 тонна рост меояд (Дар шартномаи ба МН МО пешниҳод шуда 113 тонна омадааст) ва дар ин корхона ин қадар одам кор хоҳад кард: дар соли аввал шумораи муайян ва дар соли дуюм шумораи муайян. Дар соли сеюми фаолияти корхона 80 фоизи кормандон бояд аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ бошанд.

Дар соли аввал коркард ва истихроҷи ашёи хом ва дар соли чорум ва панҷум сохтмони комбинат ба кор андохта мешавад.

Корхона бояд аз рӯи чанд намуд андоз супорад, аммо танҳо аз ду намуди андоз озод аст, андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ба муддати 5 сол озод мебошад.

CABAR.asia: Яъне мутмаин ҳастед, ки чунин нақша барои Тоҷикистон судманд аст?

Ёдгор Файзов: Кадоме аз инҳо хилофи манфиатҳои мост? (Раиси мӯҳтарам! Қонуне, ки МН МО ба тасвиб расонд, пурра бе ягон арзиш ба ширкати чинӣ вогузор карда шуд.) Агар моҳияти норозигӣ ин бошад, ки ҳисса бояд аз 50 ба 50 кам набошад, пас вазъият дигар аст.

Вақте, ки 100 фоиз сармоягузорӣ ба сармоягузор рост меояд, давлат танҳо андоз ва ҷои кор мегирад. Дар Бадахшон боз 150 кони нуқраи дигар аст, ки захираи он 450 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба ғайр аз он боз конҳои стратегӣ ҳастанд, ки онҳоро ба чунин шароит наметавон дод. Танҳо бо шарти саҳмияи 50 ба 50, 60 ба 40 ё 70 ба 30.

Боз ба чанд суоли нашрияи таҳлилии CABAR.asia:

Ёдгор Файзов оид ба субсидия, кушодани консулгарии Чин дар Хоруғ, дар оянда оиди сохтани роҳи автомобилгард аз Чин ба Афғонистон, роҳи байни Рӯшону Мурғоб, нақлиёти ҳавоии Душанбе-Хоруғ, сайёҳон, арзиши баланди озуқаворӣ, изофанависӣ (1300 гектар замини ғайри кишт, ҳар сол ҳамчун замини кишт, аз зинаи поёни то зинаи болои гузориш дода мешудааст), оби нӯшокии шаҳри Хоруғ, гарнизони ҳарбии Чин ва ғайра ҷавоб дода шудааст.

Дар интиҳо Ёдгор Файзов иброз дошт, ки агар вазъият чунин боқӣ монад, дар 100 соли оянда ҳам мо (яъне Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дар субсидия боқӣ хоҳем монд.

Нуқтаи назари банда: барои рушди устувори иқтисодӣ дар вилояти Бадахшон, ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба мардуми минтақа бояд аз таҳқир, таҳдид, тӯҳмат, зулму шиканҷа, зиндон кардан, куштор, ғорати боигарии табиӣ, буҷа ва дар умум ғорати миллат даст кашанд. Дар сурати даст накашидан, нооромӣ, сатҳи зиндагии пасти мардум, зулму истибдод боқӣ мемонад.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s