
“Бо роҳи фиреб (ё пешакӣ тарҳрезишуда) ширкати чинӣ мехоҳад, даромади зиёдеро ба даст биёрад… Миллат бояд аз Ҳукумат ва МН МО талаб кунад, то ки шартномаи кони нуқраи “Якҷилва“ бозбинӣ шавад….”
(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (10))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони”Муаммои рӯз” (53)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ВМКБ дар якҷоягии роҳбарон, вазирон ва депутатҳои нотакрори худ ду кашфиёти ислоҳнашавандае, ки ягон миллат дар таърихи худ чунин кашфиёти беназирро надида буд ва нахоҳад дид, ихтироъ намуданд:
— аввалин, кашфиёт — кашфиёти фурӯши 1,58 ҳазор км.кв. пораи дили миллат (замин) бо аломати × (икс) фурӯхта шуд;
— кашфиёти дуюм, бо аломати 0 (сифр), кони нуқраи Якҷилва (Якҷилға, Акҷилға) ба ширкати чинии “Кашн Синюи Дади Майнинг Инвестмен“ қонунӣ вогузор карда шуд.
Ба гуфтаи рӯзноманигор ва ровии Payom.net, Шавкати Муҳаммад, кони “Якҷилва“-ро, бо як ҷилва ба ширкати чинӣ дода шуд, (ҷилва — дар маънои раққосаи зебое, ки қошу абрӯи зебанда ва кокулҳои бешумор дорад, ҷилва дода-ҷилва дода мерақсад… омадааст.)
Кони нуқраи “Якҷилва“ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар баландии 4500 м воқеъ аст. Якуми апрели соли 2019, МН МО Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонд, ки кони нуқраи “Якҷилва“ ба ширкати чинии “Кашн Синюи Дади Майнинг Инвестмент“ вогузор намуда аз андоз ва боҷи гумрукӣ куллан озод карда шуд.
Раиси вақтии МН МО, Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Фаррух Ҳамрализода суол кард, ки бо пуррагӣ додани кони нуқраи “Якҷилва“ ба ширкати чинӣ ба Тоҷикистон чӣ фоида?
Фаррух Ҳамрализода нашармида, дурӯғ ҷавоб медиҳад, ки аз ҳисоби андоз аст. Вале дар шартнома омадааст, ки ширкати чинии “Кашн Синюи Дади Майнинг Инвестмент“ тӯли 7-сол аз андози давлатӣ ва боҷи гумрукӣ озод аст. (Дар мусоҳибаи собиқ раиси вилоят, Ёдгор Файзов бо нашрияи таҳлилии CABAR.asia омадааст, ки корхонаи кони нуқра бояд аз рӯи чанд намуд андоз месупорид, аммо танҳо аз ду намуди андоз озод аст: андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ба муддати 5 сол.) Инҷо саволе меояд, ки Фаррух Ҳамрализода аз матни шартнома огоҳ набуд ва ё вазифаи ӯ “сирро“ пинҳон доштан буд?
Дар шартнома омадааст, ки барои омода сохтани шароити корӣ, ширкати чинӣ 385 млн.доллар сарф менамояд.
Ширкат вазифадор аст, ки дар се соли аввали корӣ 60%-и қувваи корӣ ва пас аз се сол 80%-и қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ ба кор таъмин карда шавад.
Вале рӯзноманигори Радиои Озодӣ, Абдулло Ашӯров маълумотҳои пинҳонии пурасрори кони нуқраи “Якҷилва“-ро муайян мекунад, ки на 60% бар 40%, балки 40%-и коргарон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ буда, 60%-и қувваи корӣ аз ҳисоби ширкати чинӣ, яъне 70 нафар аз ҳисоби чиниҳо ва 36 нафар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ буда, ҳамагӣ 106 нафарро ташкил медиҳад.
Тарафи дигари масъала, озод намудан аз андоз ва боҷи гумрукӣ, ҳатто на 5 солу 7-сол будааст, балки 18-сол то соли 2037.
Намояндаи ширкати чинӣ, Юан Ин Ху, дар ҷаласаи МН МО суханронӣ намуда, захираи умумии кони нуқраи “Якҷилва“-ро 113 тонна гуфт ва ҳар соле то 40 тоннагӣ истихроҷ карда мешавад.
Суоле ба миён меояд, агар захира 113 тонна бошад, чаро 5-солу 7-солу 18-сол? Дар суръати истихроҷи 40 тоннагӣ, дар тӯли се сол 113 тонна не, 120 тонна истихроҷ карда мешавад.
Лекин аз рӯи маълумотҳои идораи геологӣ, воситаҳои ахбори омма хабар медиҳад, ки захираи кони нуқраи “Якҷилва“ на 113 тонна, балки 205-тонна аст.
Оиди захираи кони нуқраи “Якҷилва“ ҳукумати ВМКБ аз ин хабарҳои дурӯғ бо эътироз захираи кони нуқраи “Якҷилва“-ро 415-тонна эълон мекунад.
Собиқ раиси ВМБК, Ёдгор Файзов дар мусоҳибааш бо CABAR.asia захираи конро 450 тонна гуфт.
Хонандаи азиз! Банда бесабаб кашфиёт нагуфтам. Сабаб: захираи кони нуқраи “Якҷилва“-ро дар шартнома чор маротиба кам нишон дода беарзиш медиҳанд. Чиниҳо ба инҳо кӣ ҳастанд?! Чаро аз миллат пинҳон мекунанд? Ғорат! Ғорат! Боз ғорат!
Чаро оиди захираи кони зикршуда маълумотҳо гуногунанд, кадоми онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст?
Дар шартнома оиди захираи металҳои ҳамрайи он чизе гуфта нашудааст, ки ин муаммои дигар аст. Баъзе масъалаҳо нокушода, пӯшида боқи мемонад.
Чаро? Кони нуқраи “Якҷилва“ бе ягон намуди арзиш, комилан ба ширкати чинӣ дода шуд?!
Танҳо вазифадор карда шудааст, ки барқ мегузаронанд (барқро ҳам гузаронда медодед хеле хуб мешуд) ва партовгоҳ созанд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, сохтани партовгоҳ ба сифр баробар аст.
Ба ширкати чинӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки ашёи хом (консентрат)-и нуқраро бо пуррагӣ ба мамлакати Чин содир ва дар дохили он кишвар коркард карда мешавад. Дар натиҷа, миқдори нуқраи истеҳсол шуда номаълум мемонад, ба замми он, бо маъдани нуқра дар якҷоягӣ, дигар маъданҳои ҳамраъйӣ ҳаст.
Геологӣ машҳури кишвар, Зуҳур Ёров, мегӯяд, ки дар таркиби ашёи хоми нуқра рух ва қурғошим дорад. Аз рӯи маълумотҳои Зуҳур Ёров, дар наздикии кони нуқраи “Якҷилва“, дигар маъданҳои ранга ва қимматбаҳо воқеъ аст, ки ширкати чинӣ бо маблағгузории кам фоидаи калонро ба даст биёрад.
Ба андешаи банда, бо роҳи фиреб (ё пешакӣ тарҳрезишуда) ширкати чинӣ мехоҳад, даромади зиёдеро ба даст биёрад.
Дар интиҳо пешниҳод менамоям:
Миллат бояд аз Ҳукумат ва МН МО талаб кунад, то ки шартномаи кони нуқраи “Якҷилва“ бозбинӣ шавад.
Идома дорад
Карикатура аз сайти БгиДега