
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Иттиҳод нерӯҳои мухолифи Тоҷикистон мавсум ба “Паймони Миллӣ” ва раиси Ҳизб наҳзати исломии ин кишвар, дар вокуниш ба дархости Додситонии кулли Русия аз Додгоҳи олии кишвараш мабнӣ бар террористӣ эълон кардани ҲНИТ, бо баёни ин ки “Русия ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон, бо фишори Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ҲНИТ — яке аз ҷонибҳои сулҳро ба зудӣ шомили созмонҳои террористӣ мекунад”, тасреҳ кард: “Эрон, кафили дигар ва мизбони чандин давр музокирот, дар баробари хиёнатҳои Раҳмон ба сулҳ, ҳеч гоҳ вокуниши расмӣ накард.

Гуфтанист, Игор Краснов, додситони кулли Русия, дар дидор ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ирсоли дархост ба Додгоҳи олии кишвараш барои террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар қаламрав Русия хабар дод.
Краснов таъкид кард, ки дар нишасти моҳи қабли Шӯрои ҳамоҳангии додситонҳои кулли кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (СНГ) дар Мински Белорус, тасмим бар тақвияти амнияти аъзо гирифта шуд, ки дар чорчӯби ин барнома, акнун Додгоҳи олии Русия мавзӯи террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо судури баёнияе, аз иқдоми Додситонии Русия нигарони худро баён ва онро “як иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва мухолифи манфиатҳои ду миллат, амният ва сулҳу истиқрор дар минтақа” донист.
ҲНИТ дар ин баёния, таъкид кардааст, “Русия як кишвари кафил ва мизбони чандин даври гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буда, созишномаи умумии Сулҳ соли 1997 дар пойтахти он — Маскав аз тарафи президенти Тоҷикистон ва роҳбари ҲНИТ ба имзо расидааст.”
Баёния таъкид кардааст: “Сулҳи тоҷикон яке аз дастовардҳои муҳимми миллати мо ва кишварҳои дӯст мебошад, ки дар таъмини амният ва истиқрори минтақа саҳми бузурге гузоштааст.”
Ин ҳизб дар баёнияи худ ёдовар шудааст: “Саҳми ҲНИТ дар истиқрори сулҳи тоҷикон ва минтақа борҳо аз тарафи мақомоти баландпояи Русия, коршиносон ва доираҳои илмӣ қадрдонӣ шудааст. Вале ин иқдоми носанҷидаи мақомоти Русия метавонад дастоварди бузурги дипломатӣ ва сиёсии кишвари худ ва миллати тоҷикро комилан аз байн бибарад.”
Дар ин баёния омадааст: ”Раёсати олии ҲНИТ бар ин бовар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ногувори Русия суистифода карда, ин хостаи деринаи худро билохира тавонист болои Маскав таҳмил кунад.”
Раёсати олии ҲНИТ таъкид кардааст: “Мо нигарон аз он ҳастем, ки ин иқдом боиси тақвияти радикализм, рушди руҳияи зидирусиягӣ, нобоварӣ ба раванди сулҳ, муколама ва мехонизмҳои мусолаҳатомези ҳали мушкилот дар минтақа мегардад.”
Дар поёни ин баёния ёдовар шудааст: “ҲНИТ бори дигар таъкид мекунад, ки новобаста аз ин иттиҳомот ва фишорҳо, равиши интихобкардаи худро тағйир надода, танҳо бо роҳҳои мусолаҳатомез муборизаҳои сиёсии худро идома хоҳад дод. Ҳамзамон даъват мекунад, ки мақомоти Русия аз ин иқдоми Додситони кулли кишварашон пешгирӣ намояд, то нақши Маскавро ҳамчун кафили сулҳ ва кишвари манфиатдор ба сулҳу истиқрор дар минтақа ҳифз кунад.”
Лозим ба зикр аст, аз имзои созишномаи сулҳе, ки ба ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) дар Тоҷикистон поён дод, 25 сол сипарӣ мешавад. Ин сулҳ ҳосили ҳудуди 20 даври музокирот миёни ҳайатҳои ду тарафи даргирӣ дар хориҷ аз кишвар буд, ки аз ин миён, 13 даври музокирот бо ширкати ҳайатҳои коршиносӣ ва 7 даври он бо ширкати раҳбарони давлат ва мухолифон доир шуд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари форсизабон, ки муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии зиёде бо Тоҷикистон дорад, нақши боризе дар гуфтугӯҳои сулҳ миёни тоҷикон дошта ва мизбони 7 даври музокирот буд.

Дар пайи нооромиҳои моҳи сентябри соли 2015 дар атрофи шаҳри Душанбе, ки мақомоти тоҷик аз он ба унвони талоши кудато аз сӯи женерол Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифоъ ёд мекунанд, фаъолияти ҲНИТ, ки танҳои ҳизби расмии динӣ дар қаламрави Осиёи Миёна буд, мамнӯъ ва “террористӣ” шуд ва даҳҳо тан аз фаъолони ин ҳизб боздошт ва пас аз чанд моҳ барои давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд.
Рубрики:Хабарҳо