Дидгоҳ

Чаро мудом моро аз Афғонистон тарс медиҳанд?

“Аз он рӯзе, ки донишҷӯ будам (1963-1967) то ҳол мардуми кишварро тарс аз Афғонистон медиҳанд. Бо тарс додан, Хадамоти вижаи пинҳонии кишвар ягон иғворо омода кардаанд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (11))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони ”Муаммои рӯз” (54)

Рӯзи 10-уми январи соли 2021 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси онлайнии байни давлатҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар суханронии худ қайд кард, ки дар он сӯи дарёи Ому ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар 40 пойгоҳ (тамрингоҳ) 6000 нафар тамрин мегиранд. Асоси суханронии Эмомалӣ Раҳмон якчанд сабаб дорад:

1) Тарс додани мардуми кишвар, ки огоҳ бошед, аз тарафи Афғонистон террористон ана имрӯз ё ана пагоҳ медароянд ва Тоҷикистонро ба Афғонистони ҷангзада табдил медиҳанд ва гайраю ғайра.

Аз он рӯзе, ки донишҷӯ будам (1963 — 1967) то ҳол мардуми кишварро тарс аз Афғонистон медиҳанд. Шояд бо тарс додани ин роҳ, Хадамоти вижаи пинҳонии кишвар зери ин садо як иғвои дигарро омода кунанд. Лекин то ҳол аз тарафи Афғонистон ягон гурӯҳ ё давлат ба кишвари азизи мо лашкар накашидааст.

Баръакс давлати собиқ Шӯравӣ буд, ки дар соли 1979 ба қаламрави Афғонистон лашкар кашид, дахолати ноодилона кард. Дар натиҷа, дар ин ҷанги ғайриодилона ҳазорҳо нафар мардуми мулкӣ ва ҳазорҳо нафари дигар афсарони мусалмони Шӯравӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ин ҷанги тоҷиккуш буд, ки 10 сол давом кард ва соли 1989 бо кӯшиш ва ташаббуси Михаил Сергеевич Горбачёв Артиши ИҶШС (СССР) аз қаламрави Афғонистон бароварда шуд.

2) Асосан ин тарс доданҳо барои саркӯб кардани мардуми Бадахшон ва роҳбарони ғайрирасмии маҳаллиро аз байн бурдан, ба монанди Мунаввар Шанбиев, Ёдгор Мамадасламов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Амриддин Аловатшоев, Толиб Айёмбеков, Хурсанд Мазоров ва дигарҳо ҳастанд.

Ҳукумат кайҳо боз, яъне аз соли 2012 ин ҷониб ин амали нопокро иҷро карданӣ буд ва дар фикри амалӣ намудани он аст.

Як манбаъ аз Хоруғ хабар медиҳад, ки аз рӯзи чоруми январ то дувоздаҳуми соли 2021 нисфи шабӣ дастикам се-чор маротиба мошинҳои ҳарбӣ бо ҷавонони либоси пакулаи афғонидошта, аз бинои КДАМ дар ВМКБ берун шуда, ба сӯи сарҳади Афғонистон равон мешаванд.

Манобеи дигар гузориш медиҳад, ки гурӯҳи ҷавонони яке аз маҳаллаҳои Хоруғ, ки шабона дар шаҳр навбатдорӣ мекунанд, хавфи иҷрои як амалиёти вижаи навбатиро пай мебаранд.

Шояд мақомоти амниятии Тоҷикистон бо саркӯб кардани ашхоси ҳаракати эътирозӣ дар Помир билохира пахш кардани эътирозгарон тайёрӣ дида истода бошанд.

Ба ҷои ин нақшаҳо, коре кунед, ки ба манфиати халқ бошад, на бар зарари онон.

Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо бояд қудрати дарк карданро дошта бошем, ки давлат ва шаҳрвандон як воҳиди ягонаанд, ин мафҳум тақсимнашаванда аст, ба хусус вақте, ки сухан дар бораи кишвар-миллат меравад.

Давлат бояд риояи қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқи амнияти шаҳрвандонро кафолат диҳад, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бо сифати баланди давлатӣ таъмин намояд. На ин ки озодандешон ва ҷавонони ғаюри миллатро саркӯб бикунад.

3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Хадамоти махфии кишвар барои саркӯб кардани мардуми ғаюри Бадахшон талош доранд, ки то вазъи ВМКБ-ро шабеҳ ба эътирозҳои Қазоқистон, ки ба он Маскав дахолат кард, идома диҳанд.

Барои ҳамин Эмомалӣ Раҳмон санаи 10-уми январи соли 2021 дар ҷаласаи СПАД оиди ячейкаҳои террористӣ ва мубориза бо он гурӯҳҳо ҳарф зад.

В. Путин аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки пас аз ҷаласа ба ӯ занг занад. Эмомалӣ Раҳмон бо В. Путин чанд маротиба занг зад ва гуфтугӯ кард, ба назар мерасад, ки розигии Маскавро гирифта, бо роҳи зӯроварӣ рӯҳияи мардуми Бадахшонро шикастанӣ ҳастанд.

Дар интиҳои ин банд гуфтанӣ ҳастам, аз нақшаҳои нопок даст бикашед! Вақте нарасидааст, ки мардуми Бадахшонро ба ҳоли худ гузоред, то ки зиндагии оромонаашонро бинанд!

Шумо аз паи ободӣ ва оромии кишвар шавед!

* * *

Оиди аз кор сабукдӯшкунии Ёдгор Файзов дар як ҳолати изтирорӣ ба вуҷуд омад, ки ҳатто худи ӯ ҳам бехабар монд. Фармони аз вазифаи раиси вилоят озод намудани ӯ рӯзи 5 ноябри соли 2021 ба имзо расида, сабаби барканори он дар фармони президент зикр нашудааст.

Ёдгор Файзов се солу як моҳ дар вазифаи раиси ВМКБ кор кардааст. Нав оромӣ ва субот дар минтақа фаро расида истода буд, ки ногаҳони аз вазифааш бе ягон сабаб фармони озод шуданаш аз тарафи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ҳатто худи ӯ ҳам бехабар буд.

Ба ҷои ӯ генерал Алишер Мирзонабот, ки чанде пеш раиси шаҳри Хоруғ таин шуда буд ва дар гузашта муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҷонишини аввали раиси ВМКБ кор карда буд, раиси вилоят таин шуд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s