“Мақомоти вилоятӣ Зиёбековро ба гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адовату маҳалгароӣ муттаҳам намуданд ва ин ки гӯё ӯ ҳангоми амалиёт муқобилият нишон дода бошад ва дар натиҷа аз тарафи органҳои қудратӣ захмӣ карда шуда ва дар роҳ ба беморхона ҷон додааст… Додситон суханони шоҳидони айнӣ ва шоҳидони ҷиноятро, ки бо чашми худ дидаанд, комилан нодида гирифта, тибқи версияи бофтаи худ дар бораи ҳодисаи рӯйдода, бе ҳеҷ гуна мурофиаи судӣ ва тафтишот Гулбиддинро ҷинояткор ва ба аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии мавҷуднабуда ҳамроҳ менамояд…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (12))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони ”Муаммои рӯз” (55)
Чанд сухане оид ба бераҳмона ва бо ваҳшоният ба шаҳодат расонидани Гулбуддин Зиёбеков:
Гулбуддин Зиёбеков фарзанди ҷасур ва баору номуси миллат буд, беадолатиҳо, рафторҳои ғайриинсонии мақомотро бардошт карда наметавонист, назар ва ғурури ҷавонии худро дошт.
Гулбуддин Зиёбеков сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, соли 2020 ба ҳимояти духтаре баромад, ки аз тарафи ёвари додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода озори ҷинсӣ дида, шикоят кардааст. Абирзода борҳо амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, содир намудан, бо таҳдид ба қурбониёни худ, бо истифода аз зӯроварӣ нисбати онҳо хостаҳои худро амалӣ менамудааст.
Аз ин камбудиҳои ғайриахлоқӣ (шаҳвонӣ)-и Абирзода кормандони Прокуратураи генералии кишвар огоҳ буданд. Ба ҷои ӯро ба ҷавобгарӣ кашидан ва ё аз масъулият сабукдӯш кардан, баръакс нисбати Гулбуддин Зиёбеков, ки бар зидди як инсони ғайриахлоқӣ баромадааст, делои ҷиноятӣ боз карданд.
Вале дар зери роҳбарии ҳукумати вилоятӣ низоъ дар вақташ рафъ карда шуд. Ёвари додситонӣ ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз ҷабрдида узр пурсид.
Аммо мақомот ва сохторҳои қудратӣ ин лаҳзаҳо ва ё ин саргузаштро фаромӯш накарда, тасмим гирифтанд, ки ба Гулбиддин, ки ба ҳимояти зани беҳифозат бархоста буд, дарси ибрат диҳанд.
Вале ӯ чанд рӯз пеш дар қабули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва ҳукумат буд ва бо маслиҳати пешакӣ амалкарди Гулбиддинро вобаста ба муҳокимаи ёвари прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода аз рӯи қонун бояд баррасӣ менамуданд.
Дар қабули мақомот, Гулбиддин Зиёбеков се хоҳиши худро пешкаши онҳо намуда буд:
1) Амалҳои ӯро прокуратураи ноҳияи Роштқалъа аз рӯи қонуни амалкунандаи кишвар таҳқиқ намояд, аз он сабаб, ки воқеа дар ҳудуди ноҳия ба вуқӯъ пайвастааст;
2) Ӯ то исбот шудани гуноҳаш, ба ҳабси пешакӣ гирифта нашавад, балки бар тибқи тартиботи қонун, ба ӯ даъватнома бифиристанд, ӯ бо адвокати худ дар саволу ҷавоб ва рафти таҳқиқи ҳодиса иштирок намояд;
3) Мурофиаи додгоҳии ӯ бояд одилона ва мунсифона бошад. Хешу таборон, наздикон ва васоити ахбори омма дар он иштирок кунанд.
Ваъдаи ҳукумату амнияту додситонӣ Гулбиддинро умедвор кард, ки бо фароҳам омадани ин ҳама шароит, ӯ метавонад аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад ва ҳукми одилона гирад.
Ӯ ихтиёрона мехост, ба ҳукми қонун, худро таслим намояд. Гулбиддин 26-уми ноябри 2021 ба додситонӣ ҳозир мешуд, вале як рӯз пеш нерӯҳои амниятӣ барои боздошт рафтанд ва ӯро қотилони ниқобпӯш бераҳмона ба ҳалокат расонданд.
Гулбиддин Зиёбеков мувофиқи гуфти модараш, ба даъвати додситони ноҳия омода буд, мехост, рӯзи 26-уми ноябр ба идораи додситони ноҳияи Роштқалъа биравад.
Чунки додситони ноҳияи Роштқалъа қаблан ба Гулбиддин Зиёбеков даъватнома фиристода буд, бояд ӯ рӯзи 26-уми ноябр барои додани нишондод ҳозир мешуд.
Вале рӯзи панҷшанбе, 25-уми ноябри соли 2021, Гулбиддин бо чанд нафар ҳамдеҳаҳояш дар назди мағозаи деҳа истода буд, бехабар аз он ки мақомдорон бар зидди ӯ дасисаи навбатиро роҳандозӣ кардаанд, то вазъро боз ноором кунанд.
Тақрибан соатҳои 11: 20 ба назди мағоза мошинаи мусофирбар омада меистад. Аз дохили мошина беш аз даҳ нафар шахсони мусаллаҳ, ки ҳама дар рӯй ниқоб доштанд, мебароянд.
Боздошти Гулбуддин Зиёбековро наздикони ӯ бо чунин зайл шарҳ медиҳанд: дар лаҳзаҳои амалиёти боздошти Гулбиддин, ӯ барои наҷоти худ ба тарафи пули чӯбине, ки болои сойи (дарёчаи) Нудҷ сохта шудааст, фирор мекунад ва маълум, ки муқовимат нишон надодааст, вале дар байни ин пул ҳадафи тир қарор мегирад.
Мақомот ин қазияро дар шакли дигар шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла додситони ВМКБ дар баёнияи расмии худ гуфт, Гулбуддин Зиёбеков дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмдор гардид.
Мақомоти вилоятӣ Зиёбековро ба гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адовату маҳалгароӣ муттаҳам намуданд ва ин ки гӯё ӯ ҳангоми амалиёт муқобилият нишон дода бошад ва дар натиҷа аз тарафи органҳои қудратӣ захмӣ карда шуда ва дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.
Пас аз чанд соат, Додситони кулли Тоҷикистон суханони шоҳидони айнӣ ва шоҳидони ҷиноятро, ки бо чашми худ дидаанд, комилан нодида гирифта, тибқи версияи бофтаи худ дар бораи ҳодисаи рӯйдода, бе ҳеҷ гуна мурофиаи судӣ ва тафтишот Гулбиддинро ҷинояткор ва ба аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии мавҷуднабуда ҳамроҳ менамояд.
Инҷо овардани мақоли “Як бому ду ҳаво”-ро ба маврид донистам. Версияҳои Додситони ВМКБ ва Додситони кулл аз ҳамдигар хеле фарқи ҷиддӣ доранд.
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ, Мақолаҳо, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа