Дидгоҳ

Ҳақиқат дар бораи шаҳодати Гулбиддин Зиёбеков (2)

“Модари Гулбиддин гуфт, ки писараш силоҳ надошт ва истифодаи онро намедонист: “Ба номи Худо қасам, ба арвоҳи писари навгузаштаам қасам, ҳеч гоҳ дар дасти писарам силоҳ надидаам. Писари ман на хидмати ҳарбӣ карда буд ва силоҳро истифода бурда метавонист. Ин таппонча аз куҷо пайдо шуд намедонам.”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (13))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (56)

Оиди бегуноҳ кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, яке аз шоҳидон, бо номи Диловар Хурамов, ки он вақт каме дуртар аз пули чӯбини деҳа қарор дошт, фирор кардани Гулбиддинро аз назди мағоза ва аз он лаҳзаи даҳшатовари ғайри инсонӣ чунин ёдовар мешавад:

Ман лаҳзаҳои паррондани Гулбиддинро дидам. Ӯ дар болои пул медавид, ки садои тир баланд шуд, афтид ва боз хест. Мехост, ҳаракат кунад, ки боз садои тир шунида шуд ва ӯ бо дастонаш панҷараи бари пулро дошта, як паҳлӯ шуд. Зуд, ҳафт нафар, силоҳ ба дастон ба наздаш омаданд. Ҳанӯз зинда буд, чун вақте мехостанд, ӯро бардоранд, бо ду дасташ панҷараро дошта буд ва дастонашро базӯр боз карданд.

Диловар дар давоми сухани худ мегӯяд, ки пас аз ин лаҳзаҳои хунин, аввалин нафаре буд, ки ба маҳалли тир хӯрдани Гулбиддин расид ва онҷо ба ҷуз осори хун дигар нишонае дида намешуд. Аз ҷумла, силоҳ ҳам набуд.

Модари Гулбиддин ҳам ба рӯзноманигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки писараш силоҳ надошт ва истифодаи онро намедонист: “Ба номи Худо қасам, ба арвоҳи писари навгузаштаам қасам, ҳеч гоҳ дар дасти писарам силоҳ надидаам. Писари ман на хидмати ҳарбӣ карда буд ва силоҳро истифода бурда метавонист. Ин таппонча аз куҷо пайдо шуд намедонам.

Аммо низомиён ва додситони вилоятӣ Гулбиддинро бо доштани силоҳ ва нишон додани муқовимат гунаҳкор медонанд. Ин дурӯғи маҳз аст. Агар ӯ яроқ медошт, аввалан тир холӣ мекард. Сониян, низомиёни силоҳ бадаст яроқи Гулбиддинро ҳамчун далели шайъӣ ба навор мегирифтанд, ки имрӯз ҳама телефонҳои наворбардор доранд.

Вале пас аз 40 дақиқа дар ҷои ҳодиса таппончаи “Макаров“ пайдо шуд, низомиён бехабар буданд, ки аз ҳар як ҳаракати онҳо мардуми дар атроф буда огоҳ буданд ва ба навор ҳам гирифтаанд, ки оид ба ин навори сабтшуда каме пас бармегардем.

Мақсади онон яке буд, яъне аз байн бурдани ҷавони ҷасуру ғаюр буд, ки пешаки тарҳрезӣ шуда буд, то ки рӯзи 26-ум дар назди додситони ноҳия ҷиноятҳои содиркардаи Абирзода ва дигар кормандони органҳои ҳуқуқ (интизомӣ) ошкор нашавад. Ва ба мақсадашон ҳам расиданд, яъне бо забони худи онон, безарар гардониданд.

Хешовандони ҷабрдида аз ин ҳодисаи хунин огоҳӣ ёфта, аз пайи суроғи Гулбиддин шуданд, аввал ба беморхона рафтанд, дар беморхона ӯро дарёфт накарданд. Масъулини беморхона гуфтанд, ки вақте ӯро оварданд, аллакай ӯ мурда буд. Ва гуфтанд, ки ӯ дар сардхона аст. Баъд ба сардхона рафта, ҷасади беҷони фарзанди миллатро мегиранд.

Сипас хешовандон маслиҳат мекунанд, ки ба назди ҳукумат ҷасадро баранд ва пурсанд, ки чаро ва кӣ кушт?

Модари Гулбиддин ҳам онҷо ҳузур дошт, розигии худро дод.

Модар ва хешовандон аз сардхона ҷасади беҷон ва захмҳои тирдоштаро гирифта бо ғаму ғусса, парешонҳолона ба тарафи идораи мақомоти вилоятӣ ҳаракат карданд ва сабабҳои кушторро фаҳмидан мехостанд, вале касе онҳоро қабул намекард ва гӯш кардан ҳам намехост. Вақте ҳеч нафаре ба додашон нарасид, онҳо дар назди бинои ҳукумат, майдони Исмоили Сомонӣ мақар гирифтанд.

Рӯзноманигори Радиои Озодӣ аз модар ва чанд шоҳиди дигар оид ба ҳодисаи рӯйдода фикру андешаҳояшонро пурсид:

1) Модар мегӯяд, агар ӯ гуноҳ медошт, бигузор тафтишоти одилона мебурданд ва мувофиқи гуноҳаш аз рӯи қонун ҷазо медоданд, ман рози будам.

Вале модари зор чанд шабонарӯз бо ҷасади фарзандаш бо хешовандон ва даҳҳо эътирозгарон назди бинои Ҳукумат истоданд. Вақте сабаби боздошт, захмӣ кардан ва оқибат ҷон додани Гулбиддинро талаб карданд, мақомоти тоҷик ба сокинони бесилоҳи шаҳри Хоруғ, ки ба гирдиҳамоии ёдбуд омада буданд, тир кушоданд.

Дар натиҷа боз ду нафари дигар ҷон доданд, аввал Тутишо Амиршоев ва пагоҳии рӯзи 26.11.2021, аз захми тир дар беморхона Гулназар Муродбеков ҷон дод, ки пагоҳии рӯзи 26-ум шумораи ҷондодагон ба се нафар расид ва 17 нафари дигар захм бардошта буданд.

Пас аз ду шабонарӯзи гузашта рӯҳониёни маҳаллӣ ба хешовандони марҳум маслиҳат доданд, ки ҷасадро ба хок супоранд. Бо маслиҳати рӯҳониён ҷасадҳоро ба хок супориданд.

Вале мардуми ҷамъомада мехостанд бидонанд, ки дар роҳ ба беморхона, дар кадом шароит Гулбиддин ҷонро ба ҷонофарин супорид — ин як муаммои дигар буд.

Лекин аз рӯи гуфтаи бародари Гулбиддин, Интизор Зиёбеков ба Радиои Озодӣ, дар бадани марҳум — Гулбиддин, захми ҳафт тирро ба ҳисоб гирифтааст, ки чортои он дар пойҳояш ва сетои дигар ба чашм, дил ва шикам расидааст.

Хонандаи азиз! Худ қазоват кунед, вақте Шумо тирро аз қафои инсон (марде) холӣ мекунед, ҳеч гоҳ ба чашм, дил ва шикам намерасад?!

Шоҳиди дигар, сокини 73-солаи деҳаи Тавдем, Файзмуҳаммад, аз шахсоне буд, ки ба санади мақомот ҳамчун шоҳид, ки силоҳро дар ҷои ҳодиса дида имзо гузоштааст. Ӯ гуфт, воқеан ман ба чунин санаде имзо гузоштам, вале ин корро на ихтиёрӣ, балки аз тарс кардам. Ба гуфтаи ӯ, “ин силоҳ бо расидани гурӯҳи тафтишотӣ дар онҷо пайдо шуд.“ “Мо ду муйсафедро бо силоҳ ба ҷои ҳодиса оварданд. Чор нафар аз пешамон ва чор нафар аз қафо буданд. Нафаре гуфт мо узви эксперти вилоятӣ ҳастем. Ҳамонҷо силоҳ якбора пайдо шуд. Агар ман мегуфтам, ки силоҳ ҳозир пайдо шуд, мумкин маро мепарронданд. Ҳамчунин боқимондаҳои тирро ҷамъ карданд, ва мо аз тарс имзо гузоштем.

Куштори ваҳшиёна ва беҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбеков, рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар ноҳияи Роштқалъа дар деҳаи Тавдем бо зарби 7-тир аз тарафи органҳои интизомӣ сабаби тезу тунд шудани вазъият дар Хоруғ, мавҷи эътирозҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Лондон, Берлин, Вена, Варшава, Вилнюс ва дигар шаҳрҳои кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд омада, нафрати мардум нисбати мақомот ба вуҷуд омад ва бо умеди он, ки тафтишотро одилона ба анҷом расонида, ба гунаҳкорон ҳукми қонунӣ дода шавад.

Мақомот дарк кард, ки мардум майдонро тарк карданӣ нест. Ва роҳи муросо, оромӣ ва макрро пеш гирифт, намояндаҳои Ҳукумат ва интизомӣ пешниҳодҳои мардумро қабул намуда, ваъда доданд, ки шабакаҳои интернетӣ ба кор андохта мешавад, иштирокчиёни ҳамоиш таъқиб карда намешаванд, омилони қатли Гулбиддинро пайдо мекунанд ва ҳукми одилона бароварда мешавад.

Сомонаи Озодӣ ҳам дар истинод ба телевизиони маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки шоми 1-уми декабр бори аввал мақомот эълон карданд, ки “онҳое, ки дар эътироз иштирок кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.”

Дар натиҷа иштирокчиёни ҳамоиш ба хулоса омаданд, ки барои гуфтушунид бо мақомот комиссия ташкил медиҳанд. Чунки аз соли 2012 ҳукумат ягон маротиба ба ваъдаи худ вафодор набуд. Ба ҳайати комиссия 44 нафар шахсони соҳаҳои гуногун аз ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил шуданд. Ва мардум бо умеди адалат, оромии минтақа майдонро тарк карданд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s