Дидгоҳ

Ваъдахилофӣ ва аҳдшикании мақомот дар қазияи Бадахшон

“Мақомот худ аз гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон талаб мекунад, ки то анҷоми тафтишот ба расонаҳо сӯҳбат накунанд, вале худи мақомот аз тариқи расонаҳои давлатӣ барномаҳои ташвиқотӣ нашр мекунанд ва ба тафтишот халал ворид месозанд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати ҳаводиси Хоруғ дархост доранд, ки ба пахши барномаҳои якҷониба хотима дода шавад. Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор, мегӯяд, дар сурате, ки гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҷараёни руйдодҳоро таҳқиқ дорад, пахши ҳар гуна барномаи телевизонӣ аз тариқи шабакаҳои ҳукуматӣ, дахолат ба ҷараёни тафтишот аст.”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (14))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (57)

Аз тарафи ҳамоишгарони чоррӯза дар шаҳри Хоруғ, барои музокира бо мақомот ва назорати иҷрои талабҳои худ аз байни ҳамоишгарон, гурӯҳи кории “Комиссияи 44“-ро интихоб намуданд.

Гурӯҳи “Комиссияи 44“ асосан аз фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ таъсис ёфта, аз ҷумла шаш нафари онҳо шомили гурӯҳи тафтишотии Додситонии кул ва Додситони ҳарбӣ, ки ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи ноябр дар шаҳри Хоруғ, вазифадор карда шуданд.

Мақомот ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ созиш карданд, ки ин ҳодисаро якҷо, аз рӯи қонуни амалкунандаи кишвар таҳқиқ мекунанд.

Пеш аз тарки майдони марказии шаҳри Хоруғ талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум аз мақомот бо шарҳи зер буд:

1) Ҳодисаи қатли Гулбиддин Зиёбеков таҳқиқ ва омилони он ба ҷавобгарӣ кашида шудани ҷинояткорон;

2) Иштирокчиёни ҳамоишҳои эътирозӣ афв карда шаванд;

3) Баровардани низомиён аз блокпостҳои иловашуда дар ҳудуди шаҳри Хоруғ;

4) Дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет;

5) Аз вазифа сабукдӯш намудани Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ.

Ҳамзамон, талаботҳои намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум бо чунин шарҳ буд:

1) Роҳи дорои аҳаммияти байналмилалмдоштаи Қулма-Хоруғ-Душанбе бояд фавран кушода шавад;

2) Мардуми ҷамъомада майдони Исмоили Самонии шаҳри Хоруғро тарк намоянд.

Дар изҳороти мардумӣ таъкид мешавад, ки фаъолияти аперативӣ-ҷустуҷӯӣ фақат дар доираи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти апреративӣ-ҷустуҷӯӣ” сурат бигирад. Ҳар касе, ки ҷиноят содир намояд, ӯро фақат суд ҷазо медиҳад, на мақомоти корҳои дохилӣ ва ё мақомоти КДАМ ва на мақомоти Прокуратураи генералӣ. Дар Тоҷикистон фақат суд ҳуқуқи ҷазо доданро дорад, на дигар мақомотҳои зидахл.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин изҳороти худ ёдовар мешаванд, ки дар Тоҷикистон барои шикори харгӯш, оҳу ва моҳигирӣ иҷозатномаи расмиеро аз мақомоти махсус мегиранд. Вале дар Вилояти Мухотори Кӯҳистони Бадахшон исонҳо ба монанди ҳайвонҳои номбар шуда ҳам арзише надоранд, онҳоро бидуни ҳукми суд мезананд, мекӯбанд, зиндонӣ мекунанд, мепарронанд ва ҳеч додрасе ҳам нест, ки мардуми минтақаро додраси намояд.

Дере нагузашта, гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки барои таҳқиқи руйдодҳои ахир бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, мегӯянд, расонаҳои ҳукуматӣ ҳаводиси ахирро дар бораи Хоруғ якҷониба инъикос мекунанд.

Телевизиони Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 9-уми декабр дар бораи ҳодисаҳои ахир дар ин вилоят барномае пахш кард, ки дар он барнома ширкатдорони ҳодисаҳои ахири Хоруғ ба зиёдаравӣ муттаҳам мешуданд.

Чанд тан аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, мақомоти тафтишотӣ аз аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки шомили гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҳастанд, барои сӯҳбат накардан бо расонаҳо аз ҷараёни тафтишот имзо гирифтаанд, вале мақомоти интизомӣ худ аз тариқи шабакаҳои телевизони ҳукуматӣ, дар ин бора гузориши яктарафа пахш мекунанд.

Хуҷамрӣ Пирмамадов, масъули Дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, мақомот кормандони мактабҳо, беморхонаҳо ва идораҳои дигаре, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд, маҷбур мекунанд, то тариқи телевизиони давлатӣ руйдодҳоро як тарафа маҳкум кунанд. То имруз ҳудуди 15 нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шикоят карданд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, ки агар ҳарф назанӣ, аз ҷои кору маош маҳрум мешавӣ. Вақте онҳо иҷборан, якҷониба сӯҳбат мекунанд, ба ҷараёни тафтишоте, ки идома дорад, ҳатман халал ворид мешавад.

Дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ширкат намуда, гуфтааст, ки Гулбиддин Зиёбеков ҷинояткор буд.

Суоле ба вуҷуд меояд, ки ҳоло тафтишот нимкола аст, ба охир мерасад ё не, дар гумон аст. Вале аллакай ӯро ҷинояткор ҳисобида истодаанд.

Яъне, мақомот мехоҳанд бо роҳҳои гуногун болои ширкаткунандагон дар тазоҳуроти чоррӯза дар шаҳри Хоруғ фишор биоранд.

Пойгоҳи телеграмии “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро шарҳ медиҳад, гуфт, мақомоти қудратӣ ва интизомӣ дар вилоят бо роҳҳои гуногун фишор овардан болои иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии сокинон дар шаҳри Хоруғро оғоз кардаанд.

Инҷо, банда, ваъдахилофӣ ва эҳсоси аҳдшикании яктарафаи мақомотро мебинам.

Вале мақомот худ аз гурӯҳи 44-нафараи ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон талаб мекунад, ки то анҷоми тафтишот ба расонаҳо сӯҳбат накунанд, вале худи онҳо аз тариқи расонаҳои давлатӣ барномаҳои ташвиқотӣ нашр мекунанд ва ба тафтишот халал ворид месозанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати ҳаводиси Хоруғ дархост доранд, ки ба пахши барномаҳои якҷониба хотима дода шавад.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор, мегӯяд, дар сурате, ки гурӯҳи кории муштараки тафтишотӣ ҷараёни руйдодҳоро таҳқиқ дорад, пахши ҳаргуна барномаи телевизонӣ аз тариқи шабакаҳои ҳукуматӣ дахолат ба ҷараёни тафтишот аст.

Ӯ сухани худро идома дода мегӯяд: “Агар мақомоти интизомӣ наворе ё маълумот аз ҷузъиёти ҳодисаеро дар даст доранд, бидуни пахш дар расонаҳо ва бидуни пешқазоват ба ҳамин гурӯҳи тафтишотӣ пешниҳод кунанд. Дар сурати ғайр, дар мавриди тафтишоти шаффоф шубҳаҳо пайдо мешавад ва афкори ҷомеаро тағйир медиҳад.“

Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви гурӯҳи корӣ гуфт: “Ҷараёни тафтишот шаффоф идома дорад”. Вай тасдиқ кард, ки “дар ҳоли ҳозир иддаои мақомоти интизомӣ дар бораи аз силоҳ истифода кардани Зиёбеков ташхис мешавад.”

Барои исботи кушта шудани Гулбуддин Зиёбеков, танҳо як видеое, ки дар сомонаи You Tube, ки нашр шуд кифоят мекунад.

Рӯзи 23-уми декабр сомонаи Pamir Deily News навореро нашр кард, ки саҳнаи боздошту куштори Гулбиддин Зиёбеков аст. Гулбиддин, сокини деҳаи Тавдем ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр кушта шуд ва ин ҳодиса боиси эътирози чоррӯзаи сокинон дар Хоруғ гардид.

Дар навори видеоие, ки як моҳ баъд аз ин ҳодиса ба интернет роҳ ёфт, дида мешавад, ки гурӯҳи низомипӯше як нафарро бо зӯр кашола карда ӯро аз болои як пули чубин ба тарафи деҳа мебарад.

Яке аз наздикони Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, пуле, ки дар навори видеоӣ дида мешавад, дар назди деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа мебошад.

Узви дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, бинобар набудани интернет онҳо чунин наворро надидаанд, вале шоҳидон ҳангоми пурсиши гурӯҳи тафтишотӣ нақл карданд, ки кормандони интизомӣ баъди тир задан ба Гулбиддин тани нимҷони ӯро тариқи пули деҳа оварда ба сард хона супоридаанд.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s