Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар номае ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафили сулҳ, бо ишора ба изҳороти ахири додситони кулли Русия мабнӣ бар шомил кардани ҲНИТ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, хостори дахолати дабири кулл ва ниҳодҳои СММ ва кишварҳои кафили сулҳ барои пешгирӣ дар ин амр шуд ва гуфт: “Аз Федератсияи Русия талаб мешавад, ки аз қабули чунин қарори мухолиф ба руҳияи Созишномаи Сулҳи тоҷикон худдорӣ кунад. Инчунин, Созмони Миллал гурӯҳи кории махсусро барои баррасии вазъи иҷроиши Созишномаи Сулҳ ва натиҷаҳои он таъсис диҳад.”
Ба гузориши сайти расмии ҲНИТ, номаи Муҳиддин Кабирӣ ба шарҳи зерин аст:
“Ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки ахиран додситони кулли Русия Игор Красов дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки ба зудӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро бо дархости ҳукумати Тоҷикистон шомили руйхати созмонҳои терористӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Русия яке аз кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикон ва мизбони чанд даври музокирот буда, Созишномаи Сулҳ ҳам дар таърихи 27.06.1997 дар Маскав имзо шудааст.
Ёдовар мешавем, ки раванди мусолаҳаи тоҷикон бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Миллал 968 (1994) ва имзои Созишномаи Сулҳ байни президенти Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам буд, бо ишрофи намояндаи вижаи Созмони Миллал сурат гирифтааст.
Қарор буд, ки ин сулҳи ба даст омада на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима бибахшад, балки заминаи бунёди як ҷомеаи пешрафтаи таҳаммулпазири демократиро ба вуҷуд биёрад.
Аммо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсатҳо ва омилҳои гуногун натиҷаи сулҳро ба нафъи худ ва хонаводааш мусодара намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари худкомаи ақабмонда табдил дод. Инчунин, тарафи дигари сулҳро на танҳо дар дохили кишвар саркӯб ва мамнӯъ эълон кард, балки талош дорад, то доманаи ин мамнуъиятро дар сатҳи минтақа восеътар кунад.
Ҳодисаҳои Украина ва вазъи хоси Русия фурсатеро ба вуҷуд овард, ки Раҳмон тавонад ин хостаи деринаи худро болои Маскав таҳмил кунад.
Амалӣ шудани ин дархости Тоҷикистон метавонад оқибатҳои фоҷиабори инсонӣ ва амниятӣ барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад.
Боиси таасуф аст, ки ба муроҷиати роҳбарияти ҲНИТ ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ва кишварҳои кафил дар бораи поймол кардани созишномаи сулҳ аз тарафи президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 бетафовутӣ сурат гирифт, ки он оқибатҳои фоҷиабор дошт.
Дар ин ҳолат мо дахолати бевоситаи дабири кулл ва ниҳодҳои СММ, кишварҳои кафили сулҳ, қабл аз ҳама федератсияи Русия ва ҷумҳурии исломии Иронро барои пешгирӣ аз як паёмадҳои вахимтар зарур медонем. Аз ҷумла аз федератсияи Русия талаб шавад, ки аз қабули чунин қарори мухолиф ба руҳияи Созишномаи Сулҳи тоҷикон худдорӣ кунад. Инчунин, Созмони Миллал гурӯҳи кории махсусро барои баррасии вазъи иҷроиши Созишномаи Сулҳ ва натиҷаҳои он таъсис диҳад.
ҲНИТ бори дигар аз заҳматҳои СММ ва кишварҳои кафил барои имзои Созишномаи Сулҳ қадрдонӣ карда, бори дигар таъкид мекунад, ки дар фаъолияти худ ба муколама ва гуфтушунид авлавият медиҳад.
Бо эҳтиром,
Муҳиддин Кабирӣ
Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Рубрики:Хабарҳо