Дидгоҳ

“Комиссияи 44”; комиссияе, ки ба раисиҷумҳур бовар дошт

“Пас аз чанд вақти боздошт, 7 нафари онҳоро (аъзои “Комиссия 44-ро) аз шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе оварданд ва дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Аз рӯи маълумот ному насаби 5 нафари онҳо муайян шудааст:

1) Фаромӯз Эргашев, ҳуқуқшинос;

2) Хурсанд Мамадшоев, рӯзноманигор;

3) Манучеҳр Холиқназаров, раиси коллегияи адвокатҳои Помир;

4) Музаффар Муборакшоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ;

5) Бахтовар Бахтиёрев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ…”

(Сабабҳои муноқишаи марзӣ ва дохилии Тоҷикистон (15))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (58)

Яке аз талаботи асосии мардум дастрасӣ доштан ба шабакаи интернет буд, ки мақомот ваъдаҳои худ оид ба дастрасӣ пайдо шудан ба интернетро иҷро накард; одатеро, ки мисли солҳои 2012, 2014 ва 2018 давом дода истодаанд.

Солҳои пеш оид ба қатъ кардани шабакаи интернет баҳонаеро пеш меоварданд. Ҳоло рӯи рост интернетро қатъ мекунанд, то ки мардум алоқа надошта бошанд, зулму шиканҷа ва кушторҳо сари вақт дастрасии хонандагон ва бинандагон нашавад. Вале ҳукумат бехабар, ки қатъ шудани интернет, дар минтақа ба иқтисоди вилоят миллионҳо зарар меорад ва бонкҳо ва кулли хоҷагидорӣ (хоҷагии халқ) фалаҷ мешавад, ки ҷуброннопазир аст.

Ҳукумат барои шарҳи қатъи интернет ҳозир нестанд, ки ҷавоб диҳанд.

Коршинос Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мегӯяд, ки қатъ кардани интернет ба унвони дастоварди замони муосир ва манбаи алтернативии хабар хилофи усули ахлоқӣ ва қонуни мебошад.

Вай меафзояд: “Аз назари қонуни бидуни тасвиби санади мувофиқ аз сӯи парлумон, раисиҷумҳур ва ниҳодҳои дигари зидахл, масдуд кардани интернет дар ВМКБ бояд оқибатҳое дар пай дошта бошад ва мақомот бояд ба он вокуниш нишон бидиҳад.”

Мақомот на танҳо аз паи иҷрои талаботи мардум нестанд, балки аз паи таъқиби ҳамоишгарон шуда, руйхате тартиб додаанд, ки номи 66 нафар сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ-ро дар пайгард додаанд ва рӯйхати онҳоро ба ихтиёри сарҳадбонон дар гузаргоҳҳои марзӣ супорида, хориҷ аз кишварро мамнӯъ эълон кардаанд.

Нусхаи рӯйхат, рӯзи 22-уми декабр дастраси ба Радиои Озодӣ шуда, дар ин рӯйхат зодагони шаҳри Хоруғ ва Роштқалъа ҳастанд, ки дар эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 иштирок намудаанд.

Пас аз ошкор шудани ин рӯйхати махфӣ, узви “Комиссияи 44“ тафтишоти яктарафа ва пасипардагии мақомот ва таъқиби ҳамоишгарон дар рӯзҳои 25-28-умро эҳсос карда, барои пеши роҳи нооромӣ ва ё хунрезии навбатиро гирифтан, ба хулосае расид, ки ба раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ муроҷиат намояд.

Намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшинос, узви ин гурӯҳ, Фаромӯз Эргашев, рӯзи 19-уми декабри соли 2021 мегӯяд, мо мардуми сӯлҳдусти ВМКБ, ҷонибдори сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Шумо Рустами Эмомалӣ муроҷиат мекунем, бо умеди он, ки вазъи дар ВМКБ ба амал омада ва масъалаи таъмини сулҳу субот дар минтақа дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олӣ барраси карда шуда ва Шумо бо истифода аз тамоми донишу нуфузи худ вазъ дар Хоруғро таҳти назорати шахсии худ гирифта ва моро дастгири намоед.

Дар идома мегӯяд, ки мо мардуми таҳаммулпазирӣ Бадахшон ҳама мушкилотро сарбаландона паси сар карда, аз сиёсати пешгирифтаи президенти ҷумҳурӣ пуштибонӣ менамоем. Ҳарчанд дар Бадахшон ҳамеша дар бозорҳо нархи баландтарин, арзиши баландтарини маводди сӯзишворӣ, нерӯи барқ ва роҳи бадтарин дар мамлакат…

Ба Шумо арз менамоем, ки ҳоло кормандони интизомӣ тафтишоти Гулбиддин Зиёбековро яксӯ гузошта, бо лату кӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ин гирдиҳамоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар бораи кушташудагон ва захмиён ҳарфе нест…

Намояндагони узви “Комиссияи 44“ бо як умеди ноҷот ёфтан, аз зулму шиканҷаи сохторҳои интизомӣ муроҷиат намуданд. Вале аз тарафи Рустами Эмомалӣ вокунише нашуд.

Ҳамзамон рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ (2022) ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили сулҳу субот, барои оромии мардуми Бадахшон муроҷиат карданд. Аз Эмомалӣ Раҳмон ҳам хостанд, ки ин минтақаи нооромро таҳти назорати шахсии худ гирад.

Онҳо дар изҳороти худ ба раисиҷумҳур хабар доданд, ки тафтишоти муҳимтарин парвандаи ҷиноӣ оид ба куштори сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков аз 30 декабр “муваққатан“ боз дошта шуд. Ва ин дар ҳолест, ки маҳз қатли Зиёбеков Гулбуддин сабаби аслии эътирозҳои оммавӣ дар Хоруғ ва талаби асосии эътирозгарон буд.

Вале органҳои тафтишотӣ ба ҷои захмӣ ва кушташудагонро омили асосии тафтишот қарор бидиҳанд. Онҳо таъқиби тазоҳургаронро оғоз намуданд.

Аъзои “Комиссияи 44“ бо умеди сулҳу субот, ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар матбуоти расмӣ талош доранд, сокинони Бадахшонро ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ намоянд ва шабакаи телевизионии маҳаллии “Бадахшон“ ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, танҳо бо тӯҳмат кардани сокинони вилоят машғуланд.

Аъзоҳои комиссия мутмаиннанд, ки чунин вазъият ба амнияту суботи тамоми Тоҷикистон таҳдид мекунад ва дахолати мустақими раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарур аст.

Пас аз муроҷиатҳо, аз тарафи мақомоти интизомӣ, ҳудуди 13 нафар аъзои фаъоли “Комиссияи 44“ боздошт ва бозпурсӣ шуданд, яке аз узви ҷомеъаи шаҳрвандӣ, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки бархе аз онҳо аъзои гурӯҳи тафтишотии ҳодисаҳои моҳи ноябр дар Хоруғ буданд ва маълум нест, ки нисбати онҳо парванда боз шудааст ё не.

Ба гуфтаи як манбаи дигар аъзои “Комиссияи 44“ бо шумули ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, пас аз тафтишотҳои паси пардагӣ, рӯзи 28-уми майи соли 2022 ба додситони даъват шуда ва пас аз бозпурсӣ, бо баҳонаи, дарёфти пул аз хориҷ, дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуданд.

Вале ба Радиои Озодӣ яке аз узви гурӯҳи корӣ гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Бадахшон, барои фаъолияти расмии “Комиссияи 44“ тафтишоти воқеии ҳодисаҳои моҳи ноябр дастгирӣ карда шудааст, на аз тарафи мухолифин.

Пас аз чанд вақти боздошт, 7 нафари онҳоро аз шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе оварданд ва дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз рӯи маълумоти дар Радиои Озодӣ нашр шуда, ному насаби 5 нафари онҳо муайян шудааст:

1) Фаромӯз Эргашев, ҳуқуқшинос;

2) Хурсанд Мамадшоев, рӯзноманигор;

3) Манучеҳр Холиқназаров, раиси коллегияи адвокатҳои Помир;

4) Музаффар Муборакшоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ;

5) Бахтовар Бахтиёрев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онҳоро ба гирифтани пул аз Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов муттаҳам мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов мегӯянд, ки ин иттиҳомот “беасос“ ва “кӯшиши сафед кардани амалҳои ғайри қонунӣ ва ҷиноии худро“ доранд.

Радиои Озодӣ ҳам хабар медиҳад, ки аз рӯи иттилои ба даст расида, дарёфти кӯмаки молии фаъолони мадании ВМКБ аз азҳоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати, дар Аврупо будаи Тоҷикистонро рад мекунанд.

Ба гуфтаи яке аз наздикони “ Комиссияи 44 “, на мухолифин, балки муҳоҷирони меҳнатии Бадахшон, барои таҳқиқи одилонаи ҳодисаҳои моҳи ноябр пуштибонӣ кардаанд. Пулро бо рубли русӣ фиристодаанд, ҳама ҳуҷҷатҳои бонкиро дар бораи кай ва аз кӣ гирифтанашонро дар даст доранд.

Рӯзи 29-уми июни ҳамин сол, додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви фаъоли “Комиссияи 44“-ро, ки барои таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи ноябри вилояти Бадахшон, шаҳрвандон Худжамри Пирназаров ва Шафтолу Бекдавлатов шомил буданд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсӣ Темур Варқӣ дар навиштаҳои худ, ба ин қадар зулму шиканҷа ва куштор, саволи “кӣ ҷавоб медиҳад”-ро оварда ба ин шарҳ:

1) Барои хунрези дар шаҳри Хоруғ кӣ ҷавоб медиҳад?

2) Кӣ ҷавоб медиҳад, ки шаҳри осоиштаи Хоруғ дар давлати демократии ҳуқуқбунёд, ба муҳосираи ҳарбӣ-сиёсӣ гирифта шуд?

3) Кӣ барои сӯиқасд ва куштори гумонбаршуда ҷавоб медиҳад?

4) Магар Гулбиддин Зиёбеков суд шуда буд, ки ба қатл расонда шуд?

5) Оё ҳукми қатл, то ҳол амалӣ мешавад?

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s