“Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ, Тоҷикистонро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифт, дар бозорҳо орд, гӯшт, ширу равған ва ҳатто имрӯзҳо картошкаю пиёзу сабзӣ ва умуман ғизоҳои аввалия оҳиста-оҳиста на танҳо арзишаш баланд шуд, балки кам шуд…”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (1))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (60)
Табибонро ба рӯзи иди касбиашон муборакбод намуда, ба онҳо дар соҳаи тиб ва ҳифзи саломатии мардуми кишвар бурдборӣ ва рушду камолотро орзумандам!
Ин соҳа дар ҳаёт, зиндагӣ, саломатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии инсон роли муҳимро мебозад. Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ дар байни ҷумҳуриҳо яке аз ҷумҳурии пешсаф ба шумор мерафт.
Вале, дар охири солҳои навадум, аҳолии собиқ ИҶШС (СССР) аз Ҳукумати марказӣ озодӣ ва истиқлолияти давлатҳояшонро талаб карданд. Қишри ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам, аз Ҳукумати ҷумҳурӣ озодӣ ва истиқлолиятро талаб намуда, ба майдонҳо рехтанд ва як Ҳукумати муросои миллиро дар байни ҷумҳуриҳо яке аз аввалинҳо шуда ташкил намуданд.
Лекин як гурӯҳи ба ном сиёсатмадор, дузду ғоратгар, наслкуш ба монанди Сафаралӣ Кенҷаев, Раҳмон Набиев, Ҷӯрабек Муродов, Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сангак Сафаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Рустами Абдураҳим, Лангар Лангариев, Файзалӣ Саидов, Каримов (Хӯҷа командир), Ҷамолиддин Мансуров, Иброҳим Исмоилов, Саидшоҳ Шамолов, Қурбон Чолов, Иззат Куганов, Сӯҳроб Қосимов, Мустафои Варзобӣ, Бӯрӣ Ҷобиров ва дигарҳо бо талошҳои бемаънӣ фикру андешаҳои ғалат, дар ташкил намудани ҳамоишҳои зидди истиқлолхоҳон ва ташкили ҷанги шаҳрвандӣ, саркӯб кардани озодандешон, ба қатл расондани нухбагони миллат, миллатро на танҳо ба шароити пасти зиндагӣ оварданд, балки садҳо ҳазор нафар қишри қувваи кори доштаи аҳолӣ, ба Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия фирор карданд, даҳҳо ҳазор нафари дигар бе хонаю ҷой монданд, ҳазорҳо нафари дигарро беваю ятим карданд. Ва сабабгори кашондани моли дохилиро бо пули беқадршудаи ИҶШС (деревянный) ба хориҷи кишвар шуданд.
Миллат бо як пули беарзиш, бо мағозаҳо ва бозорҳои холи, дар шароити вазнини зиндагӣ монд.
Дар натиҷа мардуми кишвар ба танқисии маводди озуқаворӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар бозорҳо маводди хӯрокворӣ рӯ ба камбудӣ овард, аз тарафи дигар нархҳо рӯз ба рӯз баланд мешуд ва тӯли 30 сол аст, ки баланд шуда истодааст.
Яъне Тоҷикистонро бӯҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифт, дар бозорҳо орд, гӯшт, ширу равған ва ҳатто имрӯзҳо картошкаю пиёзу сабзӣ ва умуман ғизоҳои аввалия оҳиста-оҳиста на танҳо арзишаш баланд шуд, балки кам шудан дорад. Аз рӯи маълумоти расмӣ, маълум шуд, ки дар нимаи аввали соли 2022 иқтидори истеҳсоли саноати ордкашӣ 35% кам шудааст.
Дар солҳои аввали истиқлолият мардум дар дари мағозаҳо барои нон бо фарзандон дар навбат меистоданд…
Мардум маҳсулоти қуттимеваҳоро ҳам харида тамом карданд. Дар мағозаҳо маҳсулоти ширӣ куллан даст норас шуд. Мағозаҳо ба як толори холӣ мубаддал гашт. Дар шаҳри Хуҷанд ду нуқтаи марказонидашудаи маҳсулоти ширӣ ташкил карда шуд, ки аҳолӣ барои харидорӣ намудани маҳсулоти ширӣ, аз як тарафи шаҳр ба тарафи дигари шаҳр мерафт.
Хулоса, мардуми шаҳр аз зиндагии арзандаи ширини давраи Шӯравӣ ба зиндагии талх, нооромӣ, бесуботӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ҳамаи ин камбудию норасоиҳо ба саломатӣ, ҳифзи иҷтимоии мардум бетаъсир набуд ва мардум ба як кӯчаи сарбаста ворид шуд, ки аз ин кӯчаи сарбаста ва бӯҳрони иқтисодии фарогир роҳи раҳоиро намедид.
Ба болои ин ҳамаи сахтиҳои зиндагӣ, боз якчанд омили дигар ба сари миллат омад, ки ин барои бисёриҳо зарбаи сахт буд.
Оиди ин масъалаҳои (омилҳои) иқтисодӣ-иҷтимоии воқеъӣ якчанд нуқтаи назари худро баён менамоям:
1) Аҳолӣ дар давраи Шӯравӣ пасандозҳои худро дар амонатбонк ба хотири гузарондани тӯйҳои фарзандон, сохтани хонаҳои истиқоматӣ, истироҳат ва табобат дар санаторияҳо, саёҳат кардан ва ғайра нигоҳ медошт. Банда, ҳатто моҳонаамро бо воситаи Амонатбонк мегирифтам, кадом вақт маблағ зарур шавад маблағи заруриро мегирифтам, бақияаш дар амонатбонк нигоҳ дошта мешуд. Дар давраи бо ном истиқлолият ҳамаи пасандозҳои мардум ба сифр баробар шуд, ки то ҳол дараке нест.
Вале давлати Русия то ҳол пасандозҳои давраи Шӯравиро пардохт мекунад. Нафаре моҳи марти соли 2020 дафтарчаи пасандози падарашро, аз қабати анҷомҳояш меёбад, 8000 рубли ИҶШС пул доштааст. Ба шӯъбаи Амонатбонк муроҷиат мекунад. Масъули амонатбонк мефаҳмонад, ки ин вақт талаб мекунад. Яъне аввал аз номи падар ба писар гузаронда, пас пардохт карда мешудааст. Ниҳоят, бо маблағи 17940 рубли русӣ бармегардонанд.
Аввали моҳи январи ҳамин сол (2022) Амонатбонки Русия эълон кард, ки дар сурати пешниҳод намудани дафтарчаи Амонатбонки давраи Шӯравӣ бо коэффитсиенти нишон дода шуда пардохт карда мешавад.
Идома дорад