Дидгоҳ

Бадтару зишттар аз бонкдорони тоҷик вуҷуд надорад

“Бонкдорони мо то дараҷае чашмгушна шудаанд, ки бовариатон намеояд. Худ соҳиби миллиардҳо доллар ҳастанд, боз ба як пули ночизи муҳоҷирони меҳнатӣ чашм ало карданд. Ва ин дар ҳоле аст, ки қисме аз муҳоҷирон ҷои хоби сиҳҳат надоранд, дар подвалҳо, дар вагонҳо, вақтҳое шуд, ки вагонҳо оташ гирифт, зинда ба зинда дар алангаи оташ сӯхтанд, латукӯб мешаванд, зада кушта ба ҷангалҳо бурда мепартоянд, хӯрдани ролтон, вақтҳое мешавад, ки кор фармо пулашонро намедиҳад, ҳатто пулис ҳам бо роҳҳои тарс додан пули муҳоҷирро мегирад ва ҳоказо….”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (2))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (61)

2) Дар давраи фурӯпошии давлати Шӯравӣ, пули беқадршудаи он аз кишварҳои ҳамсоя махсусан ба вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) мерехт, чунки кишварҳои ҳамсоя пули худро ва ё купонро ба муомилот бароварда буданд. Пули Шӯравӣ ба кор намерафт, ҳамаи он пулҳо ба Тоҷикистон омад ва қисми дигари он ба Наздиднестр (Приднестровье), ки аз Молдавия ҷудо карда шуда буд ба кор мерафту халос.

Дар дигар ҳамаи ҷумҳуриҳо гардиши пули Шӯравиро манъ карда буданд.

Вақте, ки аҳолии Тоҷикистон бо пули беқурби ИҶШС монд, ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул кард, ки ҳар як фарди аз 18 сола боло метавонад то 195 000 сӯми (рубль) ба Амонатбонк супоранд, дар оянда пуле, ки ба муомилот мебарояд, иваз карда мешавад.

Аҳолӣ ба ояндаи нек ба Амонатбонк пулро супорид, то ки дар оянда барои аҳли оилаи худ истифода барад.

Вале то ҳол аз он пул дараке нест, ки ин ҳам зарба ба сатҳи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ зада шуд.

Чунин ҳолат дар ягон ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ рӯй надод, пули худро нигоҳ дошта тавонистанд ва ё бо пули ҷоришуда иваз намуданд.

3) Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ 10 сӯми ва 20 сӯми зайюм буд, ки дар 1,5 моҳ як маротиба бозӣ мекард, аз 20 сӯм сар карда то 50, 100, 500, 1000, 5000 сӯм бурд дошт, аз ин баланд ҳам буд ё не дар хотир надорам.

Дар солҳои охири давраи Шӯравӣ зайюмҳо бурди мошинҳоро ҳам дошт. Аз шаҳраки Адрасмон, як шахс ду маротиба бурд кард, дар навбати аввал ВАЗ-011, пас “Нива“, якумашро гирифта савор шуд, дуюмашро дар давраи пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ буд, ба Душанбе рафта гирифта натавонист.

Ҳамоишҳои мардумӣ барои озодӣ, истиқлолияти кишвар, оғоз шуда буд, масъулин бо дурӯғҳои бофтаи худ надодаанд…

Шахси дигар, аз шаҳраки Б. Ғафуров, ВАЗ-011 бурида буд.

Хулоса, барои зайюмдорҳо каме бошад ҳам даромаде буд.

Пас аз пошхӯрии ҷамоҳирот, зайюмҳоро ба Вомбарги дар Эрон тайёршуда иваз намуданд, ки ҳар яки онро баъд аз чанд вақт, бо 10 дирамӣ ва ё бо чанд дирам, ки иваз карда шуд, ӯ ҳам сифр шуд.

4) Дар давраи истиқлолият ҳам аҳолӣ фиреб хӯрд, ба бонкҳои “Фонобонк“, “Промбонк“, “Агроинвестбонк“ ва “Содиротбонк“, мардуми кишвар бо як умеди нек пасандозҳои худро супорид.

Дар ниҳояти кор бонкҳои зикршуда аз тарафи шахсони баландмақом муфлис карда шуд, дар навбати аввал “Фонобонк“ ва “Промбонк“ барҳам хӯрд…

Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, барои нигоҳ доштани “Агроинвестбонк“ ва “Содиротбонк“, зиёда 3 миллиарду 700 миллион сомонӣ пул ҷудо кард, ба “Агроинвестбонк“ 2 млрд сомонӣ, ба “Содиротбонк“ 1 миллиарду 700 млн сомонӣ.

Вале, аҳолӣ аз ягонтои ин бонкҳо пасандозҳои худро гирифта натавонист ва ё пас аз сарсониҳои зиёди навбатпоӣ, ҳар рӯз то 200 сомонӣ гирифта тавонисту халос, мумкин худиҳо пасандозҳои худро 100 % гирифта бошанд. Вале мардуми оддӣ ҳайҳот…

Ниҳоят соли 2021 бонкҳои “Агроинвестбонк“ ва “Содиротбонк“барҳам дода шуд.

Яке аз шаҳрванди шаҳри Хуҷанд муаллими ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аз Душанбе ба кор омада буданд, (инҷо номашонро намеорам), хонаи заминнокии дар шаҳри Душанбе доштаашонро фурӯхтанд ва як квартираро дар шаҳри Хуҷанд фурӯхта пули ду хонаро ба “Содиротбонк“ гузоштанд, дар ниҳояти кор сарсону саргардон шуданд, гуфтан мумкин, ки ду пули хонаро бо дасти худашон бо дуздҳои қонуни бурда супориданд.

Чанд нафар аз шаҳри Душанбе, ҳатто як нафари онҳо маъюби гурӯҳи якум, дигаре бевазан, пиронсол ва дигарҳо. Онҳо ба маъюби гурӯҳи якӯм ҳам раҳм надоранд…

Ба ҷои ин бонкҳо фарзандон ва авлодони раиси ҷумҳур бонкҳои худро ташкил намуданд ва ё роҳбари бонкҳо ҳастанд. Ба монанди “Спитаменбонк“, “Тавҳидбонк“, ОАО “Ориёнбонк“, Бонки миллӣ (то моҳи июли соли 2022 Ҷамолиддин Нуралиев ҷонишини аввал буд) ва ғайра.

5) Бонкдорони мо то дараҷае чашмгушна шудаанд, ки бовариатон намеояд. Худ соҳиби миллиардҳо доллар ҳастанд, боз ба як пули ночизи муҳоҷирони меҳнатӣ чашм ало карданд.

Қисме аз муҳоҷирон ҷои хоби сиҳҳат надоранд, дар подвалҳо, дар вагонҳо, вақтҳое шуд, ки вагонҳо оташ гирифт, зинда ба зинда дар алангаи оташ сӯхтанд, латукӯб мешаванд, зада кушта ба ҷангалҳо бурда мепартоянд, хӯрдани ролтон, вақтҳое мешавад, ки кор фармо пулашонро намедиҳад, ҳатто пулис ҳам бо роҳҳои тарс додан пули муҳоҷирро мегирад ва ҳоказо.

Дар як моҳ муҳиҷири дар роҳмонда ва ё сарсахт 5000 рубли русӣ ва ё 10 000 рубль сарфа намуда, ба фарзандони пойлуч, падару модарони ҷигар банд мефиристанд, то ки бо хӯрока, пойафзол ва либоса таъмин бошанд.

Шумо дар хонаи гарм, ҷои кори арзанда ҳастед, боз пули ночизи муҳоҷиронро бо пули аслиаш намедиҳед шарм доред, марг ба Шумо барин миллиардерҳо! Марг!!!

Оиди пули муҳоҷирон дар дигар мавзӯъҳо гуфта будам, бо ҳамин иктифо мекунам.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s