“Дар Британия Борис Ҷонсон ба хотири саҳалангориаш дар COVID-19, ба истефо рафт. Дар ин мамлакатҳо Қонуни асосиро барои мансаб шуда дубору се бор тағйир намедиҳанд ва ё “через мой труп“ намегӯянд. Дар Тоҷикистон ду сарвари асосӣ ҷашни бузурги наврӯзиро бо харҷи даҳҳо миллион сомонӣ ташкил намуданд ва сабабгори паҳншавӣ ва фавти ҳазорҳо нафар шуданд… Кӣ бояд, ҷавоб диҳад?..”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (3))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (62)
6) Мувофиқи маълумоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва Вазорати тандурустӣ, дар як қатор аз давлатҳои ҷаҳон мавҷи дуюми куруновируси COVID-19 бо номи “Делта” ва ё ҳиндӣ ва сипас “Омикрон“ (дар Африқои Ҷанубӣ) пайдо шуда, тез доман зад. Ҳоло дар моҳи августи соли 2022, аввал дар Чин вирусе бо номи “Ланье “ ва дар Куба бемории гули маймун (оспы обезьян) пайдо ва паҳн шуда истодааст.
Вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз аввал борҳо эълон кард, ки дар Тоҷикистон гирифтори ба куруновирус мушоҳида карда нашудааст. Дар вақти айни авҷи афзоиши куруновирус COVID-19, дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як ҷашни наврӯзие бо иштироки зиёда аз 12 000 нафар ва гурӯҳи калони раққосону сарояндагон ва харҷи сермасраф ташкил намуданд, дар замоне, ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гузаронидани чорабиниҳо, ҷашнҳо ва ҷамъомадҳои оммавиро манъ карда буд. Ин ҷамъомад сабабгори фарогирии куруновирус дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам вилоят гашт. Ва на танҳо мардуми ом, балки нухбагони ин миллат аз бемории куруно фавтиданро оғоз намуданд. Пас рӯзи 21 июни соли 2020 аз ин беморӣ, гирифторшавии 15 нафарро эълон карданд, вале аз ин беморӣ фавтидани мардум аллакай оғоз шуда буд. Банда қисме аз шахсони маъруфи ин кишварро, ки аз ин бемори ҷон ба ҷонофарин супориданд рӯи қоғаз меорам:
1. Фарида Мансуров, д.и.т. профессор, вирусолог 69 сола;
2. Сабзбаҳор Убайдова, 56 сола;
3. Убайдулло Раҷаб, устоди санъат;
4. Карим Ҳайдаров, академик, пири дорусозони тоҷик;
5. Маъруф Ҳабибов, подполковник, 52 сола;
6. Узбекбӣ Асадуллоева, 88-сола, модари Азизамоҳ оилаи Эмомалӣ Раҳмон;
7. Ҳабиба Қурбонова, собиқ корманди телевизион, 47 сола;
8. Хуршед Саидов, н.и.т. микробиолог;
9. Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон;
10. Шералӣ Абдулқайсов, устоди санъат;
11. Домулло Мирзоалӣ, фарзанди домулло Муҳаммадӣ;
12. Мунаввара Усмонова, собиқ диктори телевизион;
13. Ғани Тӯраев, полковник, шавҳари Фарида Мансурова;
14. Абдувоҳид Ҷалилӣ, 42-сола, раҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Конибодом;
15. Сатторова Гулнора, асабшинос, табиби беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд;
16. Бобоева Адолат, табиби беморхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд;
17. Мансуров Фурқат, 47-сола, сардухтури диспансерӣ онкологӣ шаҳри Хуҷанд;
18. Ёрматова Назокат, 63-сола, муаллима, собиқ ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд;
19. Асламов Акрам, 59-сола, сардори шӯъбаи маорифи вилояти Суғд;
20. Гулназар Келдӣ, шоир, муаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21. Камодиддинов Баҳриддин, забоншинос, профессор;
22. Рофиева Мавлуда, 56-сола, рӯзноманигор, шаҳри Хуҷанд;
23. Каримов Мирзобек, корманди БДА, шаҳри Душанбе;
24. Бобоева Лола, муаллимаи литсейи N4, шаҳри Хуҷанд;
25. Асозода Мӯсо, педагог, сиёсатшинос;
26. Набиева Тӯфа, ҷонишини директори литсейи N1 шаҳри Хуҷанд;
27. Раҷабов Абдуқаҳҳор, 62-сола, директори театри ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд;
28. Раҷабов Абдумаҷид, соли таваллуд 1995, шаҳри Хуҷанд;
29. Абдуқодиров Абдусалом, 71-сола, д. и. ф., профессор, шаҳри Хуҷанд;
30. Шамсзода Абдуҷаббор, 58-сола, собиқ раҳбари дастгоҳи ММ МО;
31. Расулов Абдушукур, табиб, ноҳияи Панҷакент;
32. Тоҷибоева Вилоят, муаллима, шаҳри Хуҷанд;
33. Камолиддинова Гулнора, духтари профессор Баҳриддин Камодиддинов;
34. Ҷабборзода Ҷалолиддин, 38-сола, прокурори прократураи шаҳри Душанбе;
35. Маъруфов Ҷумъабой, 42-сола, шаҳри Хуҷанд;
36. Ҷӯрабек Назрӣ, 74-сола, устоди санъат;
37. Ҷӯрақул Раҷаббоев, 69-сола, профессор, табиби ҷарроҳии беморхонаи “Қароболо“;
38. Хайрзода Ҷунайдулло, 55-сола, прокурори ноҳияи Зафаробод;
39. Нурматов Дилором, сокини ноҳияи Спитамен;
40. Исломов Дилшод, 46-сола, муовини якӯми Сардори нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;
41. Бердиева Додарой, сокини ноҳияи Панҷакент;
42. Дӯстматов Дӯстмуҳаммад, 62-сола, духтури шикастубанд, шаҳри Хуҷанд;
43. Замираи Муҳаммадсафар, 15-сола, хонандаи синфи ҳаштуми яке аз мактабҳои ноҳияи Ёвон;
44. Ҷӯраев Зариф, 47-сола, сардори филиали давлатии “Амонатбонк“-и шаҳри Бӯстон;
45. Тошев Зубайдулло, 43-сола, корманди шӯъбаи андози ноҳияи Панҷакент;
46. Шерматов Илҳом, 50-сола, корманди БДА-и ноҳияи Спитамен;
47. Рустамов Исломҷон, соҳибкор ва сардори ширкати “Газойл“, шаҳри Хуҷанд;
48. Ибодуллоев Исматулло, 60-сола, духтур дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд;
49. Мирзомаддинов Камолиддин, 57-сола, духтури оилавии поликлиникаи N3-и шаҳри Хуҷанд;
50. Алиева Матлуба, 52-сола, муаллимаи МТУ N19-и шаҳри Хуҷанд;
51. Додобоев Маҳмудҷон, 51-сола, рӯзноманигор, шаҳри Хуҷанд;
52. Маҳмуди Абӯмуҳаммад 66 сола — рӯзноманигор, шаҳри Конибодом;
53. Муродзода Мирзошо, 50-сола, муовини сардори Управленияи ҷустуҷӯи ҷиноии вилояти Суғд;
54. Дӯстова Маҳбуба, 63-сола, шаҳри Панҷакент;
55. Ҳакимова Мунира, собиқ диктори телевизиони марказӣ;
56. Сангинов Муҳиддин, иҷрокунандаи вазифаи директори театри ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд. (Аввал директор, пас иҷрокунандаи он);
57. Муъмин Раҳимзода, 36-сола, шаҳри Панҷакент;
58. Отаев Набиҷон, духтури оилавӣ, ноҳияи Ҷ. Расулов;
59. Ҷӯраева Наргис, 41-сола, мудири шӯъбаи ЗАГС-и шаҳри Гулистон;
60. Абдуллоев Насим, 39-сола, корманди бонки “Эсхата“-и шаҳри Бӯстон;
61. Маърофиева Нуриниссо, 73-сола, муаллимаи МТУ N5-и шаҳри Хуҷанд;
62. Мирзоолимов Раҳматулло, 69-сола, сардори санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент;
63. Боқиев Рашодхон, 69-сола, духтури нейрохрургӣ шаҳри Хуҷанд;
64. Раҳимов Садриддин, 55-сола, мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд;
65. Файзиев Садриддин, 57-сола, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич;
67. Тӯраев Султон, 69-сола, Истаравшан;
68. Раҳмонова Қурбонбӣ, хоҳари раисҷумҳур;
69. Рустамқулова Тӯтиниссо, 52-сола, табиби санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд;
70. Олимова Фотима, директори мактаби таҳсилоти умумии N1 ноҳияи Спитамен;
71. Раҳматуллоев Хайрулло, корманди шӯъбаи санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд;
72. Юлдошев Ҳамдам, 37-сола, ноҳияи Ашт ва дигарҳо.
Ҷумла мӯъминонро Худованд ғариқу раҳмат шоистаи ҷаннат карда бошад!
Метавон гуфт, ки рӯз аз рӯз, ҳатто соат ба соат мардум бо ин беморӣ даст ба гиребон шуданд…
Сарвазири Британияи Кабир, Борис Ҷонсон дар давраи фарогирии COVID-19 яке аз дӯстҳояш ба маъракаи коктейлнӯшӣ берун аз шаҳр даъват мекунад, ӯ дар ин шабнишинӣ иштирок мекунад ва нафари дар мастиаш ҷанҷол кардаро ба масъули баландпояи ҳизбӣ дар парлумон таъйин мекунад. Ҳамҳизбиёнаш пас аз чанд вақт инро фаҳмиданд ва борҳо ба муҳокима кашиданд. Ниҳоят Борис Ҷонсон аз вазифаи Сарвазирӣ рӯзи 7 июл истеъфо дод…
Вале дар қонуни Британия омадааст, ки Сарвазир пас аз истефо додан, то интихоби Сарвазири нав масъулиятро давом медиҳад.
Ба Сарвазири 11 нафар номзадии худро пешниҳод мекунанд. Тибқи натоиҷи даври панҷум ва охирини овоздиҳии порлумонӣ, собиқ вазири молия Риши Сунак ва вазири корҳои хориҷӣ Лиз Трасс барои курсии Сарвазир номзад мешаванд.
Минбаъд ба овоздиҳӣ тамоми аъзои Ҳизби Консерваторӣ (муҳофизакорӣ) Бритониё ба интихоби нахуствазир ҳамроҳ мешаванд, тибқи маълумоти соли 2021, онҳо ҳудуди 200 ҳазор нафар буданд.
Овоздиҳӣ тавассути почта сурат гирифта, то 2 сентябр идома хоҳад кард.
Натоиҷи интихобот то 5 сентябр ҷамъбаст гардида, пас номи нахуствазири нав эълон мешавад. Борис Ҷонсон то 6 сентябр масъулиятро давом дода, баъд аз он ваколатҳоро ба сардори нави кабинети вазирон медиҳад.
Борис Ҷонсон ин саюм, шахсест, ки як давраи масъулияти Сарвазириро ба охир нарасонда ба истефо мераванд.
Дар ин мамлакатҳо Қонуни асосиро барои мансаб шуда дубору се бор тағйир намедиҳанд ва ё “через мой труп“ намегуянд.
Дар Тоҷикистон ду сарвари асоси ҷашни бузурги наврӯзиро бо харҷи даҳҳо миллион сомонӣ ташкил намуданд ва сабабгори паҳншави ва фавти ҳазорҳо нафар шуданд…
Кӣ бояд, ҷавоб диҳад?
Аввали давлати демократӣ, дуюми давлати диктотурӣ. Дар яке роҳбар аз рӯи қонун амал ва ҷавоб медиҳад?! Дигаре мегӯяд, ман худам шоҳу табъам вазир.
Идома дорад