“Гумон кардан нодуруст аст, ки штамми нави куруновируси “Омикрон“ барои саломатӣ хатарнок нест ва он бе асаре мегузарад… Ин вирус хатарнок аст, аксар вақт онҳое, ки фикр мекунанд, ки ба ин беморӣ ба осонӣ тоб оварда метавонанд, хато мекунанд… Ин навиштаҷотро ҷиддӣ қабул кунед ва аз ин бемори ҳарчӣ зудтар барои бартараф намудани он ба камбудиҳо роҳ надиҳед!.. Воксина гирифтан роҳи боэътимодтарини муҳофизат боқӣ мемонад. Албатта истеъмоли доимии меваҷот, махсусан лимӯ ва решаи эмбир, истифода аз маҳсулоти гигиенӣ, ниқоб кашидан, дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, нигоҳ доштани тозагӣ, аз ҷойҳои таҷаммӯъи мардум дур будан ва ғайраҳо аз фоида холи нест…”
(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (5))
Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (64)

11) Акнун инҷо тадқиқотҳои чанд мутахассисонро меорам:
а) бо роҳбарии Маркус Баггерт як гурӯҳи олимони Донишкадаи Каролински Шветсия ба хулоса омаданд, ки воксинашудагон ба бемории шадиди варианти “Омикрон“ кам гирифтор мешаванд. Гуфта мешавад, ки мутахассисон бо одамони бо воксина эм кардашуда ва дигарҳо таҳқиқот гузаронданд. Дар таҳқиқот 128 нафар аз санҷиш гузаронида шуда, онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо карданд:
— воксинашудаҳо (эмгузаронӣ шуда);
— аз COVID-19 шифоёфтагон;
— онҳое, ки воксина нагирифтаанд ё сироят нашудаанд.
Аз гурӯҳи воксинашудаҳо пас аз шаш моҳи воксинаи дуюм тест гирифта шуд. Гурӯҳи сироятёфтагон пас аз нӯҳ моҳи тасдиқшуда, аммо пеш аз хабари “Омикрон“ гирифта шуд. Камтарин нишондод дар гурӯҳи воксинашуда мушоҳида мешавад.
Тавре, ки дар Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ қайд шудааст, “Омикрон“ аз дигар вариантҳои курунои пеш зудтар паҳн шуда истодааст, ба онҳое, ки воксинашуда ва аз COVID-19 шифоёфтагон ҳам сироят шуда истодаанд. Вале бо вуҷуди он, ба гуфтаи вазири Вазорати тандурустии Русия, Михаил Мурашко, ҳиссаи беморони воксинашудаҳо ба гирифтории COVID-19 аз 4 дар сад зиёд нест ва беморони вазнин ҳамагӣ 0,03 %-ро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои вазнин дар воксинашудаҳо кам буда ва аксарияти беморони вазнини дар беморхонаҳо хобонида шуда эм карда нашудаанд;
б) дар хабари нашршуда дар рӯзномаи бритониёии Daili Ekspress, аломатҳои ғайри оддии “Омикрон“ як штамми вируси бар асоси аломатҳои сироятӣ бо нишонаҳои сулфа, табларза, ҳарорати баланд, ҳиснакардани мазза ва бӯйро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди он, ду намуди ғайриоддӣ вуҷуд дорад, ки баъзан пас аз сироят боқӣ мемонад — дарди миён ва чархзадани сар. Табиб Энн Мери мегӯяд, ки дарди миён ва мушакҳо дар беморони “Омикрон“ нисбат ба беморони “Делта“ бештар маълум ва ғамангезтар аст.
Агар ба вазъияти моҳи январи соли ҷорӣ ба Бритониёи Кабир назар кунем, мушкилот дар он аст, ки шумораи зиёди кормандон — духтурон ва ҳамшираҳои шафқат гирифтори бемории куруно шуданд. Дар Бритониёи Кабир вазъ то дараҷае расидааст, ки масъулин маҷбур шуданд, барои кӯмак ба табибони низомӣ муроҷиат кунанд.
Талабот дар айни авҷи вируси “Омикрон“, муносибати эҳтиёткоронаи аҳолӣ ба ин вирус зиёд шуд, — яъне пӯшидани ҳатмии ниқобҳо, истифодаи самараноки маҳсулоти гигиенӣ, кӯшиши пешгирӣ кардан аз ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӢ, нигоҳ доштани масофа ва ғайра мебошад.
Сухан, ки оид ба Бритониё рафт, бори дигар зарур донистам, ки ҳодисаи дар бораи Борис Ҷонсон рӯйдодаро интишор намоям.
Дар моҳи январи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуд, ки Сарвазири Бритониёи Кабир Барис Ҷонсон, дар арафаи карантини мавҷи аввал (2020) дар нишасти истироҳатӣ, дар истироҳатгоҳи дӯсташ, барои нӯшидани коктейл даъват шуда бениқоб иштирок доштааст. Мухолифони ҳамҳизбиён аз иштироки ӯ огоҳ гашта, ӯро зери муҳокима қарор доданд. Ӯ маҷбур шуд, ки ба истефо равад. Ин нишонаи он аст, ки дар ин кишварҳо қонун барои ҳама баробар аст. (Инҷо ҷашни наврӯзии соли 2020 ва ҷашни истиқлолияти давлатии соли 2021-ро дар Тоҷикистон, ба хотир биёред ва муқоиса намоед);
в) якчанд сухан аз ҳаёте, ки оиди ин беморӣ дар наздикон ва давлате, ки ман зиндагонӣ мекунам мушоҳидаҳои худро ба миллати азизам нақл менамоям.
Дар боло фикру андешаҳои олимонро оварда бошем ҳам, гумон кардан нодуруст аст, ки штамми нави куруновируси “Омикрон“ барои саломатӣ хатарнок нест ва он бе асаре мегузарад.
Ман инкор намекунам, ки воксинашудагон ба ин беморӣ осонтар тоб меоранд. Аммо ин вирус хатарнок аст, аксар вақт онҳое, ки фикр мекунанд, ки ба ин беморӣ ба осонӣ тоб оварда метавонанд, хато мекунанд.
Бисёр ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки варзишгарони ҳирфаӣ сарфи назар аз эмгузаронӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, пас аз ин вирус маъюб шуданд. Ин навиштаҷотро ҷиддӣ қабул кунед ва аз ин бемори ҳарчӣ зудтар барои бартараф намудани он ба камбудиҳо роҳ надиҳед!
Шукри Худо, мо медонем, ки ба он чӣ гуна мубориза барем, аммо дар бораи оқибатҳои ин беморӣ то ҳол маълумоти кофӣ надорем.
Аз ин лиҳоз, воксина гирифтан роҳи боэътимодтарини муҳофизат боқӣ мемонад. Албатта истеъмоли доимии меваҷот, махсусан лимӯ ва решаи эмбир, истифода аз маҳсулоти гигиенӣ, ниқоб кашидан, дар ҳавои тоза сайру гашт кардан, нигоҳ доштани тозагӣ, аз ҷойҳои таҷаммӯъи мардум дур будан ва ғайраҳо аз фоида холи нест.
Ин бемории вируси “Омикрон“ беш аз 100 кишвар ва аз ҷумла Тоҷикистонро ҳам фаро гирифта буд, огоҳ бошед, ҳоло бо пуррагӣ пароканда нашудааст.
Худ хулоса бароред, чӣ қадар гирифторшавӣ ва марг аз ин беморӣ зиёд аст. То 24.08.2022 дар ҷаҳон 598 млн нафар ба ин бемории аср гирифтор шуданд ва 6,46 млн нафар фавтиданд;
г) вирусҳои зикршуда поён наёфта, боз бемориҳои вируси нав пайдо шуд. Олимон аз кишварҳои Чин ва Сингапур вируси гениро муайян карданд, ки ба одамон ва ҳам ба ҳайвонот сирояткунанда аст.
Иттилооти хабарии ТАСС бо истинод ба портали иттилоотии чинии “Пенпай“ хабар медиҳад, ки навъи вируси нав бо номи “Ланье“ аз олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба одамон мегузаштааст. Ба гуфтаи олимони чинӣ, дар музофотҳои Шандун ва Хенани Чин, дар маҷмӯъ 35 нафари мубталоён ошкор шуданд. Дар ин беморӣ аломатҳои маъмултарин, ин табларза, заифӣ, сулфа, дарди мушакҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди сар мебошад. Дар табиат вируси “Ланье“ дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳо, (дар шумораи 262 сар ҳайвонот) дар ҳайвонотҳои намуди ширхӯрон ва отряди ҳашаротҳо 27 % мушоҳида карда шуд, ки ин хеле шумораи зиёд аст. Инчунин, дар баъзе ҳайвонҳои хонагиҳам, ба монанди сагу буз, аз он вирус ошкор карда шуд;
д) вируси дигаре, ки боз дар рӯзҳои охир ба вуҷуд омадааст, ин вируси гули маймун (оспы обезьян) аст. Аввалин ҳодисаи гирифторшавӣ бо ин вирус дар ҷазираи Куба, дар осоишгоҳе, ки миёни сокинони Русия маъруф аст, ошкор шудааст. Аввалин сироятёфта дар ин осоишгоҳ, сайёҳ аз Италия аст. Вай ба осоишгоҳ 15 августи соли 2022 омада, аломатҳои сироят пас аз 2 рӯз маълум шуд. Сипас он рӯзи якшанбе, 21 август тавассути санҷишҳои лабораторӣ тасдиқи худро ёфт. Моҳи июли соли 2022 Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, бемории вируси гули маймунро як ҳолати фавқулодда, мавриди таваҷҷӯҳи байналмилалӣ дошта эълон карда буд. Ҳамчунин ин беморӣ дар Русия низ ошкор шуд. Рӯзи 12 июл Вазорати тандурустии Федератсияи Русия тавсияҳо оид ба табобати ин вирусро ба минтақаҳо фиристод, ки ҳар як беморро аз диагностика гузаронда, дар нуқтаҳои профилактӣ ҷойгир намуда зери назорати мутахассисон қарор дода шавад. Бемории гули маймун (оспы обезьян) бемории вирусӣ буда, асосан аз ҳайвоноти ваҳшӣ (хояндаҳо) ба одамон мегузарад. Аломатҳои ин беморӣ табларза, хунукхурӣ, хастагӣ, дарди сар, дарди тахтапушт, мушакҳо, дар рӯй ва дигар қисмҳои бадан пайдошавии доғҳои пӯст мебошад. Марг дар ин беморӣ аз 1 то 10 % мушоҳида мешавад.
Идома дорад