Дидгоҳ

Дар ҷанги бародаркуш, аз дасти “Фронти халқӣ” ҳазорҳо нафар меҳанпарварон кушта шуданд

“Дар ҷанги бародаркуш, аз дасти “Фронти халқӣ” ҳазорҳо нафар аъзоёни ҳукумати муросои миллӣ, озодихоҳон, озодандешон, меҳанпарварон кушта шуданд, қисме ба Афғонистону қисме ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ фирор карданд…”

(Чанд пешниҳоде ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон (6))

Силсилаёддоштҳои Дадоҷон Ёқубов таҳти унвони “Муаммои рӯз” (65)

12) Эмгузаронӣ. Дар навбати аввал ба Тоҷикистон 192 000 воя ваксини “Аstrа Zenecа“ ва 300 000 воя ваксини “КоronoVак“-и чинӣ ворид шудааст. То санаи 7-уми июли соли 2021, 339 749 нафар шаҳрвандон эмгузаронӣ карда шуд. Вале маълум нест, ки аз ин эмкардашудагон чанд нафар ваксинаи дуюмашро гирифтанд?

Раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то 27 апрели соли 2022, бар асоси нақшаи пешбинишудаи бар зидди куруновируси COVID-19, 5 210 943 нафар (93,1 фоиз) эмгузаронӣ шуданд. Аз ҷумла, 5 053 778 нафар (90,3%  вояи дуюм эмгузаронӣ намуданд. Ва то имрӯз беш аз 1 млн нафар вояи сеюмро эмгузаронӣ намуданд.

Ба воситаи барномаи байналмиллалии COVAX то 27 апрели соли 2022 ба Тоҷикистон 5 млн воя аз фирмаҳои Astra Zeneka, CoronaVak, Moderna, Pfaizer ва Спутник V ҳамчун ёрдами башардӯстона ваксинаҳо бепул ворид карда шуд.

Шумораи вояҳои воридшуда 5 млн дона буда, танҳо шумораи вояи якӯм ва дуюми эмгузаронишудагонро ҷамъ кунем, 10 264 721 нафар мешаванд. Ин Вазорат дар ҳамин ҳолат ҳам, ба изофанависӣ роҳ додааст. Изофанависӣ ва ё дурӯғ навиштан ба манфиати кӣ?

Ҳамчунин дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 29 августи соли равон, эмкунии вояи чорум оғоз шуд. Аввалин шуда вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар шахсони аз 60 сола боло ва кормандони тандурустӣ вояи чоруми ваксинаро қабул намуда истодаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло барои эм кардани сокинон ваксинаро аз мамлакатҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Чин дарёфт карда истодааст.

Дар Литва барои эмгузаронӣ хеле омодагии ҷиддӣ гирифтанд. Аз рӯи барнома, аввал кормандони соҳаҳои тандурустӣ, хӯрокворӣ, иҷтимоӣ, маориф, пиронсолон бо навбат ба қайд гирифта шуданд ва эмгузаронӣ карда шуд. Ҳоло бе навбат ҳар хоҳишманд метавонад аз рӯи хоҳишаш хоҳ “Аstra Zeneca“, хоҳ “Pfaizer“ ё “Jonson“-ро қабул мекунад. Шахсан банда рӯзи 3.01.2022, маротибаи сеюми ваксинаи пфайзерро эмгузаронӣ намудам.

Яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати эмгузаронӣ дар саффи пеш, ин Конодо аст, қариб, ки 100 % аҳолӣ ҷалб шуда, ҳатто ронандаҳои автомашинаҳои боркашонӣ (фураҳо) 90 % эмгузаронӣ карда шудааст. Давлати Конодо ба шахсони эмгузаронӣ нагирифта, нақша дорад, ки андоз ҷорӣ кунад.

Давлати Литва барои пиронсолони аз 75 сола боло, ки ду маротиба ваксина гирифтаанд, бо миқдори 100 еврои пул ҳадя намуд.

* * *

13) Чанд нуқта ба рӯзи истиқлолият ва истиқболи он:

а) Тоҷикистон дар авҷи мавҷи дуюми куруновирус бо ҳазорҳо нафар донишҷӯёну устодони санъат маршировкаю рақсу бо сурудхонӣ истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд.

Аҷибаш дар он аст, ки сухангӯи Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт, 8 нуқтаро қайд намуда, бе ягон шарму ҳаё мегӯяд, ки бо иштирокчиёни маршировка дар вақти имтиҳону санҷиш кӯмак мерасонем. Вале ӯ бехабар аст, ки вазифаи асосии Вазорати маориф омӯзонидани таълиму тарбия, на кӯмак ба имтиҳону санҷиш, ки сабабгори асосии бесаводӣ аст?!

Оиди ҳарорати ҳаво, зиндагии сангин ва вақти сарфшудаи донишҷӯён, харҷи молӣ сухан намегӯям…Чунки дигарҳо гуфтанд ва гуфта истодаанд.

Инҷо зарур донистам лаҳзаеро аз таърихи начандон дур биёрам: бар зидди истиқлолхоҳони нухбагони миллат, бо роҳбарии дастандаркорони хориҷӣ майдони Озодиро ташкил намуданд… Бо зӯри яроқ, танку ҳавопаймоҳои хориҷӣ аз кишвари ҳамсоя ба пойтахти ҷумҳурӣ ҳуҷум карданд.

Ҳатто ноҳияҳои Ваҳдат ва ноҳияҳои водии Қаротегинро бомбаборон карданд. Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ноҳияи Ваҳдат, ба қишлоқи Яккатол, вертолёти ҷангии ҷумҳурии Ӯзбекистон афтида буд.

Дар ин ҷанги бародаркуш, аз дасти “Фронти халқӣ” ҳазорҳо нафар аъзоёни ҳукумати муросои миллӣ, озодихоҳон, озодандешон, меҳанпарварон кушта шуданд, қисме ба Афғонистону қисме ба ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ фирор карданд. Ана ин буд, сабабгори пастшавии соҳаи тандурустӣ ва оғози ҳифзи иҷтимоии миллат.

Ана дар ҳамин давраи хунин, ду олими бузурги тиб, яке Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ, ки олими соҳаи тиб, профессор ва аз соли 1973 ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буданд. Исҳоқӣ дар тӯли умри бобаракоти худ барои таълиму тарбияи донишҷӯён ва шогирдон корҳои зиёде кардаанд. Таҳти роҳбарии ин бандаи Худо 13 нафар илмҷӯён аспирантҳо рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро дифоъ карданд.

Дигаре Минҳоҷ Ғуломов, ки ӯ муддати 26 сол дар вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ адои вазифа кардааст. Минҳоҷ Ғуломов муаллифи зиёда аз 370 таълифоти илмӣ, 18 монография, 13 кашфиёти илмӣ, 8 китоби дарсӣ 48 дастури таълимӣ мебошанд.

Ин ҳар ду дар як рӯз — рӯзи 6-уми майи соли 2006 аз ҷониби қотилони номаълум золимона ба қатл расонида шуданд.

Инҷо боз як нафари дигарро наоварда наметавонам. Ин шахс Муҳаммад Осимӣ, олими илмҳои фалсафа, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар вазифаҳои гуногуни илмию таълимӣ кору фаъолият кардаанд.

Аввал ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, вазири маъорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, котиби КМ ҲК Тоҷикистон, ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва аз соли 1965 вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон аз соли 1991 то 1996 вазифаи раиси ҷамъияти Пайвандро иҷро намудаанд.

Муҳаммад Осимӣ дар Тоҷикистон, барқарор намудан ва тарафдори сулҳу оромӣ буданд. Ҳатто яке аз аввалин нооромиҳое, ки дар шаҳри Хуҷанд ба вуҷуд омада буд, барои ба ҳамоишгарони назди ҳукумати вилоятӣ, то ки аз тарафи золимон, бехирадон тир холӣ карда нашавад, зорию тавалло ва гиря карда буданд. Вале 27-уми августи соли 1996 дар роҳ ба сӯи кор дар рӯзи равшан, аз тарафи душманони сулҳу ваҳдати миллӣ ва миллати тоҷик парронда шуд.

Ба куштори ин се раҳнамо, се хуршед, се олими нотакрор, инсонҳои хушбин, меҳрубон, ахлоқи ҳамидадоштаи инсонӣ ва сарсупурдагони миллат аз тарафи душманони миллат на танҳо кушта шуданд, балки ба Тоҷикистони соҳибистиқлол зарбаи сахт ва барои ташаккули миллати ягонаи тоҷик ва рушду нумӯи Тоҷикистон расид, ки ин ҷуброннопазир буд.

Миллати тоҷик чунин олимон ва шахсиятҳоро дар тӯли садсолаҳо мебинад ё не! Дар гумон аст!

б) давлати Литва, яке аз асоситарин ва аввалин собиқ ҷумҳурии Шӯравӣ буд, ки дар зери шиори озодӣ, демократикунонии ҷомеа бо тамоми комили томаш, бо роҳбарии Альгирдас Миколас Бразаускас ва Витаутас Витаутасович Ландсбергис (ҳоло дар ҳаёт аст ) аввалин шуда истиқлолиятро ба даст оварданд.

Ҷашни истиқлолиятро бо сабаби куруновирус, дар тӯли пандемия баргузор накарданд. Ҷашн гирифтани истиқлолият ҳаққи ҳалоли ҳамин миллат ва ҳамин давлат аст.

* * *

14) Ҳукумати ҷумҳурӣ мебоист дар давраи истиқлолият, ба ҷои ба қатл расонидани олимони барҷастаи тиб, ба табибон эътибори ҷиддӣ медод. Яъне моҳонаи арзанда, таъмини мутахассисон бо манзил ва дигар имтиёзҳо ба монанди барқ (бо компенсатсия) барои зимистонгузаронӣ таъмини сӯзишворӣ, дар ҳудуди аз 1 тонна то 2 тонна тақсимоти ангишт, шароити зистро ба назар гирифта таъмин карда мешуд.

Вақте, ки ба табибони мутахассис эътибори ҷиддӣ дода нашуд, мутахассисон аз ду роҳ якеашро қабул карданд:

а) қисме аз табибон ба рибо даст заданд, ки хеле амали зишт аст;

б) қисми дигаре, ки зарари риборо медонистанд, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд…

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s